МУБОРИЗА БО САВДОИ ОДАМОН БАҲРИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИИ ИНСОН
Ин неъмати гаронмоя танҳо дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти пойдор амалӣ мегардад. Тоҷикистон, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ роҳи давлатдории устуворро тай намудааст, имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари осуда, ором ва амн эътироф гардидааст.
Озодӣ барои инсон аз арзишмандтарин неъматҳоест, ки вуҷуди тамоми ҳуқуқу озодиҳои дигари шаҳрвандӣ бар он асос меёбад. Асрҳои зиёд башарият барои ҳифзи озодӣ мубориза бурдаанд, вале бо вуҷуди пешравиҳои илмӣ то ҳол аз паёмадҳои ҷиноятҳои зидди озодии инсон ранҷ мебарад. Яке аз ин хатарҳои ҷиддӣ савдои одамон мебошад, ки имрӯз хусусияти фаромиллӣ гирифта, ба амнияти ҳар як давлат ва ҳар як инсон таҳдид мекунад.
Савдои одамон танҳо як ҷиноят нест, он поймолкунии бевоситаи ҳуқуқи табиии инсон ба озодӣ, амният, шаъну эътибор ва ҳаёт мебошад. Ин ҷиноят дар ҷаҳони муосир шаклҳои нав мегирад.
Ҷаҳони ҷинояткорон ҳамеша қоидаҳои муштарак дорад: «яке ба дигараш мебарад». Тавре дар мардуми мо мегӯянд: «Тухмдузд шутурдузд мешавад». Фаромӯш набояд кард, ки одамон ба осонӣ ба доми шабакаҳои муташаккили ҷинояткор меафтанд, агар сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоияшон паст бошад.
Савдои одамон яке аз ҷиноятҳои вазнини байналмилалӣ буда, ҳуқуқи асосии инсон ҳуқуқ ба озодӣ ва амниятро поймол мекунад. Он ба паҳлуҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеа зарбаи ҷиддӣ мерасонад.
Садсолаҳо пеш дар баъзе кишварҳо қонунҳо барои манъи ғуломдорӣ, озодии ғуломон ва манъи хариду фурӯши одамон қабул шуданд. Дар оғоз ин тадбирҳо бештар ба ҳифзи занону духтарон равона буданд. Дар соли 1900 дар Россия «Ҷамъияти русиягии ҳимояи занон» таъсис ёфт, ки мақсад дошт занони фирефташуда ва қурбониёни истисморро ба зиндагии муқаррарӣ баргардонад. Баъдан, чунин сохторҳо дар Италия (1901) ва Испания (1902) низ амал мекарданд.
Конференсияи байналмилалии соли 1902 дар Фаронса аввалин маротиба масъалаи мазкурро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард. Бо гузашти вақт ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ такмил ёфтанд ва ба ҳимояи кӯдакон низ паҳн шуданд.
Соли 1921 дар Женева Конвенсияи мубориза бо хариду фурӯши занону кӯдакон қабул гардид. Дар даҳсолаҳои баъдӣ санадҳои байналмилалӣ бо назардошти тағйирёбии шаклҳои наву хатарноки истисмор такмил дода шуданд.
Оғози асри XXI таърихро ба марҳалаи нав дар мубориза бо савдои одамон ворид сохт. Соли 2000 Маҷмаи умумии СММ Протоколи Палермо (Протокол оид ба пешгирӣ аз савдои одамон) яке аз санадҳои муҳимтаринро қабул намуд.
Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин раванд ҳамроҳ гардида, дар ҷаласаи 2-юми Конференсия Президенти кишвар тасдиқи санадро ҷонибдорӣ намуд. Минбаъд дар қонунгузории миллӣ, аз ҷумла Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид шуда, барномаҳои давлатӣ таҳия гардиданд.
Имрӯз гурӯҳи осебпазирро муҳоҷирони меҳнатӣ, занону духтарон, кӯдакон ва ашхосе, ки сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ доранд, ташкил медиҳанд. Бештари ҳолатҳо бо фиреб, ваъдаҳои маоши баланд, издивоҷи маҷбурӣ ё маҷбуркунии гадоӣ сурат мегиранд.
Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2022-2024 самтҳои асосии давлат ва ташкилотҳои ҷамъиятиро ба таври возеҳ муайян кардааст.
Тоҷикистон имрӯз бо сиёсати дурбинонаи давлати худ тавонистааст сатҳи амниятро баланд нигоҳ дорад ва дар ин масъалаи мубориза бо савдои одамон мавқеи устуворро ишғол мекунад. Мубориза ба савдои одамон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ буда, таҳти таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин зуҳуроти хатарнок на танҳо хилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки таҳдид ба амнияти иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эътибори давлат мебошад.
Чанде қабл дар маҷлистгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки 1650 нафар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душанбе ҷаласаи васеъ доир гардид. Дар ин ҳамоиш масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ баррасӣ шуда, тавсия шуд, ки маводҳо дар дарсҳои ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва тарбиявӣ истифода шаванд. Мақсад аз ин ҳамоиш низ баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон ҳамчун гурӯҳи осебпазиртарин буд. Дар ДДМИТ корҳои зерин пайваста амалӣ мешаванд: соатҳои кураторӣ ва тарбиявӣ, баргузории дарсҳои ҳуқуқ ва ҷамъиятӣ, муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқвайронкунӣ, мизҳои гирд дар мавзуи меҳнати маҷбурӣ, нашри маводи огоҳкунанда, ташкили маҳфилҳою семинарҳо, зеро маориф ҳамчун сипари маърифатӣ метавонад садди қавӣ бар зидди ҷинояткорӣ гардад.
Хулоса, савдои одамон яке аз хатарҳои ҷиддитарини асри XXI боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ҷорӣ шудани қонунҳои сахт, созмонҳои байналмилалӣ, таъкидҳои СММ ва сиёсати давлатҳо, гурӯҳҳои ҷинояткор усулҳои нави фиребро ихтироъ мекунанд. Муборизаи муассир дар ин самт танҳо бо ҳамкории ҷомеа, мақомот, созмонҳои байналмилалӣ, ВАО, оила ва муассисаҳои таълимӣ имконпазир аст.
Мастура БУРИЕВА,
декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng