Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани тағйирёбии иқлим, гузариш ба иқтисодиёти сабз ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлатҳо табдил ёфтааст. Иқтисодиёти сабз ҳамчун низоми хоҷагидорӣ ба истифодаи самараноки захираҳо, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ равона гардидааст.

Тибқи таърифи хулосакардаи коршиносони соҳа, иқтисодиёти сабз – ин модели рушдест, ки ба истифодаи самараноки захираҳо, коҳиши партовҳои карбон, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ равона шудааст. Зимнан, мафҳуми иқтисодиёти сабз бо консепсияи рушди устувор алоқаманд буда, ҳадафи он мутобиқсозии рушди иқтисодӣ бо ҳифзи муҳити зист мебошад.

Дар шароите ки тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва маҳдудияти захираҳо ба яке аз чолишҳои асосии асри XXI табдил ёфтааст, масъалаи гузариш ба иқтисоди сабз барои Тоҷикистон на як шиори зебо, балки зарурати таърихӣ мебошад. Кишваре, ки 93 фоизи қаламравашро кӯҳсор ташкил медиҳад ва сарчашмаҳои бузурги обӣ дорад, наметавонад рушди худро аз меъёрҳои ҳифзи муҳити зист ҷудо тасаввур намояд. Ғайр аз ин, солҳои охир мавқеи кишвар дар масъалаҳои обу иқлим дар сатҳи байналмилалӣ фаъол гардида, ташаббусҳои глобалӣ эътироф шудаанд. Ин нуфуз метавонад ба абзори муассири ҷалби сармояи “сабз” ва татбиқи технологияҳои муосир табдил ёбад.

Дар баробари ин, барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои ғании табиӣ ва махсусан об мебошад, заминаҳои воқеӣ барои гузариш ба иқтисодиёти сабз мавҷуд мебошанд.  Ҳамзамон, набояд аз мадди назар дур кард, ки иқтисоди сабз дар соҳаи энергетика на танҳо коҳиши партовҳоро, балки таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохтори муосир ва афзоиши содироти неруи барқро дар назар дорад.

Аз ин лиҳоз, масъалаи рушди иқтисодиёти сабз барои кишвари мо аҳамияти стратегӣ дорад. Бо назардошти он ки Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсоли неруи барқи обӣ дар минтақа ҷойгоҳи намоён дорад, бешакк ин бартарии табиӣ имконият медиҳад, ки кишвар ба иқтисоди камкарбон такя намояд. Бо вуҷуди ин, диверсификатсияи манбаъҳои энергия, аз ҷумла рушди неруи офтобӣ ва бодӣ  метавонад суботи энергетикиро боз ҳам таҳким бахшад, махсусан дар манотиқи дурдаст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи самараноки захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ, мавқеи геоиқтисодӣ ва тақвияти сиёсати давлатӣ метавонанд ба рушди устувори иқтисодӣ мусоидат намуда, дар ин замина, модели рушди устуворро татбиқ созанд.

Дар шароити обшавии пиряхҳо ва камшавии захираҳои об, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи обёрӣ, истифодаи тухмии ба иқлим мутобиқ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти органикӣ аҳамияти хос касб мекунад. Ин аст, ки ба таъбири олимони соҳаи кишоварзӣ, иқтисоди сабз дар бахши аграрӣ метавонад ҳамзамон ба ҳифзи муҳити зист ва афзоиши даромади деҳқон мусоидат намояд.

Дар баробари ин, тибқи таҳлилҳои созмонҳои байналмилалӣ низ гузариш ба иқтисодиёти сабз метавонад самаранокии энергетикиро баланд бардошта, рақобатпазирии иқтисодиро афзоиш бахшад ва ба ин васила сатҳи камбизоатиро коҳиш диҳад.

Ҳарчанд Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз лиҳози захираҳои об бой ба ҳисоб меравад, аммо обшавии пиряхҳо таҳдиди ҷиддӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакори об, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар идоракунии об ва татбиқи барномаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.

Мусаллам аст, ки стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ ба рушди устувор ва иқтисодиёти сабз равона гардидаанд. Дар ин самт Ҳукумати Тоҷикистон, ки ташаббус нишон дода, стратегияҳои миллии рушдро бо дарназардошти ҳадафҳои рушди устувор қабул кардааст, биноан, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби грант ва сармоя ба лоиҳаҳои экологӣ аҳамияти калон дорад. Ба ҳар ҳол, дар умум метавон итминон ҳосил намуд ва умед бар он баст, ки дурнамои иқтисодиёти сабз дар Тоҷикистон пайомадҳои мусбат хоҳад дошт. Зеро бо такя ба захираҳои обӣ, иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ ва сиёсати давлатӣ кишвар метавонад ба маркази “энергияи сабз”-и минтақа табдил ёбад.

Тавре дар боло ишора рафт, яке аз бартариҳои асосии Тоҷикистон рушди гидроэнергетика мебошад. Нерӯгоҳҳои бузурги кишвар, аз ҷумла Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва Нерӯгоҳи барқи обии Норак ва садҳо нерӯгоҳҳои хурду миёнаиқтидор дар таъмини амнияти энергетикӣ ва коҳиши партовҳои карбон саҳми назаррас гузошта истодаанд. Илова бар ин, рушди манбаъҳои барқароршавандаи дигар, аз қабили нерӯи офтобӣ ва бодӣ метавонад дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдастро ба энергия беҳтар гардонад.

Ғайр аз ин, бо назардошти он ки қисми зиёди аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад, аз ин рӯ, гузариш ба кишоварзии органикӣ ва истифодаи технологияҳои каммасраф метавонад ҳосилнокиро баланд бардошта, истифодаи нуриҳои кимиёвиро коҳиш диҳад ва дар баробари ин, содироти маҳсулоти “экологӣ тоза”-ро зиёд намояд.

Дар ин росто, бо назардошти аграрӣ будани мамлакат соҳаи кишоварзӣ дар иқтисодиёти миллӣ мавқеи муҳим дорад. Аз ин рӯ, татбиқи усулҳои агротехнологии каммасраф, истифодаи обёрии қатрагӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти органикӣ метавонанд ба баланд шудани самаранокии истеҳсолот мусоидат намоянд.

Коршиносон пешниҳод мекунанд, ки барои Тоҷикистон дар сурати истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар самти иқтисодиёти сабз метавонад аҳамияти стратегӣ дошта бошад. Ҳамчунин, гузариш ба кишоварзии сабз имконияти афзоиши содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалиро фароҳам меорад.

Таҳлили таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки аксаран онҳо дар заминаи иқтисодиёти сабз ба назарияи рушди устувор, назарияи модернизатсияи экологӣ ва консепсияи иқтисоди даврӣ такя менамоянд. Мувофиқи назарияи модернизатсияи экологӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист метавонанд на ҳамчун равандҳои зиддиятнок, балки ҳамчун равандҳои ҳамдигартақвияткунанда арзёбӣ шаванд. Аз ин нуқтаи назар, сиёсати давлатӣ, инноватсия ва сармоягузорӣ ба технологияҳои тоза омили асосии гузариш ба иқтисодиёти сабз мебошанд. Барои Тоҷикистон, татбиқи ин назария маънои ҳамгироии сиёсати энергетикӣ, саноатӣ ва экологиро дорад.

Вале таҷрибаҳо ба он далолат мекунанд, ки барои Тоҷикистон нусхабардории пурраи ягон модели давлатҳои дар иқтисоди сабз муваффақ самаранок нахоҳад буд. Самараноктарин равиш ин модели гибридӣ мебошад, ки дар умум метавон аз кишварҳои дар самти иқтисоди сабз муваффақе чун Норвегия - идоракунии устувори гидроэнергетика, аз Олмон - диверсификатсияи манбаъҳои энергия, аз Ҷопон - рушди иқтисоди даврӣ ва аз Кореяи Ҷанубӣ стратегияи миллии инноватсионии “сабз” -ро ба ҳам омезиш дода, як модели мукаммал ва устувори сирф ба табиат ва мавқеи географию демографӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон мувофиқро бунёд гузошт. Танҳо мутобиқсозии марҳилавии ин таҷрибаҳо метавонанд заминаи боэътимоди гузариш ба иқтисодиёти сабзро дар Тоҷикистон фароҳам оваранд.

Аз назари ҳолдонҳо пӯшида намонда, ки дурнамои иқтисоди сабз дар Тоҷикистон умедбахш хоҳад буд ва давлат метавонад бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузории байналмилалӣ ва татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ, кишвар метавонад модели рушди устуворро амалӣ намояд. Зеро гузариш ба иқтисоди сабз на танҳо талаби замон, балки шарти муҳими таъмини суботи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад.

Вале масъала инҷост, ки албатта, гузариш ба иқтисоди сабз бе мушкил нахоҳад буд. Дар ин замин, ба гунаи мисол, норасоии сармоя, сатҳи маҳдуди технологияҳои муосир ва зарурати такмили заминаи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи монеаҳои асосӣ буда метавонанд. Аммо маҳз ҳамин бархӯрдҳо метавонанд ба ангезаи ислоҳот ва навоварӣ табдил ёбанд.

Аз сӯйи дигар имрӯз масъала дар он нест, ки оё Тоҷикистон бояд ба иқтисоди сабз гузарад ё не. Савол ин аст, ки бо кадом суръат ва бо чӣ сатҳи омодагӣ ин раванд амалӣ мегардад? Зеро иқтисоди сабз на танҳо роҳи ҳифзи табиат, балки заминаи рушди рақобатпазир, таъмини амнияти энергетикӣ ва боло бурдани сифати зиндагии мардум мебошад.

Бинобар ҳамин, барои расидан ба ин ҳадафҳо ва ин марҳила муҳимтар аз ҳама, боло бурдани маърифати экологӣ ва ташаккули фарҳанги масъулиятнок дар ҷомеа шарти аввалиндараҷа мебошад. Чунки иқтисоди сабз танҳо бо қарорҳои давлатӣ маҳдуд намешавад, балки он аз рафтори ҳар як шаҳрванд ва соҳибкор вобастагии амиқ дорад.

Агар ба гунаи дигар шарҳ диҳем, иқтисоди сабз пеш аз ҳама модели рушдест, ки афзоиши иқтисодиро бо масъулияти экологӣ ва адолати иҷтимоӣ пайваст месозад. Барои Тоҷикистон ин маънои онро дорад, ки истифодаи захираҳои табиӣ бояд на танҳо ба манфиати имрӯз, балки ба хотири фардои устувор равона гардад.

Дар умум, дурнамои иқтисодиёти сабз дар Тоҷикистон рӯ ба рӯшаноӣ арзёбӣ гардида, он гузариш ба интихоби фардои устувор аст, фардое, ки дар он рушд бо масъулият, пешрафт бо ҳифзи табиат ва иқтисод бо адолати иҷтимоӣ ҳамоҳанг мегардад ва қодир аст, ба устувор гардидани рақобатпазирии миллӣ ва боз ҳам боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи боэътимод гузорад.

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ