Маърифати молиявӣ дар ҷомеаи муосир яке аз унсурҳои асосии идоракунии ҳаёти шахсӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Дар кишваре, ки шаҳрвандонаш дорои дониши молиявӣ мебошанд ва меъёрҳои идоракунии маблағ, пул ва сармоягузориро мефаҳманд, метавонад зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла коррупсияро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Маърифати молиявӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки маблағҳои шахсӣ ва ҷамъиятиро самаранок тақсим кунанд, қарзҳоро дуруст идора кунанд ва аз сармоягузориҳои хатарнок ҷилавгирӣ намоянд.

Дар кишварҳое, ки сатҳи маърифати молиявӣ паст мебошад, шаҳрвандон ба осонӣ метавонанд ба равандҳои коррупсионӣ бештар рӯ ба рӯ шаванд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки паст будани дониши молиявӣ бо афзоиши амалҳои нодуруст дар соҳаҳои иқтисодӣ, идоракунии захираҳо ва низоми савдо робита дорад.

Мушкилоти асосии раванди мазкур чунинанд: аҳолӣ бо меъёрҳои молиявӣ ва қонунгузории иқтисодӣ пурра ошно нестанд; соҳибкорон ва корхонаҳо аз принсипҳои шаффофият дар ҳисоботдиҳӣ ва идоракунии маблағ огоҳӣ надоранд; ҳамзамон шаҳрвандон ба воситаҳои ҳимояи молиявӣ, қарзҳои имтиёзнок ва хизматрасониҳои савдои электронӣ дастрасӣ надоранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон тадбирҳои гуногун роҳандозӣ гардида, идомаи андешидани тадбирҳои дахлдор ба мушоҳида мерасад. Ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 махсус дар чунин шакл таъкид шудааст: «Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад».

Таъкид намудани ин масъала нишон медиҳад, ки мақомот маърифати молиявиро ҳамчун воситаи калидӣ барои рушди иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори молиявии давлат муайян намуда, онро бо сиёсати андозу буҷет ва тағйирот ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ҳамоҳанг мекунанд. Ҷорӣ намудани тадбирҳои таълимӣ ва барномаҳои амалӣ дар ин самт имкон медиҳад, ки шаҳрвандон дониши молиявӣ ва фарҳанги андозсупорӣ дошта, сарфу сармоягузории худро бо назардошти принсипҳои шаффофият ва самаранокӣ идора намоянд.

Сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати молиявӣ бо тадбирҳои амалӣ, ба монанди барномаҳои омӯзишӣ, платформҳои рақамӣ ва механизми ҳавасмандкунӣ, ба ҳадафҳои стратегӣ, пешгирии коррупсия, густариши иқтисоди рақобатпазир ва таъмини устувории молиявии давлат  равона гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки барои баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва пешгирии коррупсия як қатор тадбирҳои мушаххас зарур мебошанд. Аввалан, бояд барномаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ ҷорӣ шаванд. Донишгоҳҳо ва мактабҳо метавонанд барномаҳои махсус дар мавзӯи идоракунии молиявӣ, сармоягузорӣ, таҳияи буҷет ва принсипҳои шаффофият ташкил намоянд. Ҳамзамон, семинарҳо, тренингҳо ва вебинарҳои калонсолон бо иштироки мутахассисони молиявӣ, намояндагони ҳукумат ва соҳибкорони муваффақ бояд баргузор шаванд. Маҳз тавассути ин чораҳо шаҳрвандон ва соҳибкорон бо меъёрҳои молиявӣ ва усулҳои пешгирии коррупсия ошно мегарданд.

Дуюм воситаҳои иттилоотӣ ва платформаҳои рақамӣ бояд тақвият дода шаванд. Дар Тоҷикистон, ба хотири рушди маърифати молиявӣ, барномаҳои электронӣ барои омӯзиш ва машварат дар самти идоракунии маблағ ва қарз ҷорӣ гардидаанд. Маълумот оид ба қарзҳои имтиёзнок, хизматрасониҳои ҳукуматӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар сомонаҳо ва барномаҳои мобилӣ бо шакли шаффоф нашр карда мешаванд. Ин тадбирҳо дастрасӣ ба маълумот ва имкониятҳои молиявиро ба шаҳрвандон ва соҳибкорон фароҳам меоранд.

Сеюм бояд механизмҳои ҳавасмандкунанда муҳайё гарданд. Ҷомеа ва соҳибкорон метавонанд ба лоиҳаҳои маърифати молиявӣ тавассути ҷоизаҳо, сертификатҳо ва эътирофҳо ҷалб шаванд. Дар Тоҷикистон, соҳибкорони шаффоф ва фаъоли иқтисодӣ бо имтиёзҳои андозӣ ва дастгирии молиявӣ дастгирӣ мешаванд. Ин тадбирҳо шаҳрвандон ва соҳибкоронро ба риояи принсипҳои шаффофият ва идоракунии масъулона ҳавасманд мегардонанд.

Чорум маърифати молиявӣ бояд бо сиёсати зиддикоррупсионӣ ҳамоҳанг карда шавад. Семинарҳои амалӣ ва лоиҳаҳои омӯзишӣ ба шаҳрвандон ва соҳибкорон қоидаҳои шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва идоракунии молиявиро омӯзонида, имкон медиҳанд, ки онҳо дар фаъолияти иқтисодӣ амалҳои коррупсионӣ ва амалиёти хатарнокро пешгирӣ намоянд.

Ҳамзамон, дар Тоҷикистон ташаббусҳои давлатӣ барои баланд бардоштани маърифати молиявӣ бо ҷорӣ намудани барномаҳои миллии таълимӣ, платформаҳои рақамӣ ва марказҳои машваратии соҳибкорӣ амалӣ мешаванд.

Дар маҷмуъ, баланд бардоштани маърифати молиявӣ на танҳо сатҳи зиндагиро беҳтар мекунад, балки ҳамчун воситаи муассир барои пешгирии коррупсия ва зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа амал мекунад. Ҷорӣ намудани барномаҳои таълимӣ, платформаҳои рақамӣ ва механизмҳои ҳавасмандкунанда метавонад ба эҷоди ҷомеаи боэътимод, рақобатпазир ва устувор мусоидат намояд.

 

Наргис САЙФУЛЛОЕВА,

магистранти кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллии ДДМИТ