Дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти ҷавонон табдил ёфтаанд.

Имрӯз донишҷӯён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳамсолон муошират мекунанд, хабар мегиранд, иттилоъ мубодила менамоянд ва аз рӯйдодҳои ҷомеа огоҳ мешаванд.

Яке аз хусусиятҳои муҳити рақамӣ суръати баланди паҳншавии иттилоот аст. Ҳар рӯз инсон бо садҳо хабар, навор, андеша ва маълумоти гуногун рӯ ба рӯ мешавад. Аммо фаровонии иттилоот ҳанӯз маънои зиёд шудани донишро надорад. Дониш аз мутолиа, муқоиса, таҳлил ва андешаронӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, донишҷӯ бояд тавонад байни иттилооти муфид ва маводи беҳадаф фарқ гузорад, манбаъҳоро муқоиса намояд ва ба маълумоти шубҳанок бе санҷиш бовар накунад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе аз донишҷӯён бо вуҷуди дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол будан ба захираҳои таълимӣ ва илмии рақамӣ таваҷҷуҳи камтар зоҳир мекунанд. Баъзеҳо ҳар рӯз чандин маротиба ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешаванд, аммо ба сомонаи донишгоҳ, китобхонаи электронӣ ё манбаъҳои илмӣ кам эътибор медиҳанд. Ин ҳолат моро водор месозад, ки ба як масъалаи муҳим таваҷҷуҳ кунем, яъне имкониятҳои рақамиро барои чӣ истифода мебарем, барои гузаронидани вақт ё рушди шахсият?

Давраи донишҷӯӣ марҳилаи муҳими ташаккули дониш, ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои касбӣ мебошад. Дар ин давра, ҳар соати истифодашуда метавонад ба таҷриба ва дониши нав табдил ёбад. Вақте истифодаи бемаҳдуди шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойи мутолиа, омодагӣ ба дарс, таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши малакаҳои навро мегирад, ин афрод оянда чӣ гуна мутахассис шуда метавонанд?

Мақсади мо ин нест, ки донишҷӯён аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ даст кашанд, балки тарзи дуруст истифода кардани онҳоро донанд. Имрӯз имкониятҳои зиёде барои донишандӯзӣ дар ихтиёри ҷавонон қарор доранд. Сомонаи донишгоҳ, китобхонаҳои электронӣ, захираҳои илмӣ ва интернет метавонанд ба рушди дониш ва касбияти онҳо мусоидат кунанд. Махсусан, сомонаи донишгоҳ метавонад равзанаи муҳими донишҷӯ ба ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва фарҳангии муассиса аст. Дар он маълумот дар бораи чорабиниҳои илмӣ, конференсияҳо, семинарҳо, озмунҳо, дастовардҳои устодону донишҷӯён ва дигар рӯйдодҳои муҳими донишгоҳ ҷой дода шудааст. Аз ин рӯ, пайгирии мунтазами сомонаи донишгоҳ ба донишҷӯ имкон медиҳад, ки аз имкониятҳои таълимӣ ва илмии муассиса ва навигариҳо сари вақт огоҳ шавад.

Вақте донишҷӯ барои дидани саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ вақт ҷудо мекунад, шиносоӣ бо сомонаи донишгоҳ низ бояд як қисми одии фаъолияти рақамии ӯ бошад.

Бо рушди технологияҳо китобхонаҳои электронӣ ва захираҳои рақамӣ дастрасии донишҷӯёнро ба китобҳо, мақолаҳои илмӣ, маҷаллаҳо ва дигар маводи таълимӣ осон кардаанд. Ин имконият махсусан барои донишҷӯёне муҳим аст, ки мехоҳанд корҳои мустақилона, таҳқиқоти илмӣ ва корҳои курсиву дипломиро дар сатҳи баланд омода намоянд. Аз ин рӯ, истифодаи китобхонаҳои электронӣ бояд ба як қисми фаъолияти таълимии донишҷӯ табдил ёбад.

Интернет метавонад барои донишҷӯ ҳам василаи фароғат ва ҳам муҳити омӯзиш бошад. Ҳама чиз аз ҳадафи истифода вобаста аст. Як донишҷӯ метавонад аз интернет барои омӯзиши забони хориҷӣ, дарёфти адабиёти ихтисосӣ, иштирок дар курсҳои онлайн ва такмили малакаҳои касбӣ истифода барад. Дигаре метавонад ҳамон вақтро асосан барои тамошои маводи тасодуфӣ сарф кунад. Фарқ дар худи технология нест, балки дар тарзи истифодаи он аст.

Мақсад аз интишори ин матлаб он аст, ки донишҷӯ дар баробари истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба китобхона, сомонаи донишгоҳ ва дигар захираҳои таълимӣ низ рӯ оварад. Зеро донишҷӯи муосир бояд истифодабарандаи босавод, масъул ва мақсадноки имкониятҳои рақамӣ бошад.

 

Сарвинисо ДАВЛАТОВА,

ассистенти кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёти факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣии ДДМИТ