АЗ АНДЕШАИ СОЗАНДА ТО ФАРДОИ ДУРАХШОН: НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Ватан барои ҳар як инсон муқаддастарин макон, сарчашмаи ифтихор ва рамзи ҳастии миллӣ мебошад. Муҳаббат ба Ватан аз эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ оғоз ёфта, дар фаъолияти созанда, меҳнати содиқона ва масъулиятшиносии шаҳрвандӣ таҷассум меёбад. Дар ин раванд роҳбарии давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти ҷомеа аҳаммияти бузург доранд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, яке аз санаҳои муҳими таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Ин сана на танҳо бо фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, балки бо ташаккули низоми идоракунии президентӣ ва таҳкими асосҳои давлатдории соҳибистиқлоли кишвар алоқамандии зич дорад.
16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуданд. Баъдан, соли 2016 бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 16 ноябр расман ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.
Агар ба таърихи беш аз се даҳсолаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки мамлакат марҳилаҳои гуногуни мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуда, дар роҳи ташаккули низоми мустақили давлатдорӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ қадамҳои муҳим гузоштааст.
Дар ин раванд яке аз масъалаҳои асосӣ муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро истиқлолияти сиёсӣ замоне устувортар мегардад, ки давлат дорои заминаи мустаҳками иқтисодӣ, иқтидори истеҳсолӣ, инфрасохтори муосир ва неруи инсонии соҳибихтисос бошад.
Дар сиёсати иқтисодии Тоҷикистон масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ муайян гардидаанд. Татбиқи ин ҳадафҳо таваҷҷуҳи доимӣ, сиёсати пайгирона, ҷалби сармоя ва иштироки фаъолонаи тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаро тақозо менамояд.
Рушди соҳаи энергетика барои Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад. Кишвари мо дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, истифодаи самараноки онҳо метавонад барои рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Дар ин самт сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамчун яке аз лоиҳаҳои муҳими стратегии мамлакат мавқеи хосса дорад.
Дар баробари энергетика, рушди инфрасохтори нақлиётӣ низ яке аз омилҳои муҳимми пешрафти иқтисоди миллӣ мебошад. Бунёду таҷдиди роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо барои таҳкими робитаҳои иқтисодии минтақаҳо, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба бозорҳо, муассисаҳои таълимӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, рушди инфрасохтори нақлиётӣ имконият фароҳам меорад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мавқеи муҳими ҷуғрофӣ дар густариши робитаҳои минтақавию байналмилалӣ саҳми бештар гузорад.
Дар замони муосир пешрафти давлатро танҳо бо бунёди иншооти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ муайян кардан кофӣ нест. Яке аз меъёрҳои муҳимми рушди устувор сатҳи дониш, фарҳанг, маърифат ва имкониятҳои зеҳнии шаҳрвандон мебошад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба соҳаҳои маориф, илм ва тарбияи ҷавонон дар сиёсати давлатӣ аҳаммияти хосса дорад.
Маҳз ҷавонони донишманд, соҳибкасб, эҷодкор ва навовар метавонанд дар оянда барои рушди иқтисоди рақамӣ, саноати муосир, низоми молиявӣ, соҳибкорӣ ва идоракунии давлатӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар ин замина, дастгирии омӯзиши илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунарҳои муосир бояд яке аз вазифаҳои муҳимми муассисаҳои таълимӣ бошад.
Донишгоҳҳо на танҳо марказҳои омодасозии мутахассисони соҳибихтисос, балки муҳити ташаккули тафаккури мустақил, фарҳанги таҳлилӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошанд. Аз ин рӯ, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми низоми таҳсилоти олии касбӣ ба шумор мераванд.
Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди забони давлатӣ, эҳтиром ба мероси таърихӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ ҷойгоҳи муҳим доранд.
Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллӣ ва омили муҳимми ҳамбастагии ҷомеа мебошад. Ҳифзу рушди забони давлатӣ, ғанӣ гардонидани истилоҳоти илмӣ, баланд бардоштани фарҳанги суханварӣ ва истифодаи дурусти забон дар муассисаҳои таълимӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос аст.
Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ низ ташаббусҳои муҳимми байналмилалиро пешниҳод намудааст. Ин самтҳо барои кишвари кӯҳсор ва дорои захираҳои бузурги обӣ аҳаммияти стратегӣ дошта, ба ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувор мусоидат мекунанд.
Ҳамзамон, ҷаҳони муосир дар назди Тоҷикистон вазифаҳои нав мегузорад. Тағйирёбии иқлим, рақобати иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва зарурати таъсиси ҷойҳои кории устувор аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли онҳо сиёсати пайгирона, идоракунии самаранок, истифодаи оқилонаи захираҳо ва иштироки фаъоли ҷомеаро талаб менамояд.
Аз ин нуқтаи назар, арҷгузорӣ ба дастовардҳои давлатдорӣ бояд бо талошҳои пайваста барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандон ҳамоҳанг бошад. Зеро рушди воқеии давлат, пеш аз ҳама, дар сатҳи некӯаҳволии мардум, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, хизматрасонии тиббӣ, имкониятҳои шуғл, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ ифода меёбад.
Дар ин раванд нақши ҷавонон ниҳоят муҳим аст. Ҷавонони Тоҷикистон бояд дарк намоянд, ки ояндаи давлат на танҳо аз фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки аз дониш, ташаббус, масъулият ва фаъолияти созандаи ҳар як шаҳрванди кишвар низ вобастагӣ дорад.
Донишҷӯе, ки имрӯз илм меомӯзад, фардо метавонад омӯзгор, муҳандис, иқтисоддон, табиб, соҳибкор ё роҳбари муваффақ гардад. Аз ин рӯ, ҳар соати омӯзиш, ҳар як таҳқиқоти илмӣ, ҳар як навоварӣ ва ташаббуси созанда метавонад дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон инчунин имконияти муносибест, ки таърихи муосири мамлакатро омӯзанд, бо фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ шинос шаванд ва масъулияти шаҳрвандии худро дар назди Ватан амиқтар дарк намоянд. Ин сана моро водор месозад, ки дар бораи саҳми шахсии худ дар пешрафти кишвар андеша намоем ва барои амалӣ намудани орзуву ҳадафҳои созанда қадамҳои устувор гузорем.
Меҳру муҳаббат ба Тоҷикистон бояд ҳар яки моро ба меҳнати бештар, омӯзиши амиқтар, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти баланд дар назди ҷомеа ҳидоят намояд. Ҳар як дастоварди илмӣ, ҳар як корхонаи нав, ҳар як роҳи обод, ҳар як мутахассиси соҳибмаърифат ва ҳар як иқдоми созанда метавонад заминаи фардои беҳтари мамлакат гардад.
Ҳамин тариқ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати муносиб барои арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории навин, баррасии дастовардҳои даврони истиқлолият ва андешаронӣ дар бораи дурнамои рушди кишвар мебошад. Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат ва пешбурди равандҳои давлатсозӣ мавқеи муҳим дорад.
Бигзор Тоҷикистони азиз ҳамеша сарзамини сулҳу дӯстӣ, илму маърифат, созандагиву бунёдкорӣ ва орзуву ормонҳои наслҳои оянда бошад. Зеро ободии Ватан аз масъулияти ҳар яки мо оғоз ёфта, фардои дурахшони он бо дониш, меҳнати содиқона, ташаббускорӣ ва ваҳдати миллӣ бунёд мегардад!
Сорбон ШАРБАТОВ,
ассистенти кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng