Гарчи таъби Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,

Офарин бар таъби Айнӣ Рӯдакӣ эҷод кард.

Бозор Собир

Таърих гувоҳ аст, ки бузургони илму адаби мо барои ҳифзи номи миллат, пойдории фарҳанги пурғановат ва боло рафтани мақоми он дар тамаддуни ҷаҳонӣ хизматҳои шоиста кардаанд. Мероси маънавӣ ва фарҳангии онҳо имрӯз ҳам барои шинохти таърихи худ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва пайванди наслҳо аҳаммияти бузург дорад.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз чеҳраҳои нодири таърихи фарҳанги мост. Ҳар қадар аз замони зиндагӣ ва эҷоди ӯ дуртар меравем, суханаш ба мо наздиктар мешавад. Шояд асрори ҷовидонии Рӯдакӣ низ дар ҳамин бошад. Ин устоди назм дар бораи масъалаҳое сухан гуфтааст, ки барои инсон дар ҳар давру замон муҳиманд. Арзиши дониш, қадри забон, таҷрибаи зиндагӣ, муносибат, гузаштани умр, муҳаббат ба диёр ва масъулияти шахс дар назди ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳоеанд, ки дар ашъори ӯ ҷойгоҳи масхсус доранд.

Устод Рӯдакӣ инсонро ба дониш, андеша, таҷриба ва хирад даъват кардааст. Муҳаббат ба диёр дар шеъри шоир аз эҳсоси шахсӣ болотар рафта, ба як хотираи умумӣ табдил меёбад. Сухани шоир баъд аз садсолаҳо ҳам маънои худро гум накарда, ҳар насли хонанда метавонад дар он посухи саволҳои хешро ҷӯяд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ҷаҳонбинии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муносибат ба таҷрибаи зиндагист. Ба назари шоир, инсон набояд аз воқеаҳои гузаштааш бехабар монад. Инсон худро аз роҳи шинохти таҷрибаи хеш беҳтар мефаҳмад. Миллат низ барои шинохтани ҷойгоҳи худ бояд гузаштаашро донад, хотираи таърихӣ ва фарҳангиашро ҳифз кунад. Ҳар рӯзе, ки бар инсон мегузарад, барояш сабақе дорад:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Ҳар миллат хотираи худро бештар дар забонаш нигоҳ медорад. Дар баён тарзи дидани ҷаҳон, таҷрибаи зиндагӣ, муносибат ба табиат, эҳсоси зебоӣ ва арзишҳои ҷомеа ҷой мегиранд. Забон ҳар қадар умри бештар бинад, осори бештареро нигоҳ медорад ва барои наслҳои баъдӣ аз зиндагии гузашта бештар нақл мекунад.

Забоне, ки тавонистааст осори худро баъд аз садсолаҳо ба наслҳои баъдӣ расонад, дорои неруи бузурги ҳифзи хотираи фарҳангист. Аз ин дидгоҳ, ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ дар таърихи забони тоҷикӣ бисёр муҳим аст. Мавзуъҳои гуногуни зиндагии инсон дар шеъри Сардафтари адабиёти классикии тоҷик бо забони равон, мусиқияти баланд ва қудрати бадеӣ ифода ёфтаанд.

Дар давлатдории муосири тоҷикон ба ҳифзи мероси ниёгон ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои бузурги илму адаб ва фарҳанги миллат таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Дарвоқеъ, хонандаи имрӯз ҳангоми мутолиаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ду чиз рӯ ба рӯ мешавад: бо маънои шеър ва бо забоне, ки аз умқи таърих ба мо расидааст.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти қариб дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем. Яъне забони Рӯдакӣ забони зиндаи халқи тоҷик аст ва бузургиву ҳашамати шоири мутафаккир низ дар ҳамин нукта баён мегардад, ки гӯё шеъри Рӯдакӣ дар замони мо суруда шуда бошад».

Дар андешаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дониш ва фарҳанг аз арзишҳое ҳастанд, ки онҳоро бо сарвати моддӣ муқоиса кардан душвор аст:

Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Сарвате, ки инсон ҷамъ мекунад, метавонад аз даст равад. Донишу маърифат бошад, дар андеша ва ҷаҳонбинии инсон ҷой мегирад. Он ба шахс қувва медиҳад, то мушкилоти зиндагиро дарк кунад, роҳи худро пайдо намояд ва аз нав созад.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Дар ин тасвир дониш ҳам чароғ асту ҳам сипар. Чароғест, ки роҳи инсонро равшан мекунад ва сипарест, ки ӯро аз ҷаҳолату гумроҳӣ нигоҳ медорад. Устод Рӯдакӣ дар байти дигар инсонро ба омӯхтану андеша кардан мехонад ва мехоҳад, ки ба ҷаҳон бо чашми хирад нигарем:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарад.

«Чашми хирад» дар ин ҷо маънои дидани маънии ҳодисаҳо, андеша кардан дар бораи онҳо ва ба зоҳири воқеаҳо қонеъ нашуданро дорад. Ин тарзи нигоҳ ба зиндагӣ шеъри устод Рӯдакиро аз як давраи таърихӣ берун мебарад ва ба сухани имрӯз табдил медиҳад.

Ҳамин тавр, устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз аввалин чеҳраҳои бузурги адабиёти классикии форсу тоҷик аст, ки забонро ба майдони васеи баёни андеша овард. Аз ишқу баҳор то пирӣ ва марг, аз дӯстӣ то таҷрибаи рӯзгор, аз шодии зиндагӣ то андешаи гузаштани вақт ҳамаи ин дар ашъори устоди сухан бо забони равон ва таъсирбахш ифода ёфтааст.

Вақте мо абёти устод Рӯдакиро мехонем, як марҳилаи муҳимми ташаккули забон ва тафаккури адабии худро меомӯзем. Шеъри ӯ ба ойинае монанд аст, ки дар он ҳам симои гузашта ва ҳам имкониятҳои забони мо намоён мешаванд.

Забон то вақте зинда аст, ки наслҳо онро истифода мебаранд, меомӯзанд ва бо он менависанд. Агар робитаи насл бо осори гузашта канда шавад, як бахши муҳими хотираи фарҳангӣ низ тадриҷан камранг мешавад. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои забони тоҷикӣ яке аз далелҳои равшани имкониятҳои бузурги забон аст. Шеъри эшон нишон медиҳад, ки бо забони модарӣ метавон масъалаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва эҳсосиро бо сатҳи баланди бадеӣ баён кард. Гиромидошти ин арзиш, пеш аз ҳама, дар истифодаи дурусти забон, хондани осори бузургон, омӯзиши таърихи забон ва офаридани матни босифат зоҳир мешавад.

Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» ҷойгоҳи Рӯдакиро дар таърихи шеър хеле баланд арзёбӣ мекунад. Шоирони баъдӣ низ борҳо ба номи ӯ ва ба «Рӯдакивор» будани шеър ишора кардаанд. Ин эҳтиром дар адабиёти давраҳои баъдӣ низ идома ёфт ва номи Рӯдакӣ дар хотираи адабии тоҷикон ҷойгоҳи устувор пайдо кард.

Дар адабиёти муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ мегӯяд:

Захмҳои пушти Айнӣ он қадар ёбад шифо,

Чашмҳои Рӯдакӣ он қадр бинотар шавад.

Лоиқ Шералӣ миёни эҳёи хотираи таърихӣ ва шинохти Рӯдакӣ робитаи амиқ барқарор мекунад. Дар ин мисраъҳо номи Рӯдакӣ ба рамзи бедории хотираи фарҳангӣ ва идомаи суннати адабӣ табдил меёбад.

Пайванди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо адибони баъдӣ нишон медиҳад, ки мероси адабӣ аз ҷониби ҳар насл дубора хонда мешавад, маънои нав мегирад ва ба зиндагии замони худ пайванд меёбад.

Рӯдакӣ як бахши муҳими таърихи забон, адабиёт ва тафаккури мост. Аз ин ҷост, ки баъд аз гузашти садсолаҳо номи шоир ҳамоно ҷавон аст. Ҳар насл дар осори Рӯдакӣ чизе аз замони худ пайдо мекунад. Яке аз таҷрибаи зиндагӣ мегӯяд, дигаре аз дониш ва хирад, саюмӣ аз забон, муҳаббат, дӯстӣ ё гузаштани умр.

Дар маҷмуъ, таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ (22 сентябр) дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии насли наврасу ҷавон нақши муҳим дошта, дар қалби онҳо ҳисси масъулиятро барои ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам тақвият мебахшад.

 

Наврӯз ҶОБИРОВ,

сармуҳаррири рӯзномаи “Молия ва иқтисод”-и ДДМИТ