АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ГУЗАШТА БА СӮИ ҲАДФҲОИ НАВИ ОЯНДА
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як санаи муҳим дар тақвими миллӣ нест, балки метавонад оғози марҳилаи нави рушди кишвар бошад. Агар солҳои аввали истиқлолият бештар ба таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва барқарорсозии иқтисод равона шуда бошанд, имрӯз дар назди ҷомеа вазифаҳои нав қарор доранд.
Марҳилаи нави рушд бояд ба баланд бардоштани сифати иқтисод, рақобатпазирӣ, рушди илм ва технология, рақамикунонӣ ва истифодаи самараноки неруи инсонӣ такя намояд. Дар оянда сарвати асосии Тоҷикистон на танҳо захираҳои табиӣ, балки дониш, истеъдод, ихтироъкорӣ, соҳибкории навоварона ва неруи зеҳнии шаҳрвандон хоҳад буд.
Аз ин лиҳоз, яке аз ҳадафҳои муҳими марҳилаи нав гузариш аз иқтисоди анъанавӣ ба иқтисоди донишбунёд мебошад. Тоҷикистон метавонад ба рушди чунин соҳаҳо, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, илм ва таҳқиқоти амалӣ, истеҳсолоти муосир, кишоварзии технологӣ, энергетикаи сабз, логистика ва соҳибкории инноватсионӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.
Дар ин раванд, ҷавонон яке аз муҳимтарин сармояҳои кишвар ба шумор мераванд. Сармоягузорӣ ба маориф, малакаҳои касбӣ, забономӯзӣ, илм ва технология дар асл сармоягузорӣ ба рақобатпазирии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои оянда мебошад.
35-солагии Истиқлолият фурсати муносибест барои арзёбии роҳи тайкарда ва муайян намудани ҳадафҳои нави миллӣ. Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар заминаҳои муҳими давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ фароҳам оварда шуданд. Акнун зарур аст, ки ин дастовардҳо барои гузаштан ба марҳилаи нави рушд заминаи устувор гарданд.
Тоҷикистони оянда метавонад кишваре бошад, ки дар он рушди иқтисодӣ бо рушди инсон, илм бо истеҳсолот, технология бо соҳибкорӣ ва пешрафт бо ҳифзи муҳити зист пайваст гардад.
Аз ин рӯ, 35 соли Истиқлолиятро метавон на танҳо ҷамъбасти як марҳилаи таърихӣ, балки оғози марҳилаи нави рушди Тоҷикистон арзёбӣ кард — марҳилае, ки ҳадафи он бунёди иқтисоди қавӣ, ҷомеаи донишбунёд ва кишвари рақобатпазир дар ҷаҳони тағйирёбанда мебошад.
Раҷабмурод ФОЗИЛОВ,
муаллими калони кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng