ПЕШГИРИИ СОДИРШАВИИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ - КАФИЛИ РУШДУ СУБОТ
Яке аз мушкилоти имрӯзае, ки ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, амалҳои коррупсионӣ мебошад. Вобаста ба ин ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар кишвари мо Ҳукумати мамлакат сол то сол чораҳои гуногунро андешида истодааст.
Сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни ислоҳоти маҷмуии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, прокуратура ва судҳо бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти сиёсии кишвар дар қатори дигар масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба масъалаи мубориза бо коррупсия диққати махсус дода истодаанд.
Барои мустаҳкам намудани сиёсати зиддикорупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шудааст, яъне дар ин самт қонунҳо ва санадҳои зерқонунии гуногун қабул гардида дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон яқ қатор санадҳои байналмилалиро низ ратификатсия намудааст. Бо ин мақсад, дар ҷумҳурӣ баҳри таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд, чораҳои махсус меандешад. Содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ бештар аз надонистан ва ё умуман, аз истифодаи нодурусти талаботҳои пешбининамудаи қонун сар мезанад. Яке аз кирдорҳои ба ҷамъият хавфноке, ки ба муносибатҳои идоракунӣ таҷовуз меорад, кирдорҳои коррупсионӣ ба шумор меравад. Коррупсия яке аз кирдорҳои ба ҷамъият хавфноки ҷиноятӣ ба шумор рафта, ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа, монеаи ҷиддие дар роҳи инкишоф ва рушди минбаъдаи давлат, ҳамчунин боиси боло рафтани сатҳи камбизоатӣ ва заифгардии сатҳи маънавиёти тамоми аъзои ҷомеа мегардад. Коррупсия, терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ, маводи нашъадор, савдои одамон - аз унсурҳои асосии ҷиноятҳои муташаккилона ба шумор рафта, барои давлат ва ҷамъият хавфи калон доранд.
Вобаста ба ин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: «Кирдорҳои коррупсиониро мо маҳкум менамоем ва мубориза бо ин падидаи номатлубро яке аз самтҳои афзалиятнокӣ фаъолияти давлат мешуморем».
Коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, баробарҳуқуқиро оҳиста-оҳиста аз байн бурда, боварии мардумро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ кам мегардонад, ки ин ҳам бошад, ба нофаҳмоиҳои зиёде дар миёни ҷомеа пойдор мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки хатарнокии коррупсия дар он аст, ки оқибати содиршавии он фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ вайрон шуда, обрӯ ва эътибори онҳоро паст мегардонад. Агар мо сари вақт чораҳои таъхирнопазир наандешем, ин кирдори номатлуб реша давонида, барои ҷамъияте, ки мақсади давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявиро барпо карданро дорад, зарари калон мерасонад. Аз ин ҷо моро зарур аст, ки корҳои ташвиқотиву тарғиботиро ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани амалҳои коррупсионӣ пурзӯр намуда, баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб дар якҷоягӣ мубориза барем.
Абдулло ШОМУРОДОВ,
муовини декан оид ба тарбияи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng