ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ
Ҳар як миллат дар ҷаҳон дорои арзишҳое мебошад, ки ҳастии давлат ва фарҳанги худро дар таърихи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Забон на танҳо воситаи гуфтугӯ ва муоширати мардум, балки таърихи ҳазорсолаҳо, фарҳанги ғанӣ, ҷаҳонбиниву орзуҳои ҳар як миллати моро дар худ нигоҳ дошта, чун яке муҳимтарин арзишҳои миллӣ ва пояи асосии давлатдорӣ ба шумор меравад. Бояд ҳар як фарди тоҷик забони модарии худро ҳифз намояд, ки ин қарзи шаҳрвандии ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Забони тоҷикӣ таърихи бой ва фарҳанги ғанӣ дорад. Ба ин маънӣ, ин забон осори гаронбаҳои адибону шоирони бузург то имрӯз ҳифз гардида, ба наслҳои оянда расидааст. Забон на танҳо воситаи муошират, балки рамзи ваҳдат, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ низ мебошад.
Ба андешаи ман, ҳар яки мо бояд барои покиву равонии забони тоҷикӣ саҳм гузорем. Хусусан, ҷавонон бояд ин забони давлатиро дуруст омӯзанд, эҳтиром намоянд ва дар гуфтору навишт онро дуруст истифода баранд. Ин амал нишонаи фарҳанг, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Илова бар ин, забони давлатӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа нақши бисёр муҳим дорад. Пешрафти илму маориф, фарҳанг ва адабиёт бевосита ба рушди забони тоҷикӣ вобаста аст, аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд барои ҳифз, омӯзиш ва истифодаи дурусти забони давлатӣ масъулият эҳсос намояд. Имрӯз барои рушди забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар муассисаҳои таълимӣ, идораҳои давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма ба истифодаи забони давлатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.
Ин ҳама барои баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат мекунад. Мо бояд забони модарии худро дӯст дорем, онро пос дорем ва ба наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ боқӣ гузорем.
Дилафрӯз МИРЗОЕВА,
ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng