Масъулияти шаҳрвандӣ, маърифати молиявӣ ва амнияти иқтисодӣ инҳо се омили муҳими рушди устувори ҷомеа ба шумор мераванд!

Яҳё Бобоназаров аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъолу ташаббускори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, дар баробари таҳсил дар курси 4-юми ихтисоси 1-25010202, иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ, инчунин ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва масъалаҳои мубрами иқтисодиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса дорад. Ӯ соли 2025 дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» аз рӯйи номинатсияи «Маърифати молиявӣ» сазовори ҷойи аввал гардида, соли 2026 дар Олимпиадаи VI байналмилалии «Амнияти молиявӣ» дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия иштирок намуд.

Ҳамзамон, Яҳё Бобоназаров дар маҳфилҳои илмии донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, оид ба рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ, амнияти иқтисодӣ ва захираҳои гидроэнергетикӣ, инчунин масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстии ҷавонон мақолаҳои таҳлилӣ омода кардааст.

Дар суҳбати ихтисосии сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ Муҳаммадалӣ Очилдиев бо ин донишҷӯи фаъол доир ба дастовардҳо, фаъолияти илмӣ, нақши маърифати молиявӣ дар ҷомеа ва саҳми ҷавонон дар рушди иқтисоди миллӣ андешаҳо баён мегарданд.

- Нахуст, Шуморо барои дастовардҳо ва иштироки фаъолона дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ табрик мегӯем. Лутфан, бигӯед, ки шавқу рағбати Шумо ба соҳаи молия ва иқтисод аз куҷо сарчашма гирифт?

- Пеш аз ҳама, барои таваҷҷуҳ, арзи сипос ва фароҳам овардани чунин имконият барои муаррифии фаъолияти донишҷӯён таҳти унвони “Номоварони ДДМИТ” ба шумо-устоди азиз, изҳори миннатдорӣ менамоям. Ин минбар метавонад дар муаррифӣ ва такомули минбаъдаи мо-ҷавонон хизмати шоиста намояд. Шавқу ҳавасамонро ба илмомӯзиву талош барои сохтани фардои худ дучанд гардонад.

Интихоби соҳаи молия ва қарз барои ман тасодуфӣ набуд. Молия яке аз соҳаҳои калидии иқтисодиёт буда, дар рушди соҳибкорӣ, фаъолияти низоми бонкӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлат нақши муҳим дорад.

Ман чунин мешуморам, ки ҳар як ҷавон бояд на танҳо донишҳои назариявӣ омӯзад, балки кӯшиш намояд, ки онҳоро дар амал татбиқ кунад. Маҳз ҳамин андеша маро ба омӯзиши амиқи масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодӣ, иштирок дар маҳфилҳои илмӣ ва омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳо ҳавасманд месозад.

- Яке аз дастовардҳои муҳими Шумо ғолибият дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» аз рӯйи номинатсияи «Маърифати молиявӣ» мебошад. Ин муваффақият барои Шумо чӣ аҳамият дорад?

- Соҳиби ҷойи аввал гардидан дар ин олимпиада барои ман ҳам мояи ифтихор ва ҳам масъулияти бештар аст. Олимпиадаи мазкур, ки бо ташаббуси муштараки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва «Амонатбонк» баргузор гардид, имконият фароҳам овард, ки донишҳои худро санҷида, таҷрибаи нав андӯхта, бо дидгоҳҳои дигар донишҷӯён шинос шавам.

Маърифати молиявӣ танҳо донистани истилоҳҳои иқтисодӣ нест. Он қобилияти дуруст идора кардани даромаду хароҷот, банақшагирии буҷети шахсӣ, истифодаи оқилонаи хизматрасониҳои бонкӣ ва пешгирӣ аз хавфҳои молиявиро дар бар мегирад.

Бовар дорам, ки баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонон ба ташаккули муносибати масъулона нисбат ба маблағ, коҳиш додани мушкилоти молиявӣ ва таҳкими суботи иқтисодии ҷомеа мусоидат менамояд.

- Чанде қабл дар Олимпиадаи VI байналмилалии «Амнияти молиявӣ» дар шаҳри Красноярски Федератсияи Россия иштирок намудед. Ин сафар чӣ гуна таҷриба буд ва ба рушди донишҳои касбиатон чӣ таъсир расонд?

- Иштирок дар ин олимпиада барои ман таҷрибаи арзишманд ва фаромӯшнашаванда буд. Чорабинӣ аз 27 сентябр то 2 октябри соли 2026 баргузор шуда, беш аз 700 донишҷӯ ва хонандаи 46 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овард.

Дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ иштирок кардан имконият медиҳад, ки бо таҷрибаи кишварҳои гуногун шинос шавӣ, донишҳои худро такмил диҳӣ ва масъалаҳои амнияти молиявиро аз дидгоҳи васеътар омӯзӣ. Дар баробари барномаҳои асосӣ, мо дар бозиҳои зеҳнӣ, мастер-классҳо, семинарҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ низ фаъолона иштирок намудем.

Ҳамчунин, сазовори Дипломи дараҷаи II гардидани ҳамсафари мо Умедҷон Азизов дар самти муносибатҳои байналмилалӣ дастоварди назаррас буд. Ин муваффақиятҳо нишон медиҳанд, ки донишҷӯёни ДДМИТ барои иштирок дар рақобатҳои байналмилалӣ имконият ва омодагии зарурӣ доранд. Ин таҷриба маро водор сохт, ки ба омӯзиши масъалаҳои амнияти молиявӣ, хавфҳои иқтисодӣ ва технологияҳои муосир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоям.

- Ёд дорам, ки аз аъзои фаъоли маҳфили илмии «Дурахши илм» дар назди донишгоҳ ҳастед ва боре низ дар мавзуи «Масъалаҳои гузариш ба шаклҳои хизматрасониҳои бонкӣ дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт» баромади хеле пурмуҳтавову пухта карда будед. Рақамикунонии низоми бонкӣ чӣ бартарият дорад ва кадом мушкилотро ба миён меорад?

- Рақамикунонии иқтисодиёт яке аз равандҳои муҳимми замони муосир мебошад. Имрӯз хизматрасониҳои бонкии рақамӣ, барномаҳои мобилӣ ва пардохтҳои электронӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, ки бисёр амалиёти молиявиро зуд ва бе ҳузури ҷисмонӣ дар муассисаҳои бонкӣ анҷом диҳанд.

Ин раванд ба сарфаи вақт, коҳиши хароҷот ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳо мусоидат мекунад. Дар баробари ин, масъалаҳои ҳифзи маълумоти шахсӣ, пешгирии қаллобии интернетӣ ва таъмини амнияти пардохтҳои электронӣ низ аҳаммияти калон доранд. Аз ин рӯ, рушди хизматрасониҳои бонкӣ бояд бо баланд бардоштани маърифати молиявию рақамии аҳолӣ ҳамоҳанг бошад. Танҳо дар чунин ҳолат метавон аз имкониятҳои технологияҳои муосир самаранок истифода бурд ва эътимоди шаҳрвандонро ба хизматрасониҳои рақамӣ тақвият бахшид.

- Мебинам, ки дар мақоланависӣ ҳам маҳорат доред. Дар як мақолаи худ ба мавзуи «Амнияти иқтисодии кишвар ва ҳамбастагии он ба захираҳои гидроэнергетикӣ» таваҷҷуҳ кардаед. Ба назари Шумо, истифодаи самараноки ин захираҳо барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад?

- Амнияти иқтисодӣ яке аз омилҳои асосии рушди устувори давлат мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои гидроэнергетикӣ аҳаммияти махсус доранд, зеро истифодаи оқилонаи онҳо метавонад ба таъмини устувори неруи барқ, рушди саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар мусоидат намояд. Ҳамзамон, рушди соҳаи гидроэнергетика барои ҷалби сармоягузорӣ, густариши истеҳсолоти ватанӣ ва истифодаи имкониятҳои табиии кишвар замина фароҳам меорад.

Албатта, барои истифодаи самараноки ин захираҳо ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, идоракунии босамар ва таваҷҷуҳ ба масъалаҳои экологӣ зарур аст. Бовар дорам, ки рушди ин соҳа метавонад дар таҳкими амнияти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми арзанда гузорад.

- Дар мақолаи дигаратон, ки ба меҳанпарастӣ нигаронида шудааст, мегӯед, ки «Ватан амонат аст ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ кафили ҳифзи ин амонат мебошад. Бигӯед, ки ҷавони муосир ҳоло дар ҳифзи ин амонат чӣ нақш дорад?

Ватан барои ҳар як инсон арзиши муқаддас буда, ҳифзи он масъулияти бузурги шаҳрвандӣ мебошад. Ба андешаи ман, ватандӯстӣ танҳо бо сухан маҳдуд намешавад, балки дар меҳнати ҳалол, эҳтиром ба қонун, омӯзиши илму дониш ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар таҷассум меёбад.

Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлат бояд барои аз худ кардани донишҳои муосир, касбу ҳунар ва таҷрибаи пешқадам талош намоянд. Ҳар як ҷавоне, ки бо масъулият таҳсил мекунад, соҳиби касб мегардад ва барои рушди ҷомеа саҳм мегузорад, дар таҳкими давлатдорӣ ва истиқлолияти миллӣ нақши муҳим мебозад. Ман бар он назарам, ки Ватан воқеан амонат аст ва мо бояд онро бо илму маърифат, меҳнати созанда ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ҳифз карда, ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

- Дар анҷом, ки нақшаҳои минбаъдаи Шумо аз чӣ иборатанд ва ба ҳамсолони худ чӣ маслиҳат медиҳед?

- Нақшаи асосии ман идомаи омӯзиш, такмили донишҳои касбӣ ва рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад. Мехоҳам дар оянда масъалаҳои марбут ба амнияти молиявӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва рушди низоми бонкиро амиқтар омӯзам ва донишҳои андӯхтаамро дар амал татбиқ намоям.

Ба ҳамсолонам тавсия медиҳам, ки барои худ ҳадафҳои мушаххас гузошта, пайваста омӯзанд, аз имкониятҳои донишгоҳ самаранок истифода баранд ва дар маҳфилҳои илмӣ, олимпиадаҳо ва чорабиниҳои донишҷӯӣ фаъолона иштирок намоянд. Зеро муваффақият натиҷаи меҳнат, сабру таҳаммул, интизом ва омӯзиши пайваста мебошад.

Дар ин ҷо мехоҳам ба устодон ва роҳбарияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму омӯзиш, дастгирии ташаббусҳои илмии донишҷӯён ва мусоидат ба иштироки мо дар чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ,  ҳамчунин устоди раҳнамоям Махшулов Саидхӯҷа изҳори сипос намоям.

Бо арзи сипос ва умедворӣ иброз медорам, ки дар оянда низ бо талошу омӯзиши пайваста донишҳои худро такмил дода, дар озмуну олимпиадаҳои илмӣ фаъолона иштирок хоҳам кард. Умедворам, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва дастгирии устодон дар оянда ҳамчун мутахассиси соҳибкасб ташаккул ёфта, ба рушди иқтисоди миллӣ ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузорам.

P/S:

Дастовардҳои Яҳё Бобоназаров бозгӯи онанд, ки омӯзиши пайваста, ташаббускорӣ ва таваҷҷуҳ ба илм барои рушди касбии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд. Фаъолияти ӯ дар самтҳои маърифати молиявӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ, амнияти иқтисодӣ ва тарбияи ватандӯстӣ аҳаммияти дониш ва масъулияти шаҳрвандиро дар ҷомеаи муосир инъикос менамояд.

Бешубҳа, дастгирии донишҷӯёни фаъол ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои рушди истеъдодҳои ҷавон ба омода намудани мутахассисони рақобатпазир мусоидат мекунад. Зеро ҷавонони донишманду ватандӯст метавонанд бо илму маърифат, меҳнати созанда ва ҳисси баланди масъулият дар таҳкими амнияти молиявӣ ва рушди иқтисоди миллии кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Мусоҳиб:

Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ