Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддие ба ҳисоб мераванд, ки ба амнияти давлатҳо, суботи сиёсӣ ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ба ҳаёт ва саломатии инсонҳо хатар эҷод мекунанд, балки ба арзишҳои умумибашарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлатҳо низ монеа мешаванд. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва муқовимат ба терроризм ва экстремизм вазифаи муҳимми давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди масъулиятшинос мебошад.

Терроризм аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳамчун идеологияи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарорҳои мақомоти давлатӣ ё созмонҳои байналмилалӣ тавассути тарсонидани аҳолӣ ва дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ фаҳмида мешавад. Экстремизм бошад, ифротгароии сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, минтақавӣ ё динӣ буда, ба ҳалли масъалаҳо бо роҳҳои зӯроварӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ равона гардидааст. Ҳар ду зуҳурот ба амнияти ҷомеа ва асосҳои сохтори конститутсионии давлат таҳдид намуда, пешгирии онҳо муносибати пайваста ва фарогирро тақозо менамояд.

Имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз воситаҳои гуногуни иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш мекунанд, ки ба шуури ҷавонони камтаҷриба таъсир расонида, онҳоро ба ақидаҳои тундрав ва амалҳои ғайриқонунӣ ҷалб намоянд. Махсусан, ҷавононе, ки дорои маърифати нокифояи ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии маҳдуд ва таҷрибаи ками зиндагӣ мебошанд, метавонанд ҳадафи чунин таблиғот қарор гиранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва динии ҷавонон, инчунин ташаккули тафаккури интиқодӣ дар онҳо аҳаммияти махсус дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳи рушди мустақилона ва ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд. Аммо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар бо мушкилоти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Махсусан, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ва мазҳабӣ аз вазъи ноустувори ҷомеа истифода намуда, барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ ва пешбурди манфиатҳои гурӯҳии худ талош мекарданд.

Паҳн гардидани ақидаҳои ифротӣ, таассуби мазҳабӣ, бархӯрди манфиатҳои сиёсӣ ва дахолати омилҳои беруна ба вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар таъсир расонида, яке аз омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ин таҷрибаи талхи таърихӣ бори дигар собит намуд, ки сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ барои ҳастӣ ва рушди давлат аҳаммияти ҳаётӣ доранд.

Дар чунин шароит баъзе гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва неруҳои ифротгаро бо истифода аз воситаҳои гуногуни таблиғотӣ ва дастгирии беруна кӯшиш мекунанд, ки ба суботи ҷомеа таъсир расонида, дар байни мардум тафриқа ва ихтилоф ба вуҷуд оваранд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, ба ҳар гуна таблиғоти ифротӣ ва даъватҳои ғайриқонунӣ муносибати бошуурона дошта бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаҳои таъмини сулҳу амният ва муқовимат ба терроризму экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба як қатор санадҳои байналмилалӣ дар ин самт ҳамроҳ гардидааст. Ҳамзамон, дар кишвар заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб ташаккул ёфтаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021 аз ҷумлаи санадҳои муҳимми ҳуқуқӣ дар ин самт мебошанд.

Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини дастовардҳои миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошанд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, барои барқарор намудани сулҳу субот ва муайян сохтани самтҳои рушди минбаъдаи кишвар заминаи муҳим фароҳам овард. Ин таҷрибаи таърихӣ аҳаммияти сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва гузашт карданро дар ҳалли низоъҳои сиёсиву иҷтимоӣ нишон медиҳад.

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти хатарноке мебошанд, ки оқибатҳои онҳо ба ҳаёт, саломатӣ, моликият ва амнияти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, муқовимат ба онҳо бояд дар асоси қонунгузории миллӣ, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеа амалӣ карда шавад. Дар ин раванд пешгирии сабабу омилҳои пайдоиши ифротгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон аҳаммияти аввалиндараҷа доранд.

Боиси хушнудист, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сулҳу осоиш ва суботи сиёсӣ ҳукмфармост. Дар ин раванд сиёсати давлат дар самти таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини амният ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон, таҷрибаи воқеаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ягон давлат аз таъсири таҳдидҳои муосири амниятӣ комилан дар канор буда наметавонад. Бинобар ин, ҳифзи сулҳу субот, баланд бардоштани ҳушёрии сиёсӣ ва пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ вазифаи доимии ҷомеа мебошад.

Дар ин замина, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ба масъалаҳои пешгирии терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ ва сохторҳои дахлдор бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён мунтазам чорабиниҳои маърифатӣ, вохӯриҳо, суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ ва мизҳои мудаввар баргузор мегарданд. Дар онҳо масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими мавқеи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар шароити муосир вазифаи муҳимми ҷомеа, пеш аз ҳама, таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавон, ба роҳи донишандӯзӣ ва худшиносӣ ҳидоят намудани онҳо ва пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротию тундгаро мебошад. Ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои умумибашарӣ тарбия ёбанд.

Дар ин раванд оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа масъулияти муштарак доранд. Маҳз дар муҳити солими оилавӣ ва таълимӣ бояд дар замири ҷавонон ахлоқу одоби ҳамида, маърифати шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулиятшиносӣ ташаккул дода шавад. Ҳамзамон, омӯзиши таърихи миллат, фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ метавонад дар таҳкими ҳисси худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон нақши муҳим гузорад.

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ояндаи давлату миллат аз дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти созандаи онҳо вобаста мебошад. Онҳо бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи замони соҳибистиқлолӣ самаранок истифода бурда, бо омӯзиши илмҳои муосир, аз худ намудани касбу ҳунар ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар рушди Ватани азиз саҳм гузоранд.

Тоҷикистон сарзамини дорои таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ, табиати зебо ва фарзандони соҳибхираду соҳибмаърифат мебошад. Ҳифзи ин арзишҳо, эҳтиром ба сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

Хулоса, муқовимат ба терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб танҳо бо чораҳои ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад. Барои пешгирии онҳо баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, тарбияи ахлоқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва фароҳам овардани муҳити солими иҷтимоӣ зарур мебошад. Танҳо дар сурати ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ва мақомоти давлатӣ метавон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда ҷомеаи босуботу пешрафтаро ба мерос гузошт.

 

С. САФАРОВА,

ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор