Баъзан як натиҷа аз доираи муваффақияти шахсӣ берун меравад. Вақте ҷавоне дар миёни садҳо донишҷӯи кишварҳои гуногун ба зинаи ифтихорӣ мерасад, дар паси он дастовард танҳо истеъдоди як нафар не, балки мактаби таълимӣ, муҳити донишгоҳӣ, заҳмати устодон ва, пеш аз ҳама, иродаи худи ҷавон меистад.

Рӯзҳои 27 сентябр - 2 октябр дар Донишгоҳи федералии Сибир, воқеъ дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия, Олимпиадаи шашуми байналмилалӣ оид ба амнияти молиявӣ баргузор гардид. Дар он беш аз 700 донишҷӯ аз 46 кишвари ҷаҳон ва чор қитъаи олам иштирок намуданд. Рақобат аз рӯйи самтҳои амнияти иқтисодӣ, амнияти иттилоотӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқшиносӣ сурат гирифт.

Дар ин майдони бузурги рақобат донишҷӯи соли чоруми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Азизов Умедҷон Киромиддинович ҷойи дуюмро соҳиб шуд.

Ин дастовард дар идомаи роҳи пайвастаи омӯзишу талоши ӯ ба даст омадааст. Умедҷон ҳанӯз соли 2024, замоне ки донишҷӯи курси якум буд, ба финали озмуни ҷумҳуриявии бизнес-инкубатори Тоҷикистон роҳ ёфт. Соли 2026 бошад, дорандаи Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе дар соҳаи техника ва технология гардид. Бар замми ин, узви созмонҳои Пайравони Пешвои миллат ва Волонтёрони Тоҷикистон буда, дар корҳои ҷамъиятиву донишгоҳӣ ҳам фаъол аст.

Дастоварди Умедҷонро метавон аз чанд паҳлу арзёбӣ кард: ҳамчун натиҷаи меҳнати шахсӣ, нишонаи омодагии донишҷӯи тоҷик ба рақобати байналмилалӣ ва намунаи истифодаи имкониятҳои фароҳамомада барои ҷавонон.

Дар суҳбати ихтисосии мо Умедҷон дар бораи роҳи расидан ба ин натиҷа, ки аз дастгириҳои доимии Пешвои миллат ва талқини он кас ба ҷавонон дар роҳи донишандӯзиву азхудкунии илмҳои муосир, инчунин, нақши ДДМИТ ва устодон, таҷрибаи аввалини озмунӣ, аҳамияти илмомӯзӣ, рақобати байналмилалӣ ва нақшаҳои ояндаи худ андеша мекунад.

- Умедҷон, шуморо ба муносибати ин дастоварди муҳим табрик мегӯем. Олимпиадаи шашуми байналмилалӣ оид ба амнияти молиявӣ чӣ гуна баргузор шуд ва шумо дар он чӣ гуна ширкат кардед?

- Ташаккур устод, барои табрикотатон. Барои ман ин натиҷа, пеш аз ҳама, масъулияти бештар аст. Олимпиада рӯзҳои 27 сентябр - 2 октябр дар Донишгоҳи федералии Сибир, воқеъ дар шаҳри Красноярск, баргузор шуд. Дар он беш аз 700 донишҷӯ аз 46 кишвари ҷаҳон ва чор қитъаи олам иштирок карданд. Рақобат аз рӯйи чор самт: амнияти иқтисодӣ, амнияти иттилоотӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқшиносӣ ташкил ва баргузор шуда буд. Аз ин рӯ, сатҳи омодагии иштирокчиён баланд буд. Дар чунин муҳит танҳо донистани мавзуъ кофӣ нест. Бояд масъалаҳоро таҳлил карда, мантиқӣ андешида, роҳи ҳалли худро пешниҳод карда тавонӣ. Барои ман ҷойи дуюмро соҳиб шудан дар чунин рақобат, албатта, ифтихор аст. Аммо бештар аз натиҷа эҳсосе дар хотирам мондааст, ки ҳангоми барафрохтани парчами Тоҷикистон доштам. Дар чунин лаҳза дарк мекунӣ, ки муваффақияти шахсии ту метавонад ба номи кишварат пайванд хӯрад.

- Рақобат бо намояндагони 46 кишвар, беш аз 700 донишҷӯ ва дар чанд самти соҳавӣ, албатта, осон набуд. Ба назари шумо, чӣ омилҳо ба шумо бештар кумак карданд?

- Пеш аз ҳама, омодагӣ ва таҷриба. Дар чунин озмунҳо азёд кардани маълумот басанда нест. Бояд тавонӣ донишатро дар вазъияти мушаххас истифода барӣ, масъалаҳоро таҳлил кунӣ ва қарор қабул намоӣ. Бар замми ин аллакай ман соле қабл дар ин озмуни байналмилалӣ интирок доштам ва таҷриба андӯхта будам.

Бешакк, дар ин ҷода забонҳои хориҷӣ низ нақши муҳим доранд. Вақте дар як майдон ҷавонон аз кишварҳои гуногун ҷамъ мешаванд, ту бояд бо онҳо муошират карда, таҷриба омӯзӣ ва ҳамзамон кишвари худро дуруст муаррифӣ карда тавонӣ.

Фикр мекунам, муҳити таълимие, ки дар ДДМИТ дорем, дар омодагии ман ба чунин рақобат нақши назаррас гузошт.

- Шумо дар факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, аз рӯйи ихтисоси менеҷменти байналмилалӣ таҳсил мекунед. Донишҳои дар донишгоҳ гирифтаатон дар олимпиада то чӣ андоза ба кор омаданд?

- Хеле зиёд. Ихтисоси мо бо иқтисоди ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, менеҷмент ва равандҳои муосири иқтисодӣ робитаи мустақим дорад. Мо дар донишгоҳ танҳо назария намеомӯзем. Устодон моро водор месозанд, то масъалаҳоро таҳлил кунем, андешаи худро баён намоем ва донишро дар амал истифода барем.

Ба назари ман, донишгоҳ вақте воқеан натиҷа медиҳад, ки донишҷӯро танҳо барои супоридани имтиҳон не, балки барои рақобати воқеии касбӣ омода кунад. Ман фикр мекунам, ки ДДМИТ дар ин самт барои донишҷӯён имкониятҳои хуб фароҳам овардааст.

- Дар чунин дастовард нақши устодонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Нақши устодон хеле муҳим аст. Донишҷӯ дар чунин майдон бояд эҳсос кунад, ки пушти ӯ мактаби таълимӣ ва илмӣ меистад.

Дар доираи олимпиада низ ин дастгириро эҳсос кардем. Аз ҷумла, декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Мастура Буризода дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ дар соҳаи амнияти молиявӣ: таҷрибаи байналмилалӣ, равишҳои инноватсионӣ ва таҷрибаи ДДМИТ» мастер-класс баргузор карданд, ки дар кори он муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДМИТ Муқимзода Қутбиддин низ ҳамчун роҳбалад иштирок доштанд.. Мавзуъ бисёр муҳим буд, зеро имрӯз зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ ва амнияти молиявӣ бо ҳам сахт пайвастаанд. Барои мо, донишҷӯён, чунин ҳузур нишонаи дастгирии бевоситаи донишгоҳ аст.

- Соли 2024, вақте ҳанӯз донишҷӯи курси якум будед, ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии бизнес-инкубатори Тоҷикистон роҳ ёфтед. Он таҷриба барои шумо чӣ дод?

- Барои ман он, қабл аз ҳама, як мактаби сайқалёбӣ буд. Вақте донишҷӯи соли аввал ҳастӣ, таҷрибаи зиёд надорӣ. Аммо чунин озмун туро водор мекунад, ки аз доираи дарсҳо берун бароӣ, идея пешниҳод кунӣ, онро ҳимоя намоӣ ва бо дигарон рақобат кунӣ. Соли 2024 ба финали озмуни ҷумҳуриявии бизнес-инкубатори Тоҷикистон роҳ ёфтам. Он вақт бештар дар фикре будам, ки чӣ гуна як идеяро ба лоиҳаи воқеӣ табдил додан мумкин аст. Баъдтар фаҳмидам, ки ҳатто иштирок дар озмун, новобаста аз натиҷаи ниҳоӣ, таҷрибаи муҳим аст. Ҳар кӯшиш инсонро ба кӯшиши баъдӣ омода мекунад.

- Баъдан дорандаи Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе дар соҳаи техника ва технология ва пасон дар байни ҳама муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ҳамчун муҳаққиқ ва ихтироъкори чавон чои якумро соҳиб шудед. Ин ҷоизаҳо барои шумо чӣ маъно дорад?

- Пеш аз ҳама, нишонаи боварӣ аст. Вақте меҳнати ҷавон қадр мешавад, ин ӯро водор мекунад, ки натиҷаи беҳтар нишон диҳад. Ман ин ҷоизаро танҳо мукофоти шахсӣ намедонам. Барои ман он як навъ масъулият ҳам ҳаст: баъди чунин қадршиносӣ бояд ба худ савол диҳӣ, ки қадами баъдӣ чӣ мешавад ва боз чӣ кор карда метавонӣ.

- Шумо дар баробари таҳсил дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол ҳастед. Узви «Пайравони Пешвои миллат» ва «Волонтёрони Тоҷикистон» будан ба шумо чӣ медиҳад?

- Пеш аз ҳама, таҷрибаи муошират ва ҷаҳонбинӣ. Вақте бо ҷавонони гуногун кор мекунӣ, мефаҳмӣ, ки ҳар кас қобилият, таҷриба ва роҳи худро дорад. Фаъолияти ҷамъиятӣ ба ман фаҳмонд, ки дониш танҳо барои худ нест. Агар ту чизеро омӯхта бошӣ, бояд онро дар зиндагӣ ва барои ҷомеа истифода бурда тавонӣ.

- Олимпиада, баробари мусобиқаҳои соҳавӣ, барномаи фарҳангӣ ва варзишии васеъ ҳам доштааст. Кадом бахши он бештар дар хотиратон монд?

- Худи гуногунрангии барнома ҷолиб буд. Мо танҳо рақобат накардем, балки бо ҷавонони кишварҳои гуногун шинос шудем. Мастер-классҳо, бозиҳои зеҳнӣ ва варзишӣ, навиштани эссе, таҳияи лоиҳаҳо, барномаҳои фарҳангӣ, шинонидани ниҳолҳои дӯстӣ, фестивали рангҳо, спартакиада, боздид аз осорхонаҳо ва экскурсияҳо имконият доданд, ки иштирокчиён берун аз муҳити озмунӣ низ бо ҳам наздик шаванд. Барои ман шиносоӣ бо ҷавонони кишварҳои дигар ва табодули таҷриба хеле муҳим буд. Чунин чорабиниҳо дӯстиро аз як мафҳуми умумӣ ба муносибати воқеӣ табдил медиҳанд.

- Ба назари шумо, ҷавони имрӯз барои рақобат дар чунин майдонҳо ба кадом дониш ва маҳорат бештар ниёз дорад?

- Фикр мекунам, ҷавони имрӯз бояд чанд чизро ҳамзамон рушд диҳад: ихтисоси худро хуб донад, забонҳои хориҷӣ омӯзад, аз технологияҳои муосир огоҳ бошад ва тафаккури таҳлилӣ дошта бошад.

Имрӯз технологияҳо хеле зуд тағйир меёбанд. Агар инсон пайваста дониши худро нав накунад, аз рақобат қафо мемонад. Илмомӯзӣ набояд танҳо барои гирифтани баҳои хуб ё диплом бошад. Илм бояд тарзи фикрронии инсонро дигар кунад, савол додан, таҳлил кардан ва мустақилона қарор қабул карданро омӯзонад.

- Таври маълум, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷавонону наврасонро ба донишандӯзӣ ва азхудкунии илмҳои замонавӣ талқин мекунанд ва сиёсати дастгирии ҷавонон аз ҷониби давлат маҳз ба ҳамин самт нигаронида шудааст. Нақш ва таваҷҷуҳи Пешвои миллатро дар чунин дастовардҳо то чӣ ҳадд бузургу амиқ мебинед?

- Барои ман муҳимтарин бардошт ин аст: ҷавонон бояд аз ин имкониятҳо истифода баранд. Танҳо интизор шудан кифоя нест. Имконият вақте натиҷа медиҳад, ки дар баробари он меҳнат, дониш ва ирода бошад.

Ман фикр мекунам, ки дастоварди як ҷавонро аз муҳите, ки барои ӯ фароҳам оварда шудааст, ҷудо кардан мумкин нест. Имрӯз барои ҷавонон имкониятҳои зиёд вуҷуд доранд: озмунҳо, олимпиадаҳо, стипендияҳо, барномаҳои таълимӣ, табодули донишҷӯён, чорабиниҳои илмӣ ва дигар шаклҳои дастгирӣ. Дар ин раванд сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти калон дорад. Сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон ба ҷавонон шароит фароҳам меоранд, ки худро ҳамчун неруи фаъоли ҷомеа нишон диҳанд. Аммо имконият худ аз худ натиҷа намедиҳад. Барои истифодаи он дониш, меҳнат, сабр ва ирода лозим аст. Ҷавон бояд ҳаракат кунад, худро бисанҷад ва аз нокомии аввалин натарсад.

- Чаро ба масъалаи илмомӯзӣ ин қадар таъкид мекунед?

- Зеро дар замони имрӯз рақобати асосӣ рақобати дониш аст. Технологияҳо босуръат тағйир меёбанд. Касе, ки дониши худро нав намекунад, дер ё зуд аз рақобат қафо мемонад. Ҷавони имрӯз бояд пайваста мутолиа кунад, забон омӯзад, технологияро донад, аз рӯйдодҳои ҷаҳон огоҳ бошад ва аз ҳама муҳим, андешаи мустақил дошта бошад. Ба назари ман, илмомӯзӣ танҳо барои гирифтани баҳои хуб ё диплом нест. Илм бояд тарзи фикрронии инсонро тағйир диҳад.

- Дар суҳбати муқаддимавӣ, ки доштем, Шумо ин дастоварди худро ҳамчун армуғон ба зодрӯзи Пешвои миллат низ пайванд додед. Барои чӣ ин сана барои шумо маънои махсус пайдо кардааст?

- 5 октябр дар кишвар Рӯзи забони давлатӣ ва ҳамчунин зодрӯзи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад. Барои ман муҳим буд, ки ин натиҷаро ҳамчун як ҷавони ояндадори Тоҷикистон ба ин санаи муҳим пайванд диҳам. Албатта, ман худро бо дастовардҳои бузурги давлат ва миллат муқоиса намекунам. Аммо ҳар ҷавон метавонад бо дониш, меҳнат ва рафтори созандаи худ ба Ватан саҳм гузорад. Ҷойи дуюм дар чунин олимпиада барои ман танҳо рақам дар ҷадвали натиҷаҳо нест. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки дар байни садҳо донишҷӯ тавонистам Тоҷикистонро муаррифӣ кунам.

Вақте дар Красноярск парчами Тоҷикистонро дар қатори 46 давлати сайёра дидам, эҳсос кардам, ки муваффақияти шахсӣ метавонад ба ифтихори миллӣ табдил ёбад. Барои ман парафшон шудани парчами Ватан дар чунин саҳнаи байналмилалӣ эҳсоси хеле бузург буд. Аз ин рӯ, ин натиҷаро ҳамчун эҳтиром ба имкониятҳое, ки барои ҷавонон фароҳам оварда шудаанд, ва ба арзиши дониш, меҳнату талош арзёбӣ мекунам.

- Агар имкон диҳам, ки ба ҳамсолони худ бо паёме муроҷиат кунед, ба онҳо чӣ мегуфтед?

- Мегуфтам, ки ба худ бовар кунед, аммо танҳо бовар кардан кофӣ нест, бояд аз болои зарфияту имконоти худ кор кард.

Бубинед, имрӯз имкониятҳо зиёданд. Озмун, олимпиада, конференсия, барномаҳои омӯзишӣ, табодули донишҷӯён - ҳамаи ин майдонҳое ҳастанд, ки ҷавон метавонад худро бисанҷад.

Шояд кӯшиши аввал номуваффақ анҷом шавад. Ин ҳеҷ гап нест. Муҳим он аст, ки таслим нашавӣ. Ман ҳам дар курси якум ба финали як озмун расидам. Баъд таҷрибаҳои дигар гирифтам ва имрӯз дар олимпиадаи байналмилалӣ ҷойи дуюмро соҳиб шудаам. Ҳар қадами хурд метавонад ба натиҷаи калон расонад.

- Баъди чунин дастовард ҳадафи навбатии шумо чист?

- Мехоҳам таҳсил ва фаъолияти илмии худро дар самтҳои амнияти иқтисодӣ, менеҷменти байналмилалӣ ва технологияҳои нав идома диҳам. Имрӯз зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ, амнияти иттилоотӣ ва амнияти молиявӣ бо ҳам сахт пайвастаанд. Мутахассиси оянда бояд ин равандҳоро дар маҷмӯъ дарк кунад. Мехоҳам донишҳои гирифтаамро ба кори воқеӣ табдил диҳам. Агар имконият пайдо шавад, мехоҳам дар таҳияи лоиҳаҳое саҳм гузорам, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавонон мусоидат мекунанд.

- Ва саволи охир. Агар имрӯз ба Умедҷони соли якум, ки соли 2024 ба финали бизнес-инкубатор роҳ ёфта буд, як ҷумла мегуфтед, чӣ мегуфтед?

- Мегуфтам: «Имкониятро интизор нашав — худро барои сазовор шудан ба имконият омода кун». Он вақт ман ҳанӯз намедонистам, ки баъди ду сол дар як олимпиадаи байналмилалӣ аз байни садҳо донишҷӯ ҷойи дуюмро мегирам. Аммо имрӯз мефаҳмам, ки ҳар қадами хурд инсонро ба натиҷаи калон наздик мекунад. Шояд муҳимтарин дарс ҳамин бошад: агар инсон пайваста омӯзад, кӯшиш кунад ва ба роҳи худ содиқ бимонад, имконияти нав ҳатман пайдо мешавад.

P/S:

Ҳар натиҷаи калон аз як қадами хурд оғоз мешавад. Аз як озмун, як идея, як кӯшиши аввал. Баъзан ҳатто аз нокомие, ки инсонро маҷбур мекунад бештар омӯзад ва дигар хел фикр кунад.

Роҳи Умедҷон Азизов низ ҳамин гуна шакл гирифтааст: аввалин қадамҳо дар курси якум, расидан ба финали озмуни ҷумҳуриявӣ, гирифтани Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе ва баъдан баромадан ба майдони байналмилалӣ. Аммо арзиши дастоварди ӯ танҳо дар «ҷойи дуюм» нест. Арзиши он дар он аст, ки як ҷавони тоҷик тавонист дар байни беш аз 700 донишҷӯи 46 кишвари ҷаҳон бо дониш ва омодагии худ рақобат кунад ва номи Тоҷикистонро дар чунин майдон муаррифӣ намояд.

Дар паси ин натиҷа меҳнати худи Умедҷон, дастгирии устодон, муҳити донишгоҳӣ ва имкониятҳои барои ҷавонон фароҳамомада қарор доранд. Вале аз ҳамаи ин як хулосаи муҳим бармеояд: имконият танҳо дареро боз мекунад, аз он дар ворид шудан ба худи ҷавон вобаста аст.

Дар остонаи зодрӯзи Пешвои миллат чунин дастовард маънии хос пайдо мекунад. Зеро посух ба ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон танҳо сухан нест. Посухи воқеӣ ин дониш, меҳнат, ташаббус ва натиҷа аст.

Умедҷон дар озмуни байналмилалӣ танҳо барои як зина рақобат накард. Ӯ нишон дод, ки ҷавони тоҷик метавонад дар майдони байналмилалӣ бо дониш рақобат кунад, таҷриба омӯзад, фарҳанги кишвари худро муаррифӣ намояд ва бо парчами Ватан ифтихор кунад.

Дастоварди Умедҷон аз ҳамин зовия танҳо як муваффақияти шахсӣ нест. Ин як намунаи равшани он аст, ки ҷавоне, ки имкониятро ба дониш, донишро ба маҳорат ва маҳоратро ба натиҷа табдил медиҳад, метавонад номи Тоҷикистонро берун аз марзҳои он бо сарбаландӣ муаррифӣ намояд.

 

Мусоҳиб: Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ