Сабр, мутолиаи доимӣ, интизом ва қобилияти таҳлилӣ хеле муҳиманд.

Илм ва инноватсия дар рушди муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нақши муҳим дошта, яке аз нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб мераванд. Дар соли таҳсили 2026-2027 раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ҷиҳати таҳкими фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи иштироки устодону донишҷӯён дар корҳои илмӣ, дастгирии олимони ҷавон, рушди ихтироъкорӣ ва татбиқи ташаббусҳои инноватсионӣ як қатор ҳадафу нақшаҳои муҳимро ба назар гирифтааст.

Дар робита ба ин масъалаҳо, бо барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷовидон Халифазода суҳбат оростем:

 Нақши илм ва инноватсияро дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рақобатпазирии донишгоҳ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Илм ва инноватсия яке аз самтҳои калидии фаъолияти донишгоҳ дар шароити имрӯза ба ҳисоб мераванд. Донишгоҳ бояд муҳити эҷоди дониш, таҳқиқот ва коркарди идеяҳои нав бошад. Аз ин рӯ, мо кӯшиш дорем робитаи байни таҳсилот, илм ва истеҳсолотро боз ҳам тақвият бахшем.

Ба назари ман, сифати таҳсилот бе рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ наметавонад ба сатҳи зарурӣ расад. Вақте омӯзгор дар корҳои илмӣ иштирок мекунад, натиҷаҳои нави таҳқиқотиро ба раванди таълим ворид месозад ва донишҷӯ низ ба ҷойи танҳо аз худ кардани дониш ба ҷустуҷӯ, таҳлил ва эҷоди донишҳои нав ҷалб мегардад. Маҳз ҳамин раванд барои баланд гардидани рақобатпазирии донишгоҳ замина фароҳам меорад.

Барои соли таҳсили 2026-2027 раёсати илм ва инноватсия кадом ҳадафу вазифаҳои асосиро пешбинӣ кардааст?

- Дар соли таҳсили 2026-2027 яке аз ҳадафҳои асосӣ баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ ва пайвастани он бо талаботи ҷомеа ва иқтисодиёт мебошад. Аз ҷумла, ба рушди лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ ва озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дастгирии олимони ҷавон, рушди фаъолияти ихтироъкорӣ ва инноватсионӣ, баланд бардоштани сифати мақолаҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои илмии дохилию байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ҳамзамон, мо мехоҳем аз муносибати танҳо «гузоришдиҳӣ» ба муносибати «натиҷагирӣ» ё аз миқдор ба сифат гузарем. Яъне, барои мо муҳим аст, ки натиҷаи фаъолияти илмӣ ба маҳсулоти илмӣ, патент, ихтироъ, технологияи нав, лоиҳаи инноватсионӣ ё ҳалли мушкилоти мушаххас табдил ёбад.

Яке аз масъалаҳои муҳим ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад. Дар ин самт кадом барномаҳо ва тадбирҳо амалӣ карда мешаванд?

- Мо ин равандро бояд аз зинаҳои аввали таҳсил оғоз намоем. Барои ин фаъолияти маҳфилҳои илмӣ, конференсияҳо, озмунҳои корҳои илмӣ, семинарҳои илмӣ ва вохӯриҳои донишҷӯён бо олимону муҳаққиқонро тақвият медиҳем. Ҳамчунин, ба донишҷӯён имкон дода мешавад, ки таҳти роҳбарии омӯзгорон дар таҳияи мақола, гузаронидани таҳқиқот, омода намудани лоиҳаҳои илмӣ ва пешниҳоди идеяҳои инноватсионӣ иштирок намоянд. Ҳадаф ин аст, ки донишҷӯ худро ҳамчун иштирокчии фаъоли раванди илмӣ эҳсос кунад.

Барои ташаккули шавқу рағбати донишҷӯён ба илм кадом омилҳо муҳимтаранд?

- Пеш аз ҳама, муҳити мусоиди илмӣ зарур аст. Агар донишҷӯ эҳсос кунад, ки идеяи ӯ шунида мешавад, барои амалӣ намудани он имконият вуҷуд дорад ва фаъолияти ӯ қадр карда мешавад, шавқу рағбат ба илм бештар мегардад. Дар ин раванд нақши омӯзгор хеле муҳим аст. Устоди хуб бояд танҳо дониш диҳад, балки донишҷӯро ба саволгузорӣ, таҳлил, ҷустуҷӯи ҷавоб ва андешаи мустақилона роҳнамоӣ кунад. Озмунҳо, конференсияҳо ва маҳфилҳои илмӣ низ воситаи хуби ошкор намудани истеъдодҳои ҷавон мебошанд.

Дар донишгоҳ маҳфилҳо ва ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён то чӣ андоза фаъоланд? Оё барои рушди минбаъдаи онҳо барнома пешбинӣ шудааст?

- Маҳфилҳои илмии донишҷӯён яке аз заминаҳои асосии ташаккули муҳити илмӣ мебошанд. Мо ба фаъолтар намудани онҳо таваҷҷуҳ дорем. Мақсад танҳо баргузор намудани ҷаласаҳо нест, балки маҳфил бояд ба майдони таҳқиқот, мубодилаи афкор ва пешниҳоди идеяҳои нав табдил меёбад. Дар оянда зарур аст, ки фаъолияти маҳфилҳо бо самтҳои афзалиятноки илмӣ ва масъалаҳои воқеии ҷомеа бештар пайваст карда мешавад. Ҳамчунин, натиҷаи фаъолияти донишҷӯён бояд дар шакли мақола, гузориши илмӣ, лоиҳа, ихтироъ ё пешниҳоди амалӣ ифода ёбад.

Барои донишҷӯёне, ки идеяҳои нав, лоиҳаҳои илмӣ ё пешниҳодҳои инноватсионӣ доранд, чӣ гуна имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд?

- Мо мехоҳем ҳар як идеяи қобили таваҷҷуҳ имкони санҷида шудан дошта бошад. Барои ин донишҷӯ метавонад идеяи худро тавассути роҳбарони илмӣ, кафедраҳо ва сохторҳои масъули донишгоҳ пешниҳод намояд. Қадами баъдӣ арзёбии илмӣ ва амалии идея, муайян намудани имкониятҳои татбиқ ва дар сурати зарурат ҷалби шарикон мебошад. Дар ин самт рушди фарҳанги стартапӣ, ихтироъкорӣ ва ҳимояи моликияти зеҳнӣ низ аҳамияти калон дорад.

Дастгирии олимони ҷавон яке аз самтҳои муҳими рушди илм аст. Дар донишгоҳ барои онҳо чӣ имкониятҳо мавҷуданд?

- Олимони ҷавон неруи асосии ояндаи илм мебошанд. Аз ин рӯ, мо бояд барои онҳо имконияти рушди касбӣ фароҳам оварем. Иштирок дар конференсияҳо ва семинарҳои илмӣ, таҳияи лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, нашри мақолаҳо, иштирок дар озмунҳои илмӣ, ҳамкорӣ бо марказҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии дигар аз ҷумлаи имкониятҳое мебошанд, ки метавонанд фаъолияти олимони ҷавонро тақвият бахшанд. Муҳим аст, ки олимони ҷавон худро дар муҳити илмӣ танҳо эҳсос накунанд ва барои рушди минбаъдаи фаъолияти онҳо роҳнамоӣ ва дастгирии илмӣ вуҷуд дошта бошад.

Чӣ бояд кард, то натиҷаҳои таҳқиқоти олимон танҳо дар шакли мақолаҳои илмӣ маҳдуд нашуда, ба маҳсулот, технология ё хизматрасонии воқеӣ табдил ёбанд?

- Ин масъала яке аз вазифаҳои асосии илм дар шароити муосир мебошад. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд талаботи воқеии ҷомеа, соҳаҳои иқтисодиёт ва истеҳсолот омӯхта шаванд. Таҳқиқоте, ки мушкилоти мушаххасро ҳал мекунад, имкони бештар барои татбиқ дорад. Ҳамчунин, миёни донишгоҳ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва бахши хусусӣ ҳамкории устувор зарур аст. Илова бар ин, масъалаҳои патенткунӣ, тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ, маблағгузорӣ ва ташкили озмоиши маҳсулоти нав бояд ба таври зарурӣ ҳал карда шаванд.

Боиси ифтихори аҳли ДДМИТ аст, ки имсол аз донишгоҳ маҳз Шумо ба Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон сазовор гардидаед. Дар бораи ин дастовард чанд сухан мегуфтед.

- Барои ман ин ҷоиза, пеш аз ҳама, масъулияти бештар аст. Ҷоизаи давлатӣ эътирофи натиҷаи фаъолияти илмӣ буда, ҳамзамон аз олим талаб мекунад, ки минбаъд низ бо масъулияти бештар фаъолият кунад. Ман ин дастовардро натиҷаи фаъолияти дастҷамъӣ медонам. Дар роҳи илм муҳити корӣ, дастгирии устодон, ҳамкорон ва имконияти гузаронидани таҳқиқот нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, чунин дастовардро танҳо натиҷаи фаъолияти як шахс ҳисоб кардан дуруст нест.

Албатта, чунин эътироф инсонро водор мекунад, ки масъулияти худро нисбат ба илм бештар эҳсос намояд. Барои ман ин ҷоиза ангезаи идомаи таҳқиқот, кор дар самтҳои нави илмӣ ва дастгирии олимони ҷавон мебошад. Ман бовар дорам, ки арзиши воқеии ҳар як дастоварди илмӣ дар он аст, ки он ба қадами нав табдил ёбад. Аз ин рӯ, мо бояд ба натиҷаҳои бадастомада такя карда, таҳқиқоти навро оғоз намоем.

Шумо ҳамчун олим ва роҳбари ҷавон ба донишҷӯёну муҳаққиқон, ки мехоҳанд роҳи илмро идома диҳанд, чӣ маслиҳат медиҳед?

- Аввалан, бояд илмро ҳамчун роҳи фаъолияти ҷиддӣ ва дарозмуддат қабул кард. Дар илм натиҷаи фаврӣ ҳамеша ба даст намеояд. Сабр, мутолиаи доимӣ, интизом ва қобилияти таҳлилӣ хеле муҳиманд. Ба ҷавонон тавсия медиҳам, ки як масъалаи мушаххасро интихоб намуда, онро амиқ омӯзанд, аз манбаъҳои боэътимод истифода баранд ва аз савол додан натарсанд. Муҳимтар аз ҳама, бояд ҳамеша кӯшиш кунанд, ки на танҳо истеъмолкунандаи дониш, балки тавлидкунандаи дониш бошанд.

Зеҳни сунъӣ барои рушди илм ва таҳсилоти олӣ кадом имкониятҳоро фароҳам меорад?

- Зеҳни сунъӣ метавонад дар таҳлили маълумоти калон, ҷустуҷӯи иттилоот, моделсозӣ, коркарди натиҷаҳои таҳқиқот ва таҳияи баъзе равандҳои таълимӣ имкониятҳои нав фароҳам оварад. Аз ин рӯ, истифодаи он бояд масъулиятнок бошад. Муҳаққиқ бояд натиҷаи пешниҳодкардаи зеҳни сунъиро санҷад, манбаъҳоро тафтиш кунад ва талаботи ахлоқии фаъолияти илмиро риоя намояд. Зеҳни сунъӣ бояд воситаи ёрирасони муҳаққиқ бошад, на ҷойгузини андешаи илмӣ ва таҳлили мустақили инсон.

Дар соли таҳсили 2026-2027 баргузории кадом чорабиниҳои илмӣ пешбинӣ шудааст?

- Дар соли таҳсили нав баргузории конференсияҳои илмӣ, семинару мизҳои гирд, озмунҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва чорабиниҳои марбут ба инноватсия дар назар аст. Кӯшиш мекунем, ки ин чорабиниҳо танҳо хусусияти дохилӣ надошта бошанд. Ҷалби олимони ҷавон, донишҷӯён, муҳаққиқон ва намояндагони дигар муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ имконият медиҳад, ки табодули таҷриба ва ҳамкории илмӣ густариш ёбад.

Дар масъалаи нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба олимони донишгоҳ чӣ гуна дастгирӣ расонида мешавад?

- Баланд бардоштани сифати мақолаҳои илмӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Барои ин муҳаққиқон бояд бо талаботи маҷаллаҳои байналмилалӣ, меъёрҳои таҳияи мақолаҳои илмӣ ва принсипҳои нашри академӣ бештар шинос шаванд. Дар баробари ин, баргузории семинарҳои омӯзишӣ оид ба омода намудани мақола, интихоби маҷаллаи мувофиқ, риояи меъёрҳои ахлоқи илмӣ ва кор бо пойгоҳҳои байналмилалии иттилоотӣ метавонад ба олимон кӯмак расонад. Барои мо муҳим аст, ки афзоиши шумораи мақолаҳо бо баланд шудани сифати онҳо ҳамоҳанг бошад.

Барои ба сатҳи нави сифатӣ баровардани илм дар донишгоҳ, пеш аз ҳама, кадом масъалаҳоро бояд ҳал кард?

- Ба назари ман, чанд масъала: таҳкими заминаи моддию техникии таҳқиқот, ҷалби ҷавонони соҳибистеъдод, баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва зиёд намудани робитаи илм бо истеҳсолот муҳим аст. Ҳамзамон, бояд муносибат ба фаъолияти илмӣ низ тағйир ёбад. Мо бояд натиҷаи илмро на танҳо аз рӯйи шумораи мақолаҳо, балки аз рӯйи сифати таҳқиқот, навоварӣ, татбиқшавандагӣ ва таъсири он ба ҷомеа арзёбӣ намоем.

Дар фарҷом, ба донишҷӯёну олимони ҷавони донишгоҳ, ки мехоҳанд дар рушди илм ва инноватсия саҳм гузоранд, чӣ гуфтанӣ доред?

- Ба ҷавонон гуфтаниям, ки ба қувва ва қобилияти худ бовар дошта бошанд. Ҳар як кашфиёти бузург аз як савол, як идея ва як кӯшиши аввал оғоз мешавад. Имрӯз барои ҷавонон имкониятҳои зиёде мавҷуданд. Муҳим он аст, ки аз ин имкониятҳо дуруст истифода баранд, пайваста омӯзанд, бо олимон ҳамкорӣ кунанд ва аз пешниҳоди идеяҳои нав натарсанд. Мо низ ҳамчун як сохтори масъули рушди илм дар донишгоҳ кӯшиш менамоем, ки барои чунин ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварем. Ояндаи илм ба ҷавонон тааллуқ дорад ва вазифаи мо фароҳам овардани муҳитест, ки дар он истеъдод, ташаббус ва идеяи нав ба натиҷаи воқеӣ табдил ёбад.

 

МУСОҲИБОН:

Наврӯз ҶОБИРЗОДА,

Савринисо ДАВЛАТОВА