Бо пешравии илму техника ва технологияи замонавӣ зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба вуҷуд омад. Зеро қаллобон бо истифода аз боварии мардум ва гумроҳии бархе афрод мардумро ба гумроҳӣ андохта, пули бе дарди миён ба даст меоранд Тавассути интернет мо ҳамарӯза шоҳиди таблиғоту ташвиқоти гуногуни гурӯҳҳои манфиатҷӯ мешавем. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупорӣ дар замони рақамисозии иқтисоди миллӣ шарти муҳим ва зарурӣ мебошад.

Баланд бардоштани маърифати молиявӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи самараноки хизматрасониҳои бонкӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлати мо буда, пайваста зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Пешвои миллат дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид намудаанд, ки рушди иқтисоди рақамӣ ва боло бурдани саводнокии молиявии мардум аз ҷузъҳои асосии амнияти молиявӣ ва пешрафти устувори давлат ба ҳисоб мераванд.

Дар шароити иқтисоди бозорӣ ва рақамисозии босуръати ҷомеа, маърифати молиявӣ ба яке аз шохаҳои бунёдии рушди иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфтааст. Маърифати молиявӣ маҷмуи дониш, малака ва муносибатҳои амалиест, ки ба шахс имкон медиҳад дар масъалаҳои идоракунии даромад, хароҷот, пасандоз, сармоягузорӣ ва истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ қарорҳои дуруст қабул намояд.

Унсурҳои асосии маърифати молиявӣ идоракунии даромад ва хароҷот, истифодаи оқилонаи кортҳои бонкӣ, қарзҳо, амонатҳо ва дигар маҳсулоти молиявӣ, риояи меъёрҳои қонунгузории молиявию андозӣ ва қобилияти муайян кардани амалиётҳои шубҳанок ва қаллобона мебошад.

Баланд будани сатҳи маърифати молиявӣ ба ҳар як шахс имкон медиҳад, ки аз дороиҳои худ самаранок истифода бурда, ба хавфҳои молиявӣ камтар рӯ ба рӯ гардад.

Тавре дар боло ёдовар шудем, фарҳанги андозсупорӣ маҷмуи дониш, боварӣ ва муносибати масъулонаи шаҳрвандон дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ мебошад. Дар ҳар як ҷомеаи мутараққӣ андозҳо воситаи рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таъминкунандаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шумор мераванд.

Фарҳанги пасти андозсупорӣ ба камбуди даромади буҷети давлатӣ, болоравии фасодкорӣ ва рушди фаъолияти ғайрирасмӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи иттилоотонию маърифатӣ дар ин самт аҳаммияти калидӣ дорад.

Бо рушди технологияҳои иттилоотӣ, имрӯз аксари амалиётҳои бонкӣ ва молиявӣ аз харид то гирифтани қарз ба таври онлайн анҷом дода мешаванд. Ин раванд, аз як тараф, имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, аз ҷониби дигар, хатарҳои иттилоотӣ ва молиявиро зиёд мекунад.

Аз ҳама маълумоти осебпазир дар ҷаҳони рақамӣ иттилооти молиявии шахс ба шумор меравад. Бинобар ин, баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ ва бехатарии рақамӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи саводнокии молиявӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими амнияти иттилоотӣ ва молиявӣ як қатор санадҳои муҳими стратегиро тасдиқ намудааст, аз ҷумла:

Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, Консепсияи ҳукумати электронӣ, Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ (2022–2026) ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ то соли 2040. Ин санадҳо барои рушди иқтисоди рақамӣ, вусъати пардохтҳои ғайринақдӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ шароити устувор фароҳам меоранд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани саводнокии молиявӣ иқдомҳои назаррас амалӣ менамояд. Дар баробари баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ ва семинарҳои фаҳмондадиҳӣ, донишгоҳ бори аввал Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ”-ро роҳандозӣ намуд, ки ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва ҷалби ҷавонони боистеъдод ба масъалаҳои амнияти молиявӣ мебошад.

Ин иқдом ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ мусоидат менамояд.

Саводнокии молиявӣ, пеш аз ҳама, қобилияти идоракунии дурусти маблағҳо ва истифодаи мақсадноки захираҳои шахсӣ мебошад. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди ин ду самт на танҳо зарурат, балки вазифаи шаҳрвандӣ ва талаби замони рақамӣ мебошад.

Абдукарими Исо,

муҳосиби калони бахши музди меҳнати раёсати молия ва муҳосиботи ДДМИТ