ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва зинда гардонидани анъанаю расму оинҳои ниёгон, инчунин бозгашт ба сарчашмаҳои асолати миллӣ иқдомҳои муҳим ва саривақтӣ амалӣ намуданд.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Меҳргон ҳамчун ҷашни миллӣ ва давлатӣ аз соли 2011 инҷониб бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Чунон ки сарчашмаҳои қадимаи таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар рӯзи ҷашни Меҳргон сарулибоси идонаи арғувонӣ ба бар карда, якдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамуданд.
Бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи фарҳанги миллӣ, Меҳргон ҳанӯз 3 ноябри соли 1995 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дохил карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки 8 октябри соли 2011 зимни суханронии худ дар ҷашни 80-солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, ки ҳамзамон ба таҷлили ҷашни Меҳргон рост омада буд, Пешвои миллат чунин дастур доданд: «Иди бостонии Меҳргон ҳар сол, 8 октябр, чун иди миллии давлатӣ, бо шукӯҳу шаҳомати ҳаммонанди Наврӯзи хуҷастапай таҷлил гардад».
Дар ҷараёни ҳамон суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусиятҳои асосии Меҳргонро низ шарҳ дода, таъкид намуданд: «Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».
Дар ҳақиқат, Меҳргон на танҳо ҷашни ҳосилғундорӣ, балки таҷассумгари меҳнатдӯстӣ, саховатмандӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ мебошад.
Муаллиф Анна Красноволская дар китоби «Чанд чеҳраи калидӣ дар асотири солшумории эронӣ» чунин менависад: «Пеш аз ғалларо ба анборҳо интиқол додан, миқдоре аз онро ба унвони Бобо деҳқон ҷудо мекарданд ва онро ба ниёзмандону мустамандон медоданд. Ҳатто миқдоре аз ғалладонаро барои парандагон ҷудо мекарданд».
Ин анъанаи неки ниёгон аз саховатмандӣ, инсондӯстӣ ва маърифатпарварии мардум дарак дода, муносибати оқилонаи онҳоро нисбат ба табиат ва мавҷудоти зинда инъикос менамояд. Чунин рафтор нишон медиҳад, ки деҳқонони гузашта на танҳо ба ҳосили меҳнати худ қадр мегузоштанд, балки нисбат ба ниёзмандон ва муҳити зист низ масъулият эҳсос мекарданд.
Дар осори таърихию адабӣ ва таҳқиқоти марбут ба ҷашнҳои бостонии Меҳргону Сада аҳамияти таърихӣ ва хусусияти мардумии ин ҷашнҳо бо далелҳои гуногуни илмӣ шарҳ дода шудааст. Аз ҷумла, дар бораи суннатҳои марбут ба ҷашни Меҳргон чунин маълумот оварда мешавад:
«Дар бомдоди рӯзи Меҳргон шоҳи Сосонӣ ҷомаи махсусеро аз матои бурди яманӣ ва зарбофти гаронбаҳо ба бар карда, тоҷеро, ки тасвири Хуршед дошт, бар сар мениҳод… Дар дарбори хулафои Аббосӣ одати ба шоҳон овардани ҳадяҳои меҳргонӣ идома пайдо кард ва он бо номи “Меҳрҷон” дар байни арабҳо низ таҷлил мегардид… Аз падидаҳои фарҳангии дигари ҷашни Меҳргон иртиботи он бо навъҳои сангҳои қиматбаҳост, ки ба зиндагии мардум вобаста мебошад. Аз ҷумла, Меҳргонро ориёитаборон мабдаи аслии зуҳури забарҷад номидаанд… Ба таъбири Салмони Форс, Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард».
Ин гуна расму оинҳои Меҳргон, ки аз ҷаҳонбинӣ, маърифатпешагӣ ва муносибати оқилонаи гузаштагони мо ба табиат дарак медиҳанд, барои наслҳои имрӯза низ аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд. Дар онҳо ғояҳои неки инсонӣ, аз қабили дӯстӣ, меҳру муҳаббат, саховатмандӣ, эҳтиром ба меҳнат ва ҳифзи муҳити зист таҷассум ёфтаанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад».
Ин суннатҳо аз фарҳанги ғанӣ, завқи зебоипарастӣ ва ҷаҳонбинии маънавии ниёгони мо шаҳодат медиҳанд. Ҳар як ҷузъи дастархони Меҳргон дорои мазмуну рамзи хос буда, фаровонӣ, покизагӣ, баракат ва шукргузориро ифода мекунад.
Абӯрайҳони Берунӣ дар асари машҳури худ «Осор-ул-боқия» оид ба ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Меҳргон, маълумоти арзишманди таърихию фарҳангӣ овардааст. Бо вуҷуди он ки ин асар сарчашмаи нодири илмӣ ба шумор меравад, баъзе бахшҳои он барои хонандаи муосир ба шарҳу тавзеҳи иловагӣ ниёз доранд. Дар он рамзҳо ва ишораҳое мавҷуданд, ки ба илмҳои илоҳиёт, табиатшиносӣ, мантиқ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва мардумшиносӣ иртибот доранд. Аз ин рӯ, омӯзиши амиқи мазмун, ғоя, воситаҳои тасвири бадеӣ ва инъикоси расму оинҳои мардумӣ дар осори мазкур аҳамияти махсус дорад.
Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи ҷашни Меҳргон чунин маълумот медиҳад:
«Меҳрмоҳ, рӯзи аввали он Ҳурмуздрӯз аст. Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи Меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дуюм бошад. Ва ин ид, монанди дигар идҳо, барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст.
Ва гӯянд, ки Меҳр номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон гӯянд. Далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати Офтоб дар ӯ буд, ба сар мегузоштанд.
Ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд. Ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад».
Аз ин маълумоти таърихӣ бармеояд, ки Меҳргон дар фарҳанги мардуми ориёитабор ҷойгоҳи хосса дошта, бо мафҳумҳои дӯстӣ, меҳру муҳаббат, равшанӣ, фаровонӣ ва эҳтиром ба табиат алоқаманд мебошад.
Муҳаққиқи оинҳои суннатӣ Рӯзӣ Аҳмад таъкид менамояд, ки Меҳргон аз вожаи «Меҳр» гирифта шуда, шакли қадимаи он «Митра» мебошад. Митра номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ буда, номи он ҳанӯз тақрибан ҳазору чаҳорсад сол пеш аз мелод дар катибаҳои таърихӣ сабт гардидааст.
Ин нукта аз қадимӣ будани парастиши Митра ва робитаи таърихии он бо фарҳанги мардуми Ҳинду Эрон шаҳодат медиҳад.
Дар мавриди маънои аслию маҷозии истилоҳи Меҳргон ва робитаи он бо Офтоб бояд қайд намуд, ки дар тасаввуроти динию фарҳангии халқҳои қадим Митра ҳамчун рамзи аҳду паймон, садоқат ва адолат шинохта мешуд. Офтоб низ дар ҷаҳонбинии ниёгон ҳамчун рамзи рӯшноӣ, ҳаёт ва баракат мақоми муҳим дошт. Ба сар гузоштани тоҷи дорои тасвири Офтоб аз ҷониби шоҳони Сосонӣ низ дар доираи ҳамин рамзшиносии қадима шарҳ дода мешавад.
Ниёгони мо садсолаҳо пеш аз густариши дини ислом дорои анъанаҳои ғании фарҳангӣ ва маросимҳои гуногуни табиатпарастона буданд. Дар байни ҷашнҳои бузурги мавсимии онҳо Наврӯз ва Меҳргон мақоми махсус доштанд. Ин ду ҷашн бо гардиши фаслҳои сол, эҳтиром ба табиат, натиҷаи меҳнати инсон ва фаровонии зиндагӣ алоқаманд буданд.
Меҳргон на танҳо ёдгории зиндаи гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик, балки сарчашмаи муҳими тарбияи маънавӣ, эҳтиром ба меҳнат, таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва пайванди наслҳои имрӯза бо фарҳанги ғании ниёгон мебошад.
Ҷашни Меҳргон моро ба қадршиносии заҳмати деҳқон, эҳтиром ба табиат, саховатмандӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои зиндагӣ ҳидоят менамояд. Ҳифз ва эҳёи суннатҳои неки ин ҷашни бостонӣ барои таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ аҳамияти бузург дорад.
Хулоса, Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик буда, дар худ таъриху фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавии ниёгони моро таҷассум менамояд. Омӯзиш, эҳё ва тарғиби анъанаҳои он вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди худогоҳ буда, барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, таҳкими пайванди наслҳо ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.
А. САЪДОНОВ,
омӯзгори кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика
Тоҷ
Рус
Eng