Суҳбати ихтисосии сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Муҳаммадалӣ Очилдиев бо сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҷаҳонгир Худойбердиев дар ҳошияи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ

Истиқлоли давлатӣ барои низоми таҳсилоти олии кишвар имкониятҳои васеи ҳамгироӣ бо фазои байналмилалии илму маорифро фароҳам овард. Дар ин раванд, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ бо густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ, татбиқи барномаҳои мубодилаи академӣ ва ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ мавқеи худро дар фазои байналмилалии таҳсилот тақвият мебахшад. Имрӯз ҳамкориҳои байналмилалӣ на танҳо василаи муаррифии донишгоҳ, балки омили муҳими баланд бардоштани сифати таълим, рушди таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир ба шумор мераванд.

Суҳбати мо бо сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Худойбердиев Ҷаҳонгир Маҳмуродович дар ҳошияи ҷашнҳои бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар атрофи дастовардҳо, имкониятҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ сурат гирифт.

- Ҷаҳонгир Маҳмуродович, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар низоми фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чӣ ҷойгоҳ доранд ва дар остонаи ҷашнҳои миллӣ ва донишгоҳӣ кадом ҳадафҳоро пайгирӣ мекунед?

- Ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии он нақши муҳим доранд. Дар шароити ҷаҳонишавии илму маориф ва рушди босуръати технологияҳои муосир муассисаи таҳсилоти олӣ наметавонад танҳо дар доираи имкониятҳои дохилӣ фаъолият кунад. Барои таъмини сифати баланди таҳсилот, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва рушди таҳқиқоти илмӣ ҳамкории судманд бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷӣ зарур аст. Аз ин рӯ, фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба густариши муносибатҳои байнидонишгоҳӣ, ҷалби шарикони нав, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, рушди мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави омӯзишӣ равона шудааст.

Барои мо муҳим он аст, ки ҳар як созишномаи басташуда ба натиҷаи мушаххас: мубодилаи дониш ва таҷриба, такмили ихтисоси омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳи омодагии донишҷӯён ва таҳкими иқтидори илмии донишгоҳ  мусоидат намояд. Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ барои бознигарии дастовардҳо, муайян намудани вазифаҳои нав ва тақвияти мавқеи ДДМИТ дар фазои байналмилалии таҳсилот имконияти муносиб фароҳам меорад.

- Тибқи маълумоти мавҷуда, донишгоҳ бо зиёда аз 170 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дорад. Ҷуғрофияи ин муносибатҳо то куҷо густариш ёфтааст ва чунин доираи шарикон чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

- Ин нишондиҳанда аз густариши тадриҷии робитаҳои байналмилалӣ ва афзоиши имкониятҳои донишгоҳ барои иштирок дар равандҳои минтақавию ҷаҳонии таҳсилот шаҳодат медиҳад. Ҷуғрофияи ҳамкориҳои мо кишварҳои гуногунро фаро мегирад. Аз ҷумла, бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Беларус, Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин як қатор давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Олмон, Испания, Фаронса, Кипр, Литва, Полша, Словакия ва Белгия робитаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимии Британияи Кабир, Ҷумҳурии Корея, Малайзия, Гурҷистон, Молдова ва дигар кишварҳо низ самтҳои байналмилалии фаъолияти донишгоҳро фаро мегиранд. Чунин доираи васеи шарикон барои омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, таҳияи ташаббусҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, ташкили табодули академӣ ва такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорон замина фароҳам меорад. Дар марҳилаи кунунӣ ҳадафи мо на танҳо афзоиш додани шумораи шарикон, балки тақвияти самаранокии ҳамкориҳои мавҷуда мебошад. Зеро арзиши воқеии муносибатҳои байналмилалӣ дар натиҷаҳои амалӣ ва саҳми онҳо дар рушди донишгоҳ таҷассум меёбад.

- Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими ҳамгироии байналмилалӣ мубодилаи академии донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Дар ин самт донишгоҳ чӣ натиҷа ба даст овардааст?

- Мубодилаи академӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба шумор рафта, барои васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён, шиносоӣ бо низомҳои гуногуни таълим ва ташаккули салоҳиятҳои касбии онҳо мусоидат мекунад. Тибқи маълумоти мавҷуда, то имрӯз 220 донишҷӯи донишгоҳ дар барномаҳои мубодилаи байналмилалӣ иштирок намудаанд. Аз ин шумора 129 нафар ба Федератсияи Россия, 82 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон, 3 нафар ба Ҷумҳурии Беларус, 4 нафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 2 нафар ба Ҷумҳурии Кипр сафарбар шудаанд. Ин таҷриба ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар муҳити нави таълимӣ дониш ва малакаҳои худро такмил дода, бо усулҳои муосири омӯзиш, таҷрибаи касбӣ ва фарҳанги кишварҳои дигар шинос шаванд. Ҳамзамон, онҳо ҳамчун намояндагони донишгоҳу кишвари худ дар муаррифии имкониятҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Мо мекӯшем, ки имкониятҳои мубодилаи академӣ ба доираи васеътари донишҷӯён дастрас бошанд ва интихоби барномаҳо ба ихтисосҳои онҳо мувофиқат кунад. Дар оянда низ густариши чунин барномаҳо, ҷустуҷӯи имкониятҳои нави ҳамкорӣ ва тақвияти робита бо шарикони байналмилалӣ аз вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд.

- Дар баробари донишҷӯён, рушди касбии омӯзгорон низ барои баланд бардоштани сифати таълим аҳаммияти калон дорад. Дар ин самт кадом имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд?

- Бешубҳа, сифати таҳсилот пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии омӯзгор вобаста аст. Аз ин рӯ, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба табодули таҷрибаи омӯзгорон, иштирок дар курсҳои такмили ихтисос, семинарҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои илмии байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Омӯзгорон метавонанд дар доираи созишномаҳои байнидонишгоҳӣ, даъватномаҳо ва барномаҳои дастгирӣ аз таҷрибаи муассисаҳои таълимии хориҷӣ баҳра гирифта, бо усулҳои муосири таълим ва дастовардҳои нави илмӣ шинос шаванд. Чунин ҳамкориҳо барои таҳкими робитаҳои касбӣ, ташаккули малакаҳои забонӣ ва рақамӣ, такмили усулҳои таълим ва пайдо намудани имкониятҳои нави таҳқиқотӣ мусоидат мекунанд.

Ҳадафи асосӣ аз ин раванд танҳо иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ нест. Муҳим он аст, ки таҷрибаи андӯхташуда ба муҳити таълимии донишгоҳ ворид гардида, барои беҳтар шудани сифати дарсҳо, таҳияи маводи таълимӣ ва тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ истифода шавад.

- Дар ин замина, иштирок дар барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Erasmus+ ва дигар ташаббусҳои таълимӣ чӣ аҳаммият доранд?

- Барномаҳои байналмилалӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ имкониятҳои иловагии ҳамкорӣ, омӯзиш ва рушди иқтидори инсонӣ фароҳам меоранд. Иштирок дар чунин ташаббусҳо ба донишгоҳ имкон медиҳад, ки бо шарикони нав робита барқарор карда, таҷрибаи пешқадами таълимӣ ва илмиро омӯзад ва барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак замина гузорад. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мо ҷустуҷӯи имкониятҳои иштироки донишгоҳ дар барномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Erasmus+ ва ташаббусҳои таълимии Фулбрайт мебошад. Ҳамзамон, барои рушди ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби коршиносони хориҷӣ, ташкили семинару конференсияҳо ва табодули таҷрибаи касбӣ низ имкониятҳои мавҷуда омӯхта мешаванд. Мо ба он таваҷҷуҳ дорем, ки иштироки донишгоҳ дар чунин барномаҳо хусусияти пайваста касб намуда, дар рушди иқтидори илмӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва тавсеаи муносибатҳои байналмилалӣ натиҷаҳои мушаххас ба бор оварад.

- Тибқи маълумот, донишгоҳ иштирокчии Институти байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм низ мебошад. Ин ҳамкорӣ чӣ аҳамияти амалӣ дорад?

- Ин самти ҳамкорӣ барои донишгоҳ аҳамияти махсус дорад, зеро ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи амнияти молиявию иқтисодӣ, баланд бардоштани саводнокии касбӣ ва омӯзиши масъалаҳои муҳими низоми молиявӣ равона шудааст. Бояд тазаккур намоям, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 17 майи соли 2017 узви Институти байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (шустушӯи) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм мебошад. Ҳамкорӣ дар ин самт бо иштироки сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Маркази байналмилалии таълимӣ-методии мониторинги молиявӣ дар шаҳри Москва, амалӣ мегардад. Дар доираи ин ҳамкорӣ омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ метавонанд дар конференсияҳои байналмилалӣ, олимпиадаҳо ва курсҳои такмили ихтисос иштирок намоянд. Ҳамчунин, истифодаи маводи таълимӣ-методӣ ва имкониятҳои платформаи рақамии AML.Uni барои омӯзиши фосилавӣ ва санҷиши дониш пешбинӣ шудааст. То имрӯз зиёда аз 15 омӯзгори донишгоҳ аз курсҳои такмили ихтисос дар доираи ин ҳамкорӣ гузаштаанд. Ҳамчунин, беш аз 250 донишҷӯ дар олимпиадаҳои баргузорнамудаи Институти байналмилалии шабакавӣ иштирок кардаанд. Ин таҷриба барои ташаккули донишҳои махсус, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи соҳаи амнияти молиявӣ мусоидат менамояд.

- Дар шароити рақамикунонии иқтисод ва тағйирёбии босуръати бозори меҳнат, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва таъсиси ихтисосҳои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ то чӣ андоза муҳим аст?

- Дар шароити имрӯза, ки иқтисоди ҷаҳонӣ ба технологияҳои рақамӣ, навоварӣ ва донишҳои тахассусӣ такя мекунад, мазмун ва сифати таҳсилот бояд ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ бошанд. Аз ин рӯ, ҳамкориҳои байналмилалӣ бояд на танҳо имкониятҳои табодули академиро васеъ кунанд, балки ба навсозии барномаҳои таълимӣ ва такмили усулҳои омодасозии мутахассисон низ мусоидат намоянд. Яке аз самтҳои афзалиятноки рушди донишгоҳ ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ, аз ҷумла барномаҳои «таҳсилоти дудиплома», мебошад. Татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад барои донишҷӯён имкониятҳои нави таҳсил ва касбомӯзиро фароҳам оварда, ҳамзамон робитаҳои таълимии донишгоҳро бо муассисаҳои шарик тақвият бахшад. Дар баробари ин, рушди таҳсилоти фосилавӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим ва ҷалби профессорону коршиносони хориҷӣ аз самтҳои муҳими фаъолият ба ҳисоб мераванд. Албатта, татбиқи чунин барномаҳо омодагии ҷиддии методӣ, ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимӣ ва риояи талаботи меъёрии дахлдорро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, мо масъалаи густариши ҳамкориҳоро бо назардошти имкониятҳои воқеӣ ва ҳадафҳои стратегии донишгоҳ пайгирӣ менамоем.

- Яке аз нишонаҳои эътирофи байналмилалии муассисаи таҳсилоти олӣ ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ мебошад. Имрӯз дар ДДМИТ чӣ қадар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд ва барои онҳо чӣ шароит фароҳам оварда шудааст?

- Ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти байналмилалии донишгоҳ мебошад. Тибқи маълумоти мавҷуда, айни замон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 83 донишҷӯи хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зинаҳои гуногуни таҳсилот таҳсил менамоянд. Донишгоҳ барои таъмини шароити мусоиди таълим ва зиндагии донишҷӯён инфрасохтори зарурӣ дорад. Ҳафт факултет ва имкониятҳои таълимӣ бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ — барои омода намудани мутахассисон дар самтҳои гуногуни иқтисод, молия, идоракунӣ ва дигар соҳаҳои марбут замина фароҳам меоранд. Ҳамчунин, дар донишгоҳ гурӯҳҳои таълимӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ низ фаъолият доранд. Таъмини донишҷӯён бо маводи таълимӣ ва сарчашмаҳои зарурӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои истифодаи инфрасохтори донишгоҳ барои баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидат мекунад. Дар баробари ин, мавҷудияти хобгоҳҳо, китобхона, китобхонаи электронӣ, толорҳои варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон барои ташкили муҳити муносиби таълим ва зиндагии донишҷӯён аҳаммияти калон дорад. Мо бар онем, ки густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани эътибори донишгоҳ метавонанд барои ҷалби бештари довталабони хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.

- Дар баробари ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, муаррифии донишгоҳ дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ низ муҳим аст. Дар ин самт кадом иқдомҳо амалӣ мешаванд?

- Муаррифии донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ яке аз вазифаҳои муҳими шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ мебошад. Мо кӯшиш мекунем, ки имкониятҳои таълимӣ ва илмии донишгоҳ, дастовардҳои ҳайати профессорону омӯзгорон ва иқтидори донишҷӯён дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ сазовор муаррифӣ шаванд. Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ олимон, омӯзгорон ва коршиносони хориҷӣ ба чорабиниҳои илмии донишгоҳ даъват шуда, ҳамзамон намояндагони донишгоҳ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Баргузории семинарҳо, конференсияҳо ва вохӯриҳои илмӣ, аз ҷумла дар шакли маҷозӣ, барои мубодилаи таҷриба ва ташаккули робитаҳои нави касбӣ имконият фароҳам меорад. Чунин чорабиниҳо на танҳо ба густариши муносибатҳои илмӣ, балки ба ҷустуҷӯи самтҳои нави таҳқиқот, омода намудани лоиҳаҳои муштарак ва тақвияти ҳамкории байни муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунанд. Дар оянда низ талош хоҳем кард, ки иштироки донишгоҳ дар чунин чорабиниҳо ҳадафмандтар гардида, барои рушди илм, такмили таълим ва баланд бардоштани эътибори байналмилалии ДДМИТ натиҷаҳои амалӣ ба бор оварад.

- Масъалаи аккредитатсияи байналмилалӣ ва иштирок дар рейтингҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар стратегияи рушди донишгоҳ ҷойгоҳи муҳим дорад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо кадом вазифаҳо дар мадди назар қарор доранд?

- Аккредитатсияи байналмилалӣ яке аз воситаҳои муҳими арзёбии мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ мебошад. Он метавонад ба баланд бардоштани сифати таълим, такмили низоми идоракунии академӣ ва таҳкими эътимоди шарикону довталабон мусоидат намояд. Дар ин замина, омӯзиши талаботи аккредитатсияи байналмилалӣ, таҳлили таҷрибаи муассисаҳои пешқадам, такмили барномаҳои таълимӣ ва тақвияти низоми дохилии таъмини сифат аҳаммияти калон доранд. Ҳамзамон, иштироки донишгоҳ дар рейтингҳои минтақавию байналмилалӣ метавонад барои арзёбии мавқеи он дар муҳити таҳсилоти олӣ ва муайян намудани самтҳои такмили фаъолият имконият фароҳам оварад. Албатта, расидан ба ин ҳадафҳо раванди пайгирона буда, ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ, рушди иқтидори илмӣ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои таълимӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, ин масъалаҳо дар доираи дурнамои рушди донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд.

- Дар фарҷоми суҳбат мехостем дар бораи дурнамои фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва вазифаҳои асосии он дар марҳилаи нави рушди донишгоҳ маълумот диҳед.

- Вазифаи асосии мо дар марҳилаи минбаъда аз он иборат аст, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ ба яке аз омилҳои муассири баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм ва тақвияти иқтидори рақобатпазирии донишгоҳ табдил ёбанд. Барои ин, пеш аз ҳама, густариши муносибатҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ, рушди барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ва фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ муҳим мебошанд. Дар баробари ин, мо ба ҷустуҷӯи имкониятҳои нави татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, таҳияи лоиҳаҳои илмӣ, ҷалби профессорону коршиносони хориҷӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар самти такмили ихтисоси кадрҳо таваҷҷуҳ хоҳем кард. Масъалаи омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи муосир ва фароҳам овардани замина барои аккредитатсияи байналмилалӣ низ аз ҷумлаи самтҳои муҳим боқӣ мемонад. Мо хуб дарк мекунем, ки эътибори байналмилалии донишгоҳ танҳо бо шумораи созишномаҳо муайян намешавад. Он пеш аз ҳама ба сифати таълиму тарбия, сатҳи омодагии мутахассисон, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва самаранокии ҳамкориҳои амалӣ вобаста аст. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ҳамкории сохторҳои дахлдори донишгоҳ талош хоҳем кард, ки муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам мазмуну муҳтавои нав касб намуда, ба татбиқи ҳадафҳои стратегии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мусоидат намоянд.

- Барои суҳбати самимӣ ва маълумоти муфассал изҳори сипос менамоем. Умедворем, ки ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ дар марҳилаи минбаъда боз ҳам густариш ёфта, дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ва муаррифии шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд.

- Ташаккури зиёд. Аз фурсат истифода бурда, тамоми устодону кормандон, донишҷӯён ва хатмкунандагони донишгоҳро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи пойдор, ба донишгоҳ пешрафту дастовардҳои нав ва ба аҳли таълиму тарбия муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоям.

P/S:

Ҳамкориҳои байналмилалӣ барои ДДМИТ на танҳо имкони омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ, балки омили муҳими таҳкими нуфузи донишгоҳ ва омода кардани мутахассисони рақобатпазир мебошанд. Зеро донишгоҳе, ки бо ҷаҳон ҳамқадам аст, барои ояндаи кишвар кадр месозад; кадре, ки метавонад донишро ба неруи пешбарандаи иқтисоди миллӣ табдил диҳад. Ин аст ҳадафи стратегии ҳамкориҳои байналмилалии ДДМИТ.

 

Мусоҳиб: Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ