Забони миллатам поянда бошад,

Ба мисли тоҷу тахт рахшанда бошад,

Ба ҳар дил меҳри он парварда гардад,

Зи номи тоҷикӣ поянда гардад.

 

Забони модарӣ - ганҷи ниёгон,

Чароғи роҳи фарзандони даврон,

Бимонад ҷовидон дар қалби моён,

Фурӯғи миллатам гардад фурӯзон.

 

Ба мактаб нур бахшад илму ирфон,

Кушояд нури фардоро ба инсон.

Муаллим бо забони мо сухан гуфт,

Ба қалби кӯдакон шеъри Ватан гуфт.

 

Биё, эй насли нав онро нигаҳ дор,

Забони модариро зиндаву бедор.

Ба ҳар дарси худ онро гир даркор,

Ки қадри ин забон бошад пурасрор.

 

Фахриддин РАҲИМОВ,

устоди ДДМИТ