Дар асри XXI рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба тағйироти амиқи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ мусоидат намуд. Сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ, аз қабили Facebook, Instagram, Telegram ва TikTok ба муҳити асосии муошират, мубодилаи иттилоот ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд. Дар ин замина, масъалаи ташаккули фарҳанги самараноки истифодабарии онҳо ҳамчун як зарурати иҷтимоӣ ва илмӣ ба миён меояд.

Аз нуқтаи назари илмӣ, фарҳанги истифодабарии сомонаҳои иҷтимоӣ маҷмуи меъёрҳо, донишҳо ва малакаҳоест, ки рафтори масъулона, мақсаднок ва бехатари шахсро дар фазои рақамӣ таъмин менамояд. Ин мафҳум ба сатҳи маърифати иттилоотӣ, қобилияти таҳлил ва арзёбии манбаъҳо, инчунин риояи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ иртиботи зич дорад.

Яке аз унсурҳои калидии ин фарҳанг идоракунии самаранокии вақт мебошад. Таҳқиқотҳои равоншиносӣ нишон медиҳанд, ки истифодаи аз ҳад зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ба коҳиши қобилияти диққат, пастшавии ҳосилнокии зеҳнӣ ва пайдоиши вобастагии рақамӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, танзими вақти истифода, муайян намудани ҳадафҳои мушаххас ва риояи низоми рақамӣ барои нигоҳ доштани самаранокии фаъолияти шахсӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Ҷанбаи дигари муҳими фарҳанги рақамӣ саводнокии иттилоотӣ мебошад. Дар шароити фаровонии иттилоот, истифодабаранда бояд қобилияти фарқ намудани маълумоти саҳеҳ аз бардурӯғро дошта бошад. Паҳншавии хабарҳои қалбакӣ ва таблиғоти манфӣ метавонад ба ноустувории иҷтимоӣ ва таҳриф шудани афкори умум оварда расонад. Аз ин рӯ, истифодаи тафаккури интиқодӣ ва санҷиши манбаъҳо шарти муҳими фаъолияти иттилоотии солим мебошад.

Ҳамзамон, масъалаи амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ низ аҳамияти махсус дорад. Дар муҳити онлайн хатари дуздии маълумот, ҳамлаҳои киберӣ ва қаллобӣ вуҷуд дорад. Барои коҳиш додани ин хатарҳо, истифодаи рамзҳои мустаҳкам ва худдорӣ аз паҳн кардани маълумоти ҳассос зарур мебошад. Ин тадбирҳо сатҳи ҳифзи рақамии шахсро баланд мебардоранд.

Ҷанбаи ахлоқии истифодаи сомонаҳои иҷтимоӣ низ бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Риояи одоби муошират, эҳтироми ҳуқуқ ва арзишҳои дигарон, худдорӣ аз нутқи таҳқиромез ва паҳн кардани маводи номатлуб нишондиҳандаи сатҳи баланди фарҳанги шахс мебошад. Муҳити рақамӣ, сарфи назар аз хусусияти виртуалӣ буданаш, бояд бар пояи меъёрҳои ахлоқии ҷомеа ташкил ёбад.

Илова бар ин, истифодаи самараноки сомонаҳои иҷтимоӣ метавонад ба рушди шахсӣ ва касбӣ мусоидат намояд. Онҳо ҳамчун платформаи омӯзиш, мубодилаи таҷриба ва ташкили шабакаҳои касбӣ хизмат мекунанд. Истифодаи мақсадноки ин имкониятҳо ба баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили малакаҳо ва рақобатпазирии шахс дар бозори меҳнат мусоидат мекунад.

Хулоса, фарҳанги самараноки истифодабарии сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ падидаи бисёрҷанба буда, омезиши донишҳои техникӣ, малакаҳои таҳлилӣ ва меъёрҳои ахлоқиро дар бар мегирад. Танҳо тавассути ташаккули чунин фарҳанг метавон истифодаи оқилона ва бехатари фазои рақамиро таъмин намуда, аз имкониятҳои васеи он ба манфиати рушди ҷомеа ва шахсият баҳра бурд.

Хайрулло БОБОЗОДА,

донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-25010500 – омори ДДМИТ