Аз силсилаи “НОМОВАРОНИ ДДМИТ”

Ҷавононе ҳастанд, ки донишгоҳро танҳо макони гирифтани маълумоти олӣ намедонанд, балки онро минбари худшиносӣ, ташаккули шахсият, рушди қобилият ва расидан ба ҳадафҳои бузург меҳисобанд. Онҳо бо ташаббускорӣ, ҷустуҷӯҳои пайваста ва истифодаи самараноки имкониятҳо роҳи муваффақияти худро месозанд. Қаҳрамони навбатии силсилаи «Номоварони ДДМИТ» низ аз ҳамин зумра аст.

Асроров Исмоил Орифҷонович, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар баробари таҳсили аъло ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос дорад. Ӯ солҳои 2024, 2025 ва 2026 дар чорабиниҳои байналмилалии варзишии Grand Slam ба ҳайси тарҷумон фаъолият намуда, соли 2025 сазовори унвони “Ҷавони фаъолу умедбахши шаҳри Душанбе” ва соли 2026 ғолиби озмуни донишгоҳии “Донишҷӯи сол” гардидааст.

Ҳоло бо Исмоил дар мавриди роҳи тайкарда, шавқу завқ, таҷрибаи байналмилалӣ ва ормонҳои касбии ин ҷавони ояндадор суҳбат мекунем.

- Исмоил, нахуст мехостам аз худи шумо бишнавам: роҳи донишандӯзӣ ва ташаккули шахсияти шумо аз куҷо оғоз ёфт?

- Ман дар шаҳри Душанбе, дар оилаи соҳибкор ба дунё омадаву дар ҳамин муҳит ба воя расидаам. Аз овони мактабхонӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва шиносоӣ бо фарҳангу тамаддуни халқҳои гуногун шавқи зиёд доштам. Таҳсилро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба номи Александр Сергеевич Пушкини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, баъдан ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил шудам. Айни замон дар курси чорум, аз рӯйи ихтисоси аудит ва ревизия таҳсил менамоям. Хушбахтона, донишгоҳро ба таври буҷавӣ хатм карданӣ ҳастам ва ҳамзамон масъулияти сарвари гурӯҳи академиро низ ба зимма дорам. Ҳамеша чунин андеша дорам, ки ҳар як ҷавон бояд дар баробари гирифтани дониш соҳиби ҳадафи мушаххас бошад. Зеро дониш вақте арзиш пайдо мекунад, ки инсон онро дар амал истифода бурда тавонад.

- Шумо яке аз донишҷӯёни ташаббускори донишгоҳ ба шумор меравед. Соли 2026 дар даври донишгоҳии озмуни “Донишҷӯи сол” ҷойи аввалро соҳиб шудед. Ин пирӯзӣ барои шумо чӣ маъно дорад?

- Ростӣ, ин дастовард барои ман ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург аст. Озмуни “Донишҷӯи сол” танҳо санҷиши дониши назариявӣ нест. Он дониш, ҷаҳонбинӣ, қобилияти таҳлил, маҳорати суханварӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ ва имконияти муаррифии шахсиятро дар бар мегирад.

15 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун ҷамъбаст гардид. Пас аз муаррифии фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ ва пешниҳоди презентатсия аз ҷониби довталабон бо қарори ҳайати ҳакамон сазовори ҷойи аввал гардидам. Барои ман ин пирӯзӣ натиҷаи заҳмати чандинсола, омӯзиши пайваста ва истифодаи дурусти имкониятҳои фароҳамовардаи донишгоҳ мебошад. Ҳамчунин, он маро водор месозад, ки минбаъд бештар кӯшиш намоям ва дар даври ҷумҳуриявӣ низ донишгоҳамро сазовор муаррифӣ кунам.

- Як дастоварди дигари шумо гирифтани унвони “Ҷавони фаъолу умедбахши шаҳри Душанбе дар соли 2025” мебошад. Ин эътироф чӣ гуна ба даст омад?

- Бале, соли 2025 дар озмуни “Ҷавони фаъолу умедбахши шаҳри Душанбе” иштирок намуда, таҳти роҳнамоии сардори ҳамонвақтаи шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Ҷумахон Ҷангиев ба ин унвон сазовор гардидам. Маросими қадршиносии ҷавонони фаъол ва ташкилотҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор шуда, фаъолияти ҷавонон дар самтҳои гуногун мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Ин озмун барои муаррифии ҷавонони ташаббускор, соҳибистеъдод ва дорои дастовардҳои назаррас заминаи хуб фароҳам меорад. Сазовори чунин унвон гардидан барои ман нишонаи эътирофи заҳматҳо ва дар айни замон, ҳавасмандии бештар ба фаъолияти ҷамъиятӣ мебошад.

Мехоҳам дар ин маврид ба роҳбарияти донишгоҳ, бахусус шуъбаи кор бо ҷавонон, барои дастгирӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид изҳори сипос намоям.

- Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи шумо забондонист. Забонҳои англисӣ, олмонӣ ва русиро медонед, ҳоло забони хитоиро низ меомӯзед. Ин шавқ аз куҷо пайдо шуд?

- Ба андешаи ман, забон воситаи одии гуфтугӯ нест. Он калиди шинохти ҷаҳон, фарҳанг, тафаккур ва имкониятҳои нави инсон мебошад. Аз ҳамин сабаб, омӯзиши забонҳои хориҷиро яке аз самтҳои асосии рушди шахсии худ қарор додаам. Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро омӯхта, соҳиби якчанд сертификати тасдиқкунандаи сатҳи дониш гардидаам. Аз ҷумла, сертификатҳои English Intermediate, TELC ва Goethe-Zertifikat дорам.

Ҳоло омӯзиши забони хитоиро низ идома медиҳам. Ба назари ман, бо назардошти ҷойгоҳи рӯзафзуни Чин дар иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷорат ва муносибатҳои байналмилалӣ, донистани ин забон барои мутахассисони ояндаи соҳаи молия ва иқтисод низ аҳамияти калон дорад. Албатта, забономӯзӣ заҳмати зиёд, сабру таҳаммул ва машқи ҳамарӯзаро талаб мекунад. Ман кӯшиш менамоям, ки забонҳоро на танҳо аз ҷиҳати назариявӣ омӯзам, балки дар муҳити воқеӣ низ истифода барам.

- Ин таҷрибаи амалӣ, ба назари мо, дар фаъолияти шумо ҳамчун тарҷумон низ зоҳир шудааст. Солҳои 2024, 2025 ва 2026 дар чорабиниҳои байналмилалии варзишии Grand Slam фаъолият кардаед. Ин ҳамкорӣ чӣ гуна оғоз ёфт ва аз он чӣ таҷриба андӯхтед?

- Барои ман ин яке аз таҷрибаҳои муҳим ва хотирмони зиндагӣ ба шумор меравад. Дар чорабиниҳои байналмилалии варзишии Grand Slam солҳои 2024, 2025 ва 2026 ба ҳайси тарҷумон фаъолият намудам.

Чунин чорабиниҳо муҳити хуби муошират бо намояндагони кишварҳои гуногун, варзишгарон, мутахассисон ва меҳмонони хориҷӣ мебошанд. Дар ин раванд инсон на танҳо дониши забонии худро месанҷад, балки маҳорати муошират, масъулиятшиносӣ, зудфаҳмӣ ва қобилияти кор дар шароити гуногунро низ такмил медиҳад.

Тарҷумонӣ масъулияти ҷиддӣ дорад. Тарҷумон бояд на танҳо калимаю ибораҳоро дуруст интиқол диҳад, балки мазмуни сухан, мақсад ва андешаи ҳамсуҳбатро низ саҳеҳ расонад.

Ин таҷриба ба ман имкон дод, ки донишҳои назариявии худро дар амал истифода бурда, бо фарҳангу ҷаҳонбинии намояндагони миллатҳои гуногун бештар ошно шавам. Муҳимтар аз ҳама, боварӣ ҳосил кардам, ки донистани забонҳои хориҷӣ метавонад барои ҳар як ҷавон дари имкониятҳои бузургро боз намояд.

- Шумо дар факултети ҳисобдорӣ ва омор ихтисоси аудит ва ревизияро интихоб кардаед. Чаро маҳз ин самт ва оё омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо ихтисоси интихобкардаатон робитаи мустақим дорад?

- Ман ин ихтисосро бо дарки аҳамияти он дар низоми иқтисодиву молиявӣ интихоб намудам. Аудит ва ревизия яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти иқтисодӣ буда, дар таъмини шаффофияти муомилоти молиявӣ, санҷиши дурустии ҳисобот ва пешгирии камбудиҳои молиявӣ нақши муассир дорад.

Дар ҷаҳони муосир фаъолияти аудиторӣ бо меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ робитаи зич дорад. Аз ин рӯ, мутахассисе, ки мехоҳад дар ин соҳа муваффақ бошад, бояд на танҳо донишҳои касбӣ, балки ҷаҳонбинии фарох ва забондонии хуб дошта бошад. Маҳз ҳамин омилҳо маро водор месозанд, ки омӯзиши забонҳои хориҷиро дар баробари ихтисоси асосӣ идома диҳам. Бовар дорам, ки омезиши дониши иқтисодӣ бо забондонӣ метавонад барои расидан ба ҳадафҳои касбии ман заминаи устувор фароҳам оварад.

- Соли пор дар яке аз чорабиниҳои факултет шоҳид будем, ки шумо ҳамроҳи донишҷӯи дигари фаъоли донишгоҳ-Нилгуна Абдулҳақова бо чор забон шеър қироат кардед. Ин иқдом чӣ гуна сурат гирифт?

- Ин чорабинӣ 2 октябри соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омор бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон таҳти унвони “Забон - пойдевори давлат, омӯзгор - чароғи маърифат” баргузор гардид. Бо пешниҳоди масъулони чорабинӣ ман ва ҳамкурсам Нилгуна Абдулҳақова бо чор забон шеър қироат кардем.

Бароямон ин танҳо як баромади фарҳангӣ набуд. Мехостем нишон диҳем, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар баробари эҳтиром ба забони давлатӣ ва забони модарӣ қарор дорад. Ҳар қадар забонҳои бештар донем, ҳамон андоза имконияти муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати худро дар арсаи байналмилалӣ бештар пайдо мекунем.

- Ба фаъолияти ҷамъиятии шумо низ таваҷҷуҳ кардан бамаврид аст. Сарварии гурӯҳи академиро ба зимма доред ва дар чорабиниҳои донишгоҳ фаъолона иштирок мекунед. Ин масъулиятро чӣ гуна иҷро менамояд?

- Ба андешаи ман, донишҷӯи муваффақ танҳо бо баҳои хубу аъло муайян намешавад. Ӯ бояд дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ низ саҳм дошта, нисбат ба ҳамсабақон, омӯзгорон ва муҳити таълимӣ муносибати масъулона зоҳир намояд.

Сарвари гурӯҳ будан пеш аз ҳама масъулияти ташкилию маънавӣ дорад. Кӯшиш мекунам, ки миёни донишҷӯён ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва рӯҳияи созанда ҳукмфармо бошад. Ҳамчунин, дар чорабиниҳои таълимию фарҳангӣ ва маърифатии донишгоҳ иштироки фаъолона дошта бошам.

Бояд гуфт, ки чунин масъулиятҳо ба ташаккули малакаҳои роҳбарӣ, муошират ва кор дар гурӯҳ мусоидат мекунанд. Ин сифатҳо барои фаъолияти минбаъдаи касбӣ низ бисёр муҳиманд.

- Мусаллам аст, ки ДДМИТ аз муассисаҳои дорои шароити хуби таълимӣ ва заминаи мусоиди тарбияи мутахассисони соҳибкасб ба шумор меравад. Дар ин замина, кадом имкониятҳои донишгоҳро барои рушди худ муҳим мешуморед?

- Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои ман на танҳо муассисаи таҳсилоти олӣ, балки муҳити ташаккули шахсият ва омодагӣ ба ҳаёти мустақилона мебошад.

Дар донишгоҳ омӯзгорони соҳибтаҷриба ва мутахассисони варзидаи соҳаи молияву иқтисод фаъолият мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, барои донишҷӯён имкониятҳои гуногуни иштирок дар озмунҳо, конференсияҳо, чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ фароҳам оварда шудаанд.

Ба назари ман, дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва муносибати ғамхоронаи омӯзгорон ба донишҷӯёни ташаббускор дар ташаккули насли соҳибмаърифат ва рақобатпазири мутахассисон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, ман аз имкониятҳои фароҳамовардаи донишгоҳ то ҳадди имкон истифода мебарам ва барои саҳм гузоштан дар муаррифии номи он кӯшиш менамоям.

- Ҳадафи ниҳоии шумо дар фаъолияти касбӣ чист? Оё барои расидан ба он нақшаи мушаххас доред?

- Ҳадафи асосии ман табдил ёфтан ба мутахассиси соҳибтаҷриба ва рақобатпазири соҳаи аудит ва молияи байналмилалӣ мебошад.

Мехоҳам дар оянда аудитори байналмилалӣ гардида, соҳиби сертификати касбии CAP шавам. Инчунин, орзу дорам, ки дар ташкилоту сохторҳои байналмилалӣ фаъолият намуда, дониш ва таҷрибаи андӯхтаамро барои рушди соҳаи иқтисоду молияи кишвари худ истифода барам.

Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳанӯз бояд бисёр омӯзам, таҷриба андӯзам ва сатҳи донишҳои касбии худро такмил диҳам. Ҳамзамон, омӯзиши забонҳои хориҷиро идома дода, мехоҳам доираи ҳамкориҳои байналмилалии худро васеъ намоям.

- Дар фарҷоми суҳбат ба ҳамсолон ва донишҷӯёни донишгоҳ чӣ паём доред?

- Мехоҳам ба ҳамсолонам бигӯям, ки ҷавонӣ беҳтарин фурсат барои омӯзиш, ҷустуҷӯ ва бунёди ояндаи дурахшон аст. Ҳеҷ гоҳ набояд танҳо бо он чизе, ки имрӯз дорем, қаноат кунем. Ҳар як дастоварди бузург аз як қадами хурд, аз як қарори ҷиддӣ ва аз заҳмати пайваста оғоз меёбад.

Забон омӯзед, китоб хонед, аз имкониятҳои донишгоҳ истифода баред, дар озмуну чорабиниҳои илмӣ ва байналмилалӣ иштирок намоед. Аз нокомӣ натарсед, зеро ҳар як таҷриба инсонро қавитар ва ҳадафҳояшро равшантар месозад.

Муҳимтар аз ҳама, дар баробари донишандӯзӣ инсоният, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро фаромӯш насозед. Зеро муваффақияти ҳақиқӣ танҳо дар расидан ба мақоми баланд нест, балки дар он аст, ки инсон бо дониш, қобилият ва фаъолияти созандаи худ ба ҷомеа нафъ расонад.

- Ба шумо дар роҳи донишандӯзӣ, такмили ихтисос ва расидан ба ҳадафҳои бузурги касбӣ барору комёбӣ орзумандем.

- Ба Шумо, устоди гиромиқадр, барои шароит ва минбар фароҳам оварданатон ҷиҳати ибрози назар миннатдории самими худро баён дошта, дар баробари ин, бо истифода аз фурсати муносиб ба раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, омӯзгорон ва тамоми кормандони ин боргоҳи илму маърифат барои дастгириву ғамхорӣ изҳори сипос менамоям. Бовар дорам, ки минбаъд низ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои сазовор муаррифӣ намудани донишгоҳ ва Ватани азизамон кӯшиш хоҳам кард.

P/S:

Исмоил Асроров аз ҷумлаи ҷавононест, ки ба неруи дониш, забономӯзӣ ва имкониятҳои ҷавонӣ эътимод доранд. Фаъолияти байналмилалӣ, дастовардҳои таълимӣ, ғолибият дар озмунҳои бонуфуз ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ далели онанд, ки ӯ барои расидан ба ҳадафҳои бузург роҳи дурустро интихоб кардааст.

Асрори муваффақияти ӯ бори дигар собит месозад, ки истеъдод танҳо замоне ба дастовард табдил меёбад, ки бо ирода, заҳмати пайваста ва талоши ҳамешагӣ ҳамроҳ бошад. Муҳим он аст, ки ҷавон ба имкониятҳои худ бовар дошта бошад ва барои амалӣ намудани ормонҳояш аз ҳар фурсат самаранок истифода барад.

Бовар дорем, ки ин донишҷӯи ташаббускор дар оянда низ бо такя ба донишҳои муосир, забондонӣ ва маҳорати касбӣ ба дастовардҳои нав ноил гардида, дар муаррифии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад. Зеро ояндаи дурахшон насиби онҳоест, ки имрӯз барои он дониш меомӯзанд, заҳмат мекашанд ва қадамҳои устувор мегузоранд.

 

Мусоҳиб: Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ