МАҚОМОТИ ГУМРУК ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ИҚТИСОДӢ
Мақомоти гумрук ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатӣ дар низоми идоракунии иқтисоди миллӣ мавқеи хосро ишғол менамоянд. Дар шароити муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ босуръат рушд мекунанд, аҳамияти фаъолияти гумрук боз ҳам бештар мегардад. Ин ниҳод на танҳо вазифаи назорати ҳаракати молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиётро тавассути сарҳади давлатӣ иҷро мекунад, балки ҳамчун воситаи муҳимми таъмини бехатарии иқтисодӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва танзими савдои хориҷӣ низ баромад менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиши нақши мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодӣ барои фаҳмиши равандҳои иқтисодии муосир аҳамияти калон дорад. Бехатарии иқтисодӣ яке аз ҷузъҳои асосии амнияти миллӣ ба ҳисоб рафта, ба ҳолате ишора мекунад, ки дар он иқтисоди кишвар аз таъсири омилҳои манфии дохилӣ ва хориҷӣ ҳифз шудааст ва имконияти рушди устуворро дорад. Ин мафҳум ҳифзи бозори дохилӣ, таъмини рақобати солим, пешгирии воридоти молҳои пастсифат ва хатарнок, мубориза бо иқтисодиёти пинҳонӣ ва таъмини даромадҳои давлатӣ аз ҳисоби фаъолияти иқтисодиро дар бар мегирад. Дар ин раванд, мақомоти гумрук ҳамчун яке аз абзорҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат баромад мекунанд.
Бехатарии иқтисодӣ на танҳо бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, аз қабили ҳаҷми истеҳсолот ё сатҳи даромадҳо маҳдуд намешавад, балки маҷмуи омилҳоро дар бар мегирад. Ба онҳо ҳифзи бозори дохилӣ, таъмини рақобати солим, рушди истеҳсолоти миллӣ, устувории низоми молиявӣ, амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва сармоягузорӣ дохил мешаванд. Агар яке аз ин унсурҳо заиф гардад, тамоми низоми иқтисодӣ метавонад ба буҳрон рӯ ба рӯ шавад.
Таҳдидҳо ба бехатарии иқтисодӣ метавонанд шаклҳои гуногун дошта бошанд. Ба таҳдидҳои дохилӣ, пеш аз ҳама, коррупсия, иқтисодиёти пинҳонӣ, идоракунии ғайрисамаранок, сатҳи пасти истеҳсолот ва вобастагии аз ҳад зиёд аз воридот дохил мешаванд. Ин омилҳо метавонанд иқтидори дохилии иқтисодро суст намуда, кишварро аз таъсири омилҳои беруна бештар осебпазир гардонанд. Масалан, агар кишвар аз воридоти молҳои асосӣ вобастагии зиёд дошта бошад, ҳар гуна тағйирот дар бозори ҷаҳонӣ метавонад ба болоравии нархҳо ва ноустувории иқтисодӣ оварда расонад. Ба таҳдидҳои хориҷӣ бошад, таъсири буҳронҳои ҷаҳонӣ, тағйирёбии нархи захираҳои табиӣ, рақобати нобаробар дар савдои байналмилалӣ, таҳримҳои иқтисодӣ ва фаъолияти ҷиноятии фаромиллӣ дохил мешаванд. Аз ҷумла, қочоқ, гардиши ғайриқонунии молу маҳсулот, интиқоли ғайриқонунии сармоя ва молҳои қалбакӣ метавонанд ба иқтисоди миллӣ зарари ҷиддӣ расонанд. Ин гуна таҳдидҳо на танҳо ба даромадҳои давлатӣ таъсир мерасонанд, балки ба рушди соҳаҳои истеҳсолӣ ва эътимоди сармоягузорон низ таъсири манфӣ доранд.
Дар чунин шароит, мақомоти гумрук ҳамчун яке аз абзорҳои асосии таъмини бехатарии иқтисодӣ нақши муҳим мебозанд. Онҳо тавассути назорати сарҳади гумрукӣ воридот ва содироти молҳоро танзим намуда, барои пешгирии ворид шудани молҳои ғайриқонунӣ ва хатарнок чораҳои зарурӣ меандешанд. Ин назорат барои ҳифзи бозори дохилӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони миллӣ аҳамияти калон дорад. Масалан, агар молҳои арзони ғайриқонунӣ ба бозор ворид шаванд, онҳо метавонанд истеҳсолоти дохилиро танг карда, ба коҳиши ҷойҳои корӣ оварда расонанд. Яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти гумрук назорати гумрукӣ мебошад. Назорати гумрукӣ маҷмуи чорабиниҳоест, ки ба таъмини риояи қонунгузории гумрукӣ ҳангоми воридот, содирот ва транзити молу маҳсулот равона шудааст. Ин назорат дар бар мегирад санҷиши ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунанда, муоинаи физикии молҳо, истифодаи системаҳои сканерӣ ва таҳлили хавфҳо. Имрӯзҳо дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, низоми идоракунии хавфҳо васеъ истифода мешавад, ки имкон медиҳад назорат ба таври мақсаднок ва самаранок анҷом дода шавад.
Мақомоти гумрук, инчунин дар ҷамъоварии даромадҳои буҷети давлатӣ нақши муҳим доранд. Пардохтҳои гумрукӣ, аз ҷумла боҷҳои гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар пардохтҳо, қисми назарраси буҷети давлатро ташкил медиҳанд. Ин маблағҳо барои рушди инфрасохтор, дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ истифода мешаванд. Аз ин лиҳоз, самаранокии фаъолияти гумрук бевосита ба вазъи молиявии давлат таъсир мерасонад.
Яке аз самтҳои калидии фаъолияти мақомоти гумрук мубориза бо қочоқ ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад. Қочоқи молу маҳсулот метавонад ба иқтисоди миллӣ зарари ҷиддӣ расонад, зеро он рақобати носолимро ба вуҷуд меорад, даромадҳои давлатро кам мекунад ва ба бозор ворид шудани молҳои пастсифат ва хатарнокро осон мегардонад. Аз ҷумла, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, маҳсулоти қалбакӣ ва дигар ашёи манъшуда метавонад на танҳо ба иқтисод, балки ба амнияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ таҳдид эҷод намояд. Мақомоти гумрук бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии чунин амалҳо чораҳои зарурӣ меандешанд.
Нақши мақомоти гумрук дар ҳифзи бозори дохилӣ низ хеле муҳим аст. Онҳо метавонанд бо роҳи танзими тарифҳо ва маҳдудиятҳои ғайритарифӣ воридоти молҳоро ба тарзе идора намоянд, ки истеҳсолкунандагони дохилӣ аз рақобати носолим ҳифз карда шаванд. Ин сиёсати муҳофизатӣ метавонад ба рушди саноати миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ мусоидат намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти гумрук ҳамчун як сохтори муҳими давлатӣ фаъолият намуда, дар таъмини амнияти иқтисодӣ саҳми назаррас доранд. Дар солҳои охир, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гумрук як қатор ислоҳотҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон ва густариши ҳамкории байналмилалӣ. Ҳамкории Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти гумруки дигар кишварҳо барои мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ ва содасозии савдо аҳамияти калон
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди тиҷорати электронӣ, таҳдидҳои нав ба бехатарии иқтисодӣ пайдо мешаванд. Аз ҷумла, афзоиши савдои онлайн, интиқоли ғайриқонунии молҳо тавассути шабакаҳои мураккаби логистикӣ ва истифодаи технологияҳои нав барои пинҳон кардани фаъолияти ғайриқонунӣ. Дар чунин шароит, мақомоти гумрук бояд ба усулҳои муосири идоракунӣ, аз ҷумла таҳлили маълумоти калон (Big Data), истифодаи зеҳни сунъӣ ва низомҳои автоматикунонидашуда такя намоянд.
Дар маҷмуъ, мақомоти гумрук дар таъмини бехатарии иқтисодӣ нақши бисёрҷониба ва асостӣ мебозанд. Онҳо на танҳо ҳамчун ниҳоди назоратӣ, балки ҳамчун воситаи муҳими сиёсати иқтисодӣ, таъминкунандаи даромадҳои давлатӣ ва ҳомии бозори дохилӣ амал мекунанд. Самаранокии фаъолияти онҳо ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки дар шароити муосир нақши мақомоти гумрук дар таъмини бехатарии иқтисодӣ ниҳоят муҳим мебошад. Бо такмили фаъолияти онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, имкониятҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат боз ҳам бештар хоҳанд гардид. Ин дар навбати худ, барои рушди устувор ва таъмини амнияти миллӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.
Исроил ШАРИПОВ,
донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 1-96010103 бехатарии иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng