Давлатдории таърихӣ, арзишҳои башардӯстона

ва пайванди маънавии наслҳо

Меъёри аслии бузургии зотии ҳар миллат, пеш аз ҳама, дар андешаи давлатдорӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, муносибат ба инсон ва саҳми он дар тамаддуни башарӣ таҷассум меёбад. Миллате, ки таърихи худро мешиносад, на танҳо аз гузаштааш ифтихор мекунад, балки аз он барои сохтани оянда сабақ мегирад.

Дар таърихи давлатдории халқҳои ориёӣ номи Куруши Кабир бо ташаккули яке аз нахустин империяҳои бузурги ҷаҳони бостон пайванди ногусастанӣ дорад. Шахсияте, ки беш аз дуюним ҳазор сол пеш тавонист халқҳо ва сарзаминҳои гуногунро дар доираи як низоми сиёсӣ муттаҳид созад ва бо сиёсати хоси идоракунӣ дар таърихи минтақаю ҷаҳон осори мондагор гузорад.

Имрӯз, вақте аз мероси Куруши Кабир сухан мегӯем, масъала танҳо эҳёи хотираи як шоҳи бостонӣ нест. Сухан дар бораи решаҳои таърихии андешаи давлатдорӣ, муносибати ҳокимият бо инсон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва пайванди маънавии таҷрибаи давлатсозии гузашта бо арзишҳои ҳуқуқии ҷомеаи муосир меравад. Аз ин ҷиҳат, муқоисаи мероси таърихии Куруши Кабир бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин шахсияти таърихӣ на танҳо аҳамияти маърифатӣ ва пайванди аҷдодӣ, балки арзиши муҳими худшиносии миллӣ дорад.

КУРУШИ КАБИР: ДАВЛАТСОЗӢ ФАРОТАР АЗ КИШВАРКУШОӢ

Тавре аз маъхазҳои таърихӣ аён аст, Куруши II, ки дар таърих бо унвони Куруши Кабир маъруф аст, тақрибан солҳои 559–530 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст. Ӯ асосгузори давлати Ҳахоманишиён буда, дар раванди муттаҳидсозии сарзаминҳои Эронзамини бостон ва ташаккули як қудрати бузурги сиёсӣ нақши калидӣ бозидааст. Пас аз шикасти давлати Мод, муттаҳид намудани сарзаминҳои гуногун ва густариши нуфузи сиёсӣ, Куруш тадриҷан заминаи таъсиси империяеро фароҳам овард, ки дар давраҳои баъдӣ аз Осиёи Марказӣ то Осиёи Хурд ва Шарқи Наздик доман густурд.

Фатҳи Бобул дар соли 539 пеш аз милод яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини фаъолияти сиёсии ӯ ба шумор меравад. Ин воқеа на танҳо тавозуни қудратро дар минтақа тағйир дод, балки ба Куруш имконият фароҳам овард, ки низоми нави идоракуниро дар яке аз марказҳои бузурги тамаддуни қадим ҷорӣ намояд.

Аммо бузургиву шаҳомат ва қудрати Куруш танҳо дар қаламравкушоӣ ва тавсеаи ҳудуди давлат маҳдуд намешавад. Яке аз хусусиятҳои муҳими сиёсати ӯ муносибати ҳисобшуда ба анъанаҳои маҳаллӣ, ниҳодҳои мазҳабӣ ва сохтори иҷтимоии халқҳои гуногуни қаламрави империя буд. Барои дарки ин масъала ёдгории машҳури бостонӣ - Устувонаи Куруш аҳамияти махсус дорад. Ин устувонаи гилин соли 1879 аз ҷониби бостоншинос Ҳурмузд Рассом ҳангоми ҳафриёт дар Бобул кашф гардида, ҳоло дар Осорхонаи Британия маҳфуз аст. Он солҳои 539–538 пеш аз милод сохта шуда, бо хатти мехӣ ва ба забони бобулӣ навишта шудааст.

Мувофиқи маълумоти Осорхонаи Метрополитени Ню-Йорк ва донишномаи бонуфузи “Донишномаи Эрон”, матни устувона аз фатҳи Бобул, барқарор намудани баъзе ибодатгоҳҳо, бозгардонидани муҷассамаҳои муқаддас ба ҷойҳои аслиашон ва иҷозати бозгашти гурӯҳҳои бадарғашуда ба сарзаминҳои худ маълумот медиҳад. Ин маълумот аз як хусусияти муҳими сиёсати Куруш дарак медиҳад: ҳокимияти нав барои мустаҳкам намудани мавқеи худ на танҳо ба қувваи ҳарбӣ, балки ба эътирофи суннатҳо ва ниҳодҳои иҷтимоии сарзаминҳои тобеъ низ такя мекард.

Албатта, тавре дар матни устувона омадааст, дар он Куруш худро ҳокиме муаррифӣ мекунад, ки бо пуштибонии худои бобулиён тартиботро барқарор намудааст. Аз ин рӯ, ин санад ҳам манбаи таърихӣ ва ҳам воситаи қонуниятбахшии ҳокимияти нави сиёсӣ ба шумор меравад.

Ва беҳуда ҳам нест, ки устувонаи Курушро дар адабиёти муосир аксаран “нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар» меноманд. Ин унвон, ки аз нимаи дуюми асри XX густариш ёфт, бештар хусусияти рамзӣ ва маърифатӣ дорад. Дар он низоми мукаммали ҳуқуқҳои инфиродӣ, кафолатҳои конститутсионӣ ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ нашудаанд. Ҳатто Осорхонаи Метрополитени Ню-Йорк ҳангоми шарҳи ин ёдгорӣ таъкид мекунад, ки устувона дар заминаи анъанаи деринаи катибаҳои шоҳии Байнаннаҳрайн қарор дошта, баъдтар ба рамзи озодӣ ва арзишҳои башардӯстона табдил ёфтааст. Аммо ин шарҳи илмӣҳаргиз арзиши таърихии онро намекоҳонад. Баръакс, ба мо имкон медиҳад, ки байни воқеияти таърихӣ ва тафсири баъдии он фарқ гузорем.

Бузургии мероси Куруш моро водор месозад, дар бораи муносибати қудрат бо инсон, эҳтиром ба фарҳанги дигарон ва масъулияти ҳокимият андеша кунем. Зеро давлатдорӣ танҳо ба вуҷуд овардани сохтори сиёсӣ ё муттаҳид намудани ҳудудҳо нест. Он, пеш аз ҳама, қобилияти идора намудани ҷомеа, таъмини субот, ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва фароҳам овардани шароити ҳамзистии халқҳои гуногунро дар бар мегирад.

Таҷрибаи Ҳахоманишиён аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки дар қаламрави васеи ин империя халқҳо бо забонҳо, эътиқодҳо ва суннатҳои гуногун зиндагӣ мекарданд. Бешакк, нигоҳ доштани чунин сохтори бисёрқавмӣ бе ташаккули низоми муайяни маъмурӣ ва сиёсати муносибат бо анъанаҳои маҳаллӣ имконнопазир буд. Ин таҷриба, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори бостоншиносӣ инъикос ёфтааст, аз ташаккули фарҳанги мураккаби идоракунии давлатӣ дарак медиҳад. Албатта, набояд низоми империявии он давраро бо мафҳумҳои муосири демократия ва ҳуқуқи инсон яксон шуморид. Ҳокимияти шоҳӣ дар Ҳахоманишиён низ дорои хусусиятҳои мутамарказ ва иерархӣ буд. Аммо омӯзиши таҷрибаи он барои дарки таҳаввули андешаи давлатдорӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар ин замина, як масъалаи ҷолиби таърихӣ ба миён меояд: чӣ гуна таҷрибаи давлатсозии бостон ба хотираи таърихии миллат ворид шуда, дар шароити давлатдории муосир маънои нав пайдо мекунад? Ҷавоби ин саволро бояд дар пайванди таърих, фарҳанг ва худшиносии миллӣ ҷустуҷӯ кард. Зеро мероси гузашта фақат маҷмуи ёдгориҳо ва номҳои машҳур набуда, балки захираи маънавиест, ки метавонад дар ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дарки масъулияти давлатдорӣ нақш гузорад.

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ОРМОНИ ТАЪРИХӢ ТО МЕЪЁРИ ҲУҚУҚӢ

Агар Устувонаи Куруш сарчашмаи омӯзиши таҷрибаи давлатдории бостон бошад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи ҳуқуқии иродаи халқи соҳибистиқлол дар замони муосир мебошад. Ин ду санад аз лиҳози пайдоиш, шакл, муҳтаво ва мақоми ҳуқуқӣ ба ҳам баробар нестанд. Яке катибаи шоҳии асри VI пеш аз милод ва дигаре қонуни асосии давлати соҳибистиқлол аст. Аммо дар сатҳи арзишҳои умумии давлатдорӣ миёни онҳо метавон масъалаҳои муқоисавӣ пайдо кард.

Аҳамияти таърихии Конститутсияро пеш аз ҳама дар он бояд ҷустуҷӯ кард, ки он давлатдории навини Тоҷикистонро бар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва арзишҳои эътирофшудаи ҷомеаи муосир муайян намуд.

Дар муқаддимаи он чунин андешаи бунёдӣ сабт шудааст: “Мо, халқи Тоҷикистон, қарзи худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, ҷомеаи адолатпарварро бунёд карданӣ ҳастем”. Ин суханон фалсафаи масъулияти таърихӣ ва шаҳрвандии ҷомеаро таҷассум мекунанд.

Ба пиндори ман, дар ин ҷо се самти муҳими андеша ба ҳам мепайванданд: эҳтиром ба мероси гузашта, масъулият дар назди насли имрӯз ва вазифадорӣ нисбат ба оянда.

Моддаи 1 Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон менамояд.

Моддаи 5 инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф мекунад. Дар ҳамин модда ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир дониста шуда, ҳифзи онҳо вазифаи давлат муайян шудааст.

Моддаи 6 бошад, халқро барандаи соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф мекунад.

Ин меъёрҳо аз лиҳози мазмун ва мақоми ҳуқуқӣ ба таври куллӣ аз навиштаҷоти шоҳии даврони бостон фарқ мекунанд. Дар Конститутсияи муосир ҳуқуқу озодиҳои инсон на танҳо ҳамчун ормони ахлоқӣ, балки ҳамчун меъёри олии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд. Аз ин рӯ, муқоисаи Устувонаи Куруш ва Конститутсияи Тоҷикистонро бояд на ҳамчун ҳаммонандии ду санад, балки ҳамчун имконияти дарки таҳаввули таърихии андешаҳои давлатдорӣ арзёбӣ намуд.

Агар дар таҷрибаи давлатдории бостон масъалаи муносибати ҳокимият бо халқ ва эҳтиром ба суннатҳои ҷомеа ба шакли муайян матраҳ гардида бошад, дар Конститутсияи давлати муосир инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва иродаи халқ ба пояҳои асосии низоми ҳуқуқӣ табдил ёфтаанд. Ин фарқият худ нишонаи таҳаввули бузурги таърихии андешаи сиёсиву ҳуқуқии башарият мебошад.

ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Мусалламан эҳёи хотираи таърихӣ яке аз самтҳои муҳими ташаккули худшиносии миллӣ мебошад. Миллате, ки аз таърихи худ огоҳ аст, имкони бештар дорад, ки ҷойгоҳи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ дуруст дарк кунад ва ба наслҳои оянда ҷаҳонбинии таърихӣ интиқол диҳад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол масъалаи омӯзиш ва муаррифии шахсиятҳои барҷастаи таърихи миллат дар осори илмӣ, таърихӣ ва маърифатӣ мавқеи муҳим пайдо кардааст. Дар ин раванд фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ қобили таваҷҷуҳ аст.

Асарҳои Пешвои миллат, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Чеҳраҳои мондагор» ба масъалаҳои таърихи давлатдорӣ, тамаддуни ориёӣ, худшиносии миллӣ ва шахсиятҳои таъсиргузори гузашта бахшида шудаанд. Махсусан, китоби «Чеҳраҳои мондагор» аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки муаллиф баррасии силсилаи шахсиятҳои таърихиро бо Куруши Кабир оғоз менамояд. Ин интихоби маъноӣ ва рамзӣ таваҷҷуҳро ба решаҳои таърихии андешаи давлатдорӣ ва нақши шахсиятҳои бузург дар ташаккули хотираи миллӣ ҷалб мекунад. Аммо муҳимтарин далели таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба мероси Куруш суханронии ӯ ба муносибати понздаҳумин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

5 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷойгоҳи таърихии миллати тоҷик дар ташаккул ва эътирофи арзишҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон таваҷҷуҳ зоҳир карда, чунин изҳор доштанд: “Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамлакатҳои Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ, дар ҳалли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат, ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дую ним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист”.

Ин андеша аз лиҳози худшиносии миллӣ аҳамияти хос дорад. Он ба зарурати бознигарии таърихи арзишҳои башардӯстона ва омӯзиши саҳми тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули андешаҳои ҳуқуқӣ ишора мекунад. Дар идомаи ҳамин суханронӣ Сарвари давлат зарурати баҳои муносиб додани ҷомеаи илмӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалиро ба ин ёдгории таърихӣ низ таъкид кардаанд.

Нуктаи дигари муҳим дар суханронии мазкур пайванди бевоситаи мероси ниёгон бо Конститутсияи Тоҷикистон аст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки тоҷикон ҳамчун ворисони фарҳанги баланди башардӯстона ормонҳои таърихӣ ва андешаҳои мутафаккирони гузаштаро оид ба инсон, ҳуқуқу озодиҳо ва эҳтироми шаъну шарафи ӯ дар Конститутсияи давлати соҳибистиқлол таҷассум намудаанд. Ин андеша барои фаҳмиши фалсафаи мақолаи мо калидӣ мебошад. Зеро сухан танҳо дар бораи ифтихор аз Куруши Кабир нест. Масъала дар он аст, ки чӣ гуна мероси маънавии гузашта метавонад дар шароити давлатдории муосир ба арзиши ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ табдил ёбад.

АЗ ИФТИХОРИ ТАЪРИХӢ ТО МАСЪУЛИЯТИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Дарки дурусти таърих танҳо бо шинохти шахсиятҳои бузург маҳдуд нагардида, арзиши воқеии он замоне меафзояд, ки ба муносибати инсон ба ҷомеа, давлат ва ояндаи кишвар таъсир расонад. Имрӯз мо ҳақ дорем аз он ифтихор кунем, ки дар таърихи тамаддуни бостон номи Куруши Кабир бо ташаккули як давлати бузург ва таҷрибаи хоси идоракунӣ пайваст аст, ки он ба гузаштагони мо иртиботи бевосита дорад. Вале ин ифтихор бояд моро ба як саволи ҷиддӣ водор созад: оё мо тавонистаем аз таҷрибаи таърихӣ барои такмили фарҳанги ҳуқуқӣ ва давлатдории худ сабақ гирем?

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала ҷавоби меъёрии ҳуқуқӣ медиҳад. Чунки он шаҳрвандро на танҳо соҳиби ҳуқуқ, балки дорои уҳдадориҳои муайян низ мешуморад. Эҳтиром ба қонун, риояи ҳуқуқу озодиҳои дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва муносибати ғамхорона ба мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷумлаи уҳдадориҳои конститутсионии шаҳрвандон мебошанд. Махсусан, муқаддимаи Конститутсия, ки масъулияти моро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда таъкид мекунад, дорои мазмуни амиқи фалсафӣ мебошад.

Масъулият дар назди гузашта маънои онро дорад, ки мо таърихро ҳифз кунем, сарчашмаҳоро дуруст омӯзем ва ба мероси ниёгон муносибати илмӣ дошта бошем. Дар баробари ин, масъулият дар назди имрӯз тақозо мекунад, ки меъёрҳои Конститутсияро эҳтиром намоем, ҳуқуқу озодиҳои инсонро арҷ гузорем, қонунмандӣ ва адолати иҷтимоиро тақвият бахшем. Ва ҳамзамон, масъулият дар назди оянда бошад, моро вазифадор месозад, ки барои наслҳои баъдӣ давлати устувор, ҷомеаи босавод, иқтисоди пешрафта ва муҳити созандаи маънавию фарҳангиро ба мерос гузорем.

Дар масири таърихи тӯлонии миллати тоҷик давлатдорӣ ҳамеша яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ҳастии миллӣ, забон, фарҳанг ва ҳувияти таърихӣ будааст. Аз ин рӯ, омӯзиши чеҳраҳои бузурги гузашта, аз ҷумла Куруши Кабир, на танҳо бозгашт ба саҳифаҳои таърих, балки ҷустуҷӯи решаҳои маънавии давлатдории миллӣ мебошад.

Куруши Кабир дар таърихи бостон ҳамчун асосгузори империяи бузург ва ҳокиме шинохта мешавад, ки дар идоракунии сарзаминҳои гуногунфарҳанг таҷрибаи муайянро ба вуҷуд овард. Устувонаи ӯ, новобаста аз баҳсҳои илмӣ дар атрофи унвони «Эъломияи ҳуқуқи башар», то имрӯз яке аз ёдгориҳои муҳими таърихи сиёсию фарҳангии башарият ба шумор меравад.

Конститутсияи Тоҷикистон бошад, таҷассуми иродаи ҳуқуқии халқи соҳибистиқлол буда, арзишҳои инсон, озодӣ, соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва адолати ҷамъиятиро дар заминаи низоми муосири ҳуқуқӣ муқаррар намудааст.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Куруши Кабир ва дигар чеҳраҳои мондагори таърихӣ дар ин раванд моҳияти маърифатӣ пайдо мекунад, зеро ба ҷомеа имконият медиҳад, ки гузаштаи худро на ҳамчун хотираи дур, балки ҳамчун ҷузъи таркибии худшиносии миллӣ омӯзад. Вале як ҳақиқати муҳимро набояд фаромӯш кард: бузургии миллат танҳо бо бузургии гузаштагонаш муайян намешавад. Он ҳамчунин бо он арзёбӣ мегардад, ки насли имрӯз аз мероси таърихӣ чӣ сабақ мегирад, арзишҳои ҳуқуқиро то кадом андоза эҳтиром мекунад ва барои ободии Ватан чӣ саҳм мегузорад.

Бешакк, Куруши Кабир ба таърих сабақи давлатсозӣ гузошт, Конститутсия ба ҷомеаи муосир меъёри ҳуқуқии давлатдориро муайян кард. Миёни ин ду на танҳо фосилаи беш аз дуюним ҳазорсола, балки таҳаввули бузурги тафаккури инсонӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қарор дорад. Маҳз дарки ин таҳаввул моро ба хулосаи муҳим мерасонад, ки эҳтиром ба таърих бе эҳтиром ба қонун андешаи комил нест ва ифтихор аз гузашта бе масъулият дар назди оянда арзиши созанда пайдо намекунад. Зеро таърих ба миллат реша мебахшад, давлатдорӣ ба он ҳастии сиёсӣ медиҳад ва Конститутсия роҳи ҳуқуқии зиндагии муштараки ҷомеаро муайян мекунад. Ва маҳз ҳамин пиндори солим аст, ки миллати бо гузаштаи ифтихорманд ва худшинос имрӯзашро бо масъулият месозад ва ояндаашро бар пояи қонун, адолат ва хирад бунёд мекунад, метавонад ҷойгоҳи худро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳифз намояд.

 

Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ.

устоди ДДМИТ