Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ на танҳо санади сиёсӣ, балки барномаи амал барои тамоми қишрҳои ҷомеа мебошанд. Дар ин ҳуҷҷатҳои муҳими сиёсӣ масъалаи зан-модар ҳамеша ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ матраҳ мегардад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа шарти муҳими рушди устувори давлат мебошад, зеро зан-модар ҳамчун таҳкурсии суботи иҷтимоӣ эътироф гардида, қабл аз ҳама аз решаҳои маънавӣ маншаъ мегирад, ки он решаҳоро модар нумуъ мебахшад.

Тавре мушоҳида мегардад, дар аксар паёмҳо зан-модар пеш аз ҳама ҳамчун тарбиятгари насли наврас ва поягузори фарҳанги миллӣ муаррифӣ мегардад. Дар ин росто Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки сифат ва самти тарбияи фарзандон бевосита ба сатҳи маърифати модарон вобаста аст. Аз ин рӯ, масъалаи баланд бардоштани савияи донишу ҷаҳонбинии занон ба ҳайси вазифаи муҳими давлатӣ гузошта мешавад. Ин мавқеъ занро аз доираи нақши анъанавии хонаводагӣ берун оварда, ба сатҳи масъулияти миллӣ мебарад.

Дигар аз тадбирҳои мушаххасе, ки дар паёмҳо таъкид мешаванд, таъсис ва тақсиму раддабандии одилонаи квотаи президентӣ барои духтарон аз минтақаҳои дурдаст ҷиҳати фрогирии бештар ба азхуд кардани илму дониш ва касбу ҳунар мебошад. Ин иқдом имконият фароҳам овард, ки ҳазорҳо духтар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил гардида, соҳиби ихтисос шаванд ва дар сиёсати давлатдорӣ саҳмгузор бошанд. Ин тадбир на танҳо масъалаи баробарии дастрасӣ ба таҳсилро ҳал намуд, балки ба ташаккули табақаи нави занони соҳибкасб замина гузошт. Ҳамзамон, бо шарофати ин сиёсати мақсаднок, шумораи занони дорои маълумоти олӣ афзоиш ёфта, иштироки онҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисод ва хизмати давлатӣ густариш пайдо кардааст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар солҳои охир саҳми занон дар хизмати давлатӣ ва мақомоти намояндагӣ ба таври назаррас зиёд гардидааст. Ин тамоюл ҳокӣ аз он аст, ки зан-модар дигар танҳо дар доираи оила маҳдуд нест ва низ объекти ҳимояи иҷтимоӣ набуда, балки ҳамчун субъекти фаъоли қабули қарорҳои сиёсӣ ва давлатсозӣ баромад мекунад. Дар ҳамин росто ба таври рӯшан дида мешавад, ки дар паёмҳои солҳои охир масъалаи ҷалби бештари занону модарон ба идоракунии давлатӣ ва қабули қарорҳои сиёсӣ ҷойгоҳи махсус пайдо кардан дорад. Маҳз пайгирӣ аз ҳамин сиёсат аст, ки имрӯз шумораи занон дар мақомоти давлатӣ, сохторҳои қонунгузор ва мақомоти иҷроия тадриҷан афзоиш меёбад. Ба ин минвол, баланд гардидани саҳми занон дар идоракунӣ ба таҳкими принсипҳои адолат, шаффофият ва идоракунии фарогир мусоидат мекунад. Чунин тағйирот ба таҳкими фарҳанги демократӣ ва идоракунии фарогир мусоидат менамояд.

Рушди соҳибкории занон яке аз роҳҳои муҳими беҳбуди сатҳи зиндагии оилаҳо мебошад, ки ба ҷузъи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат табдил ёфтааст. Дар доираи ҳамин сиёсат Пешвои миллат зимни ироаи Паёмҳои худ пайваста аз таъсис ва ташкили грантҳои президентӣ ва фароҳам овардани қарзҳои имтиёзнок барои бонувон мужда расонида,  онро намунаи сиёсати ҳадафманд дар ин самт мешуморанд.

Ин тадбирҳо на танҳо ба мустақилияти иқтисодии занону модарон замина мегузоранд, балки бевосита ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, таҳкими суботи иҷтимоӣ ва коҳиши муҳоҷирати маҷбурӣ мусоидат мекунанд. Зеро амри табиист,  зан-модар, ки соҳиби манбаи даромади мустақил мегардад, метавонад дар тарбияи фарзанд ва таъмини устувории оила нақши боз ҳам муассиртар иҷро намояд.

 

Дар баробари масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, Президенти мамлакат дар паёмҳои солонаи худ ба нақши занон дар ҳифзи забон, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ аҳамияти хос медиҳанд. Зеро дар сиёсати давлатдории миллии мо зан-модар ҳамчун нигаҳбони арзишҳои миллӣ ва тарбиятгари дорои эҳсоси ватандӯстӣ дар зеҳни насли наврас арзёбӣ мегардад. Ин мавқеъ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати давлатӣ нисбат ба занону модарон танҳо дар сатҳи иқтисодӣ маҳдуд намешавад, балки дорои мазмуни амиқи фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад. Чунки бегуфтугӯ ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ бидуни иштироки фаъолонаи занон имконнопазир аст. Аз ҷониби дигар, агар ба масъала амиқан фурӯ равем, дида мешавад, ки агар паёмҳои солҳои аввали истиқлолият бештар ба ҳифзи иҷтимоии занон тамаркуз дошта бошанд, дар солҳои баъдӣ зан-модар ҳамчун нерӯи пешбарандаи рушд муаррифӣ мегардад. Аз нигоҳи коршиносон ва ҷомеашиносон ин тағйири заминавӣ хеле муҳим аст, чунки зан дигар танҳо гурӯҳи осебпазир набуда, балки шарики баробар дар давлатсозӣ эътироф карда мешавад.

Дар маҷмуъ, таҳлили паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он далолат мекунанд, ки мавқеи зан-модар ҳамчун маҳаки суботи иҷтимоӣ ва тарбиятгари насли солим эътироф гардида, аз механизмҳои мушаххаси дастгириҳои давлатӣ, аз қабили квотаҳо, грантҳо ва барномаву лоиҳаҳо бархурдор мебошанд. Дар ҳамин раванд мавқеи бонувон дар давлатсозӣ ба сатҳи шарики баробар бо мардон боло бардошта шуда, он ҳамзамон бо ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ пайванди мустақим дорад.

Мусалламан ҳеҷ ҷойи шакк ва радду бадал нест, ки ба шарофати пайғомҳои дар Паёмҳои Президенти мамлакат ироагардида, ки дастури раҳнамо ва барномаи стратегӣ шуморида мешаванд, сиёсати давлатӣ нисбат ба зан-модар аз доираи шиор берун рафта, ба низоми муназзами тадбирҳои амалӣ табдил ёфтааст. Ин раванд собит месозад, ки таҳкими мақоми зан-модар яке аз заминаҳои муҳими суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори давлатдории миллӣ мебошад. Ин аст, ки дар паёмҳои Пешвои миллат зан-модар на танҳо арзиши иҷтимоӣ, балки нерӯи муҳими рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа шуморида мешавад.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ