(Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон)

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар, ки 14 октябри соли 2026 дар Рӯзи соҳибкорон баргузор гардид, аз доираи як мулоқоти ҷашнӣ фаротар рафт. Дар он дар баробари ҷамъбаст шудани натиҷаҳои рушди бахши хусусӣ, инчунин самтҳои марҳилаи нави соҳибкорӣ - истеҳсолоти рақобатпазир, рақамикунонӣ, истифодаи дониш ва технологияҳо, шаффофияти фаъолият ва қабули қарорҳои асоснок хеле равшан муайян карда шуданд. Барои аҳли илму маориф, бахусус мутахассисони соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, як нуктаи суханронии Сарвари давлат аҳамияти махсус дорад: соҳибкорон бояд бо назардошти ниёзи корхонаҳои худ баҳисобгирӣ, фурӯш, идоракунии истеҳсолот ва назорати сифатро рақамӣ намуда, аз зеҳни сунъӣ барои таҳлили маълумот ва қабули қарорҳои асоснок истифода баранд.

Ин таъкид моҳияти баҳисобгирии муҳосибиро дар иқтисодиёти муосир ба таври хеле дақиқ ифода мекунад. Баҳисобгирӣ дигар танҳо бақайдгирии аллакай амалиёти анҷомёфта, тартиб додани ҳисобот ва иҷрои уҳдадориҳои андозӣ нест. Он бояд ба низоми муассири иттилоотие табдил ёбад, ки соҳибкор ҳар рӯз аз он посухи саволҳои муҳимро бигирад: корхона чӣ қадар дороӣ дорад, маблағ дар куҷо истифода мешавад, кадом маҳсулот фоида меорад, кадом хароҷот зиёдатист, қарздорӣ дар кадом сатҳ қарор дорад, захираҳо то чӣ андоза самаранок истифода мешаванд ва барои рушди минбаъдаи корхона чӣ қарор бояд қабул кард. Вақте чунин маълумот сари вақт ва боэътимод дастрас аст, роҳбар на аз рӯйи тахмин, балки дар асоси рақам ва далел амал мекунад.

Аҳамияти ин масъала дар шароите боз ҳам бештар мегардад, ки бахши хусусӣ ба яке аз такягоҳҳои асосии иқтисодиёти миллӣ табдил ёфтааст. Дар мулоқот зикр гардид, ки имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ ҳам дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва ҳам дар таъмини шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад ва беш аз 80 фоизи даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат аз ҳамин бахш ворид мешавад. Ҳоло дар кишвар 395 ҳазор субъекти соҳибкорӣ фаъолият дошта, шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазор зиёд шудааст. Ин рақамҳо аз васеъ шудани масъулияти иқтисодӣ ва иҷтимоии бахши хусусӣ шаҳодат медиҳанд. Ҳар қадар доираи соҳибкорӣ васеъ шавад, ҳамон қадар талабот ба идоракунии оқилона, интизоми молиявӣ ва баҳисобгирии саҳеҳ меафзояд.

Дар ҳақиқат, соҳибкорӣ аз идея оғоз мешавад, аммо бо ҳисоб устувор мемонад. Корхона метавонад маҳсулоти хуб истеҳсол кунад, бозори муносиб дошта бошад ва ҳатто фурӯши зиёдро таъмин кунад, вале агар арзиши аслии маҳсулот дуруст муайян нашавад, хароҷот таҳлил нагардад, гардиши маблағ назорат нашавад ва уҳдадориҳо сари вақт ба ҳисоб гирифта нашаванд, афзоиши фурӯш худ аз худ ба афзоиши фоида намеорад. Баъзан корхона аз берун фаъол ва муваффақ менамояд, аммо дар дохил норасоии маблағи гардон, қарздории зиёд ё хароҷоти идоранашаванда дорад. Маҳз баҳисобгирии муҳосибии дуруст роҳандозишуда чунин мушкилотро пеш аз он ки ба буҳрон табдил ёбанд, ошкор месозад.

Аз ин ҷиҳат, муҳосиби имрӯзаро танҳо ҳамчун шахсе дидан, ки санадҳоро тартиб медиҳад ва ҳисобот месупорад, дигар ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Муҳосиби муосир шарики иттилоотии роҳбар ва соҳибкор аст. Ӯ бояд на танҳо «чӣ рӯй дод?» гӯяд, балки шарҳ диҳад, ки «чаро чунин рӯй дод?», «оқибати он чӣ мешавад?» ва «барои беҳтар кардани вазъ чӣ бояд кард?». Вақте баҳисобгирии молиявӣ, баҳисобгирии идоракунӣ, таҳлил, буҷетсозӣ ва назорати дохилӣ бо ҳам пайваст мешаванд, соҳибкор имкони дидани манзараи воқеии фаъолияти худро пайдо мекунад. Ин аст гузариш аз баҳисобгирии муҳосибии бақайдгиоанда ба баҳисобгирии муҳосибии идоракунанда.

Яке аз паёмҳои муҳими мулоқоти 14 октябр зарурати баланд бардоштани сифати рушди соҳибкорӣ буд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таъсиси корхонаҳои нав бояд на танҳо аз рӯйи шумора, балки аз рӯйи иқтидори истеҳсолӣ, сатҳи технологӣ, ҷойҳои кории доимӣ ва қобилияти рақобат дар бозор арзёбӣ карда шавад. Барои чунин арзёбӣ низ иттилооти саҳеҳ зарур аст. Иқтидори истеҳсолӣ, ҳосилнокии меҳнат, арзиши аслӣ, даромаднокӣ, гардиши дороиҳо, самаранокии сармоягузорӣ ва дигар нишондиҳандаҳо бе низоми дурусти баҳисобгирии муҳосибӣ ба таври воқеӣ муайян намешаванд. Яъне сифати соҳибкорӣ дар ниҳоят ба сифати иттилооте низ вобаста аст, ки роҳбар дар ихтиёр дорад.

Ин масъала махсусан барои корхонаҳои истеҳсолӣ муҳим аст. Дар истеҳсолот як сомонии хароҷоти нодуруст ба ҳисоб гирифташуда метавонад ба муайянкунии нодурусти арзиши аслӣ, нархи фурӯш ва фоида оварда расонад. Агар соҳибкор надонад, ки барои як воҳиди маҳсулот чӣ қадар ашёи хом, неру, меҳнат ва хароҷоти ғайримустақим сарф шудааст, ӯ наметавонад нархи асоснок муқаррар намояд ва рақобатпазирии худро дуруст арзёбӣ кунад. Бинобар ин, ҳадафи зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, ки дар суханронии Президенти муҳтарам таъкид гардид, аз такмили баҳисобгирии хароҷот ва ҳисобкунии арзиши аслӣ ҷудо нест.

Масъалаи дигар - сармоягузорӣ мебошад. Дар мулоқот зарурати равона намудани сармоя ба иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, технологияҳои муосир, шуғли пурмаҳсул ва афзоиши содирот таъкид шуд. Сармоягузор пеш аз гузоштани маблағ ба корхона, пеш аз ҳама, ба эътимод ниёз дорад. Эътимод бошад, бо сухан ба вуҷуд намеояд. Онро ҳисоботи шаффоф, нишондиҳандаҳои воқеии молиявӣ, интизоми шартномавӣ ва қобилияти корхона барои шарҳ додани натиҷаҳои фаъолияти худ ба вуҷуд меорад. Баҳисобгирии босифат дар ин маврид ба як навъ «забони эътимод» миёни соҳибкор, бонк, сармоягузор, давлат ва шарикони тиҷоратӣ табдил меёбад.

Ҳамин нукта барои дастрасӣ ба қарз низ аҳамияти калон дорад. Бонк ҳангоми баррасии дархости қарзӣ бояд вазъи молиявӣ, қобилияти пардохт, гардиши маблағ ва дурнамои фаъолияти қарзгирандаро арзёбӣ кунад. Соҳибкоре, ки баҳисобгирии муҳосибии мунтазам ва ҳисоботи боэътимод дорад, метавонад фаъолияти худро бо рақамҳо нишон диҳад ва нақшаи тиҷоратии худро асоснок созад. Соҳибкоре, ки ҳисобро танҳо барои иҷрои талаботи расмӣ пеш мебарад, ҳангоми ҷалби маблағгузорӣ имконияти худро маҳдуд мекунад. Аз ин рӯ, ҳадафи то соли 2030 ба беш аз 40 фоиз расонидани ҳиссаи қарзҳои ба истеҳсолот равонашаванда, дар баробари дигар омилҳо, фарҳанги баланди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро низ тақозо мекунад.

Аммо муҳимтарин паҳлуи мулоқоти имсола, аз назари мо, пайванди мустақими соҳибкорӣ бо рақамикунонӣ мебошад. Вақте баҳисобгирӣ рақамӣ мешавад, сухан танҳо дар бораи иваз кардани дафтар бо компютер намеравад. Маънои аслӣ дар он аст, ки маълумот як бор ворид шуда, дар тамоми занҷираи идоракунӣ истифода шавад; фурӯш бо анбор, анбор бо истеҳсолот, истеҳсолот бо хароҷот, хароҷот бо молия ва молия бо таҳлил ҳамбаста гардад. Дар чунин низом роҳбар метавонад на баъди анҷоми моҳ, балки дар вақти наздик ба воқеият бубинад, ки чӣ қадар маҳсулот фурӯхта шуд, чӣ қадар маблағ ворид шуд, кадом қарздор муҳлатро гузаронид ва дар куҷо хароҷот аз меъёр зиёд шудааст.

Рақамикунонии баҳисобгирӣ инчунин хатои инсонӣ ва кори такрориро кам карда, вақти муҳосибро аз ҷамъоварии механикии маълумот ба таҳлил равона месозад. Ин тағйирот барои соҳибкории хурд ва миёна низ дастнорас нест. Баръакс, маҳз корхонаи хурд ба маълумоти фаврӣ ниёзи бештар дорад, зеро захираи молиявии он маҳдуд аст ва як қарори нодуруст метавонад ба ҳама ҷанбаҳои фаъолият таъсир расонад. Низоми дурусти рақамӣ ба соҳибкор имкон медиҳад, ки ҳаракати маблағ, захираҳо, фурӯш ва уҳдадориҳоро дар як фазои иттилоотӣ назорат кунад.

Дар ин замина, таъкиди истифодаи зеҳни сунъӣ низ бисёр саривақтӣ аст. Зеҳни сунъӣ набояд ҳамчун ҷойгузини муҳосиб фаҳмида шавад. Арзиши зеҳни сунъӣ дар он ифода меёбад, ки ҳаҷми зиёди маълумотро зуд таҳлил намуда, тамоюлҳо, номувофиқӣ ва хавфҳоро нишон дода метавонад. Масалан, низоми таҳлилӣ метавонад афзоиши ғайримуқаррарии хароҷотро ошкор кунад, тағйирёбии фурӯшро муқоиса намояд, эҳтимоли норасоии маблағи гардонро пешакӣ нишон диҳад ё барои банақшагирии харид маълумоти муфид пешниҳод созад. Аммо сифати натиҷаи чунин таҳлил аз сифати маълумоти аввалӣ вобаста аст. Агар маълумоти баҳисобгирӣ носаҳеҳ бошад, ҳатто технологияи пешрафта қарори дуруст намебарорад. Аз ин рӯ, дар иқтисоди рақамӣ аҳамияти муҳосибӣ кам не, балки бештар мешавад.

Рушди чунин муносибат ба масъалаи омодасозии кормандон низ мустақиман вобаста аст. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои муҳими таҳсилоти олии иқтисодии кишвар дар омода намудани мутахассисони соҳаҳои молия, иқтисод, баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит нақши назаррас дорад. Дар шароити нави рушди соҳибкорӣ вазифаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ танҳо омӯзонидани қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ нест. Донишҷӯи имрӯз бояд мантиқи фаъолияти соҳибкориро дарк намояд, бо низомҳои рақамии баҳисобгирӣ кор карда тавонад, маълумотро таҳлил кунад, хавфро бинад, ҳисоботи молиявиро дуруст бихонад ва барои қабули қарорҳои идоракунӣ хулосаи асоснок пешниҳод намояд.

Аз ин рӯ, мулоқоти Сарвари давлат бо соҳибкорон барои ҷомеаи донишгоҳӣ низ як барномаи амал аст. Дар барномаҳои таълимӣ ва корҳои илмӣ бояд масъалаҳои рақамикунонии баҳисобгирӣ, баҳисобгирии идоракунӣ, таҳлили маълумот, назорати дохилӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва шаффофияти ҳисобот бештар ҷой гиранд. Ҳамкории донишгоҳ бо корхонаҳо низ бояд қавитар гардад, то донишҷӯ на танҳо назария, балки равандҳои воқеии соҳибкориро омӯзад. Корхонаҳо метавонанд майдони таҷриба ва масъалаҳои воқеиро пешниҳод кунанд, донишгоҳ бошад - дониш, таҳлил ва корманди соҳибтахассусро. Аз чунин ҳамкорӣ ҳам соҳибкорӣ ва ҳам сифати таҳсилот бурд мекунад.

Дар баробари ин, баҳисобгирии муҳосибӣ воситаи муҳими таъмини шаффофияти фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Дар фароварди мулоқот Сарвари давлат ба фаъолияти шаффоф, ташаббусҳои нав ва муносибати масъулонаи соҳибкорон таъкид намуданд. Шаффофият пеш аз ҳама аз дохили худи корхона оғоз мешавад. Соҳибкор бояд бидонад, ки маблағаш чӣ гуна ҳаракат мекунад, дороиҳояш дар куҷоянд, дар назди кӣ уҳдадор аст ва аз кӣ талабот дорад. Агар ин тартиб дар дохили корхона вуҷуд дошта бошад, муносибат бо мақомоти давлатӣ, бонкҳо, сармоягузорон ва шарикон низ равшантар мегардад.

Шаффофиятро набояд ҳамчун бори иловагӣ барои соҳибкор қабул кард. Баръакс, он сипари худи соҳибкор аст. Ҳисоби дуруст ҳуқуқи моликиятро ҳифз мекунад, баҳсҳои байни шариконро кам месозад, имкони исботи амалиётро фароҳам меорад ва барои муайян кардани масъулияти кормандон асос мегузорад. Дар шароите, ки мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад ва санҷишҳои дигар бояд дар асоси қонун, арзёбии хавф, асоснокӣ ва шаффофият сурат гиранд, масъулияти дохилии худи соҳибкор барои дурустии ҳисобу ҳуҷҷатҳо боз ҳам бештар мегардад.

Баҳисобгирии муҳосибии дуруст барои соҳибкории минтақаҳо низ аҳаммияти хос дорад. Дар мулоқот соҳибкорон ба сармоягузорӣ дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон, ташкили истеҳсолот ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ даъват шуданд. Лоиҳаи тиҷоратӣ дар чунин минтақаҳо бояд пеш аз ҳама аз ҷиҳати иқтисодӣ дуруст ҳисоб карда шавад: ҳаҷми сармоягузорӣ, хароҷоти нақлиёт, дастрасии ашёи хом, музди меҳнат, муҳлати бозгашти сармоя, талаботи бозор ва хавфҳои мавсимӣ. Ҳамаи ин аз фарҳанги ҳисобу таҳлил оғоз меёбад. Соҳибкории устувор танҳо бо ҷасорат не, бо ҷасорати ҳисобшуда рушд мекунад.

Ба ҳамин маъно, баҳисобгирии муҳосибӣ барои рушди соҳибкории занон ва ҷавонон низ аҳамияти амалӣ дорад. Дар мулоқот гуфта шуд, ки шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расида, 28 фоизи субъектҳои хоҷагидорро ташкил медиҳад ва танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба занони соҳибкор 7,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Барои соҳибкори навкор, бахусус касе, ки тиҷорати худро аз ҳаҷми хурд оғоз мекунад, аз рӯзи аввал ҷудо нигоҳ доштани маблағи шахсӣ аз маблағи соҳибкорӣ, сабти даромаду хароҷот, назорати қарздорӣ ва муайян кардани натиҷаи воқеии фаъолият бисёр муҳим аст. Фарҳанги баҳисобгирӣ бояд ҳамзамон бо фарҳанги соҳибкорӣ ташаккул ёбад.

Дар ҷомеа баъзан чунин тасаввур вуҷуд дорад, ки баҳисобгирӣ кори дохилии муҳосиб аст ва соҳибкор метавонад онро пурра ба ӯ вогузор намояд. Ин андеша дар иқтисоди муосир хатарнок аст. Соҳибкор шарт нест тамоми ҷузъиёти техникии муҳосибиро донад, аммо бояд нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти худро бихонад ва маънои онҳоро дарк кунад. Ӯ бояд фарқи даромад ва воридоти пул, фоида ва пули нақд, хароҷот ва пардохт, дороӣ ва маблағи озодро фаҳмад. Ин саводи молиявӣ соҳибкорро аз қарорҳои эҳсосӣ муҳофизат мекунад ва гуфтугӯи ӯро бо муҳосиб, бонк ва сармоягузор самараноктар месозад.

Аз ин рӯ, имрӯз вақти он расидааст, ки муносибат ба баҳисобгирии муҳосибӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ тағйир ёбад. Онро набояд танҳо ҳамчун талаботи қонун ё воситаи пешниҳоди ҳисобот дид. Баҳисобгирӣ бояд ба як қисми фарҳанги идоракунӣ табдил ёбад. Корхонае, ки ҳисобро дуруст ба роҳ мондааст, худро беҳтар мешиносад; корхонае, ки худро мешиносад, хавфро зудтар мебинад; корхонае, ки хавфро мебинад, қарори оқилонатар қабул мекунад; ва корхонае, ки қарори оқилона қабул мекунад, имкони бештари рушд ва рақобат дорад.

Мулоқоти 14 октябри соли 2026 паёми равшан дошт: марҳилаи нави рушди соҳибкорӣ бояд ба дониш, технология, рақобатпазирӣ, шаффофият ва масъулият такя кунад. Дар ин низом баҳисобгирии муҳосибӣ мавқеи канорӣ надорад. Он яке аз зерсохторҳои асосии идоракунии соҳибкорӣ мебошад. Рақамикунонии баҳисобгирӣ ва пайвастани он бо таҳлили маълумот, идоракунии истеҳсолот, фурӯш ва назорати сифат метавонад сифати қарорҳои соҳибкориро ба сатҳи нав бардорад.

Агар мо мехоҳем соҳибкории миллӣ на танҳо аз рӯйи шумора, балки аз рӯйи иқтидор, самаранокӣ ва рақобатпазирӣ рушд кунад, бояд фарҳанги ҳисобу таҳлилро низ тақвият диҳем. Соҳибкори муваффақ бояд рақамҳои фаъолияти худро донад. Муҳосиб бояд ба манбаи иттилооти боэътимод барои идоракунӣ табдил ёбад. Донишгоҳ бояд мутахассисе омода созад, ки иқтисодиёти рақамиро мефаҳмад ва барои рушди корхона арзиш меофарад. Дар ҳамин ҳамбастагӣ - соҳибкори донишманд, муҳосиби касбӣ, технология ва иттилооти саҳеҳ - яке аз роҳҳои муҳими таҳкими бахши хусусӣ ва пешрафти иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳуфтааст.

 

Файзализода Муҳаммадрабби Музаффар