АҲАМИЯТИ КИБЕРАМНИЯТ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ
Дар ҷаҳони пуртазод ва равандҳои босуръати технологияҳои рақамӣ ва суръати баланди ҷаҳонишавӣ ба назар мерасад, ки киберамният ҳамчун масъалаи муҳим ва ташвишовар дар тамоми соҳаҳои фаъолият, махсусан дар соҳаи бонкдорӣ як қатор таҳдидҳои хатарафзоро ба вуҷуд овардааст. Роҳҳои ҳифзи он низ давоми чанд соли охир дар маркази диққати сохторҳои молиявию пулии кишвар қарор гирифтааст. Зеро дар баробар вусъат пайдо кардани истифодаи технологияҳои рақамӣ дар низоми бонкии кишвар киберамният ё ҳамлаҳои киберӣ ба яке аз муҳимтарин амалкардҳои низоми бонкӣ муқобили чунин тамоюлҳои манфӣ мебошад.
Гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон низ ин раванд ба таври пароканда мушоҳида гардида, он бештар дар хизматрасониҳо тавассути бонкдории мобилӣ, пардохтҳои мобилӣ, истифодаи QR-рамзҳои ягона, хизматрасонӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ ва хизматрасониҳои дигари рақамӣ ба назар мерасад. Дар истифодаи чунин имкониятҳои хизматрасонӣ фаъолнокии ҳамлаҳои киберӣ, тавассути фишинг, ransomware ва дуздии маълумоти муштариён роҳандозӣ гардида, ба ин васила, суратҳисобҳои муштариён рахна гардида, пулҳои онҳо аз суратҳисобҳо рабуда мешаванд. Дар ҳамин масъалаи доғи рӯз саволе ба миён меояд, ки чаро бонкҳо ҳадафи асосии ҳамлаҳои киберӣ қарор мегиранд?
Дар ҳамин замина, метавон гуфт, ки бонкхо дорои маълумотҳои хеле ҷиддӣ, зарурӣ ва муҳиманд, ба монанди рақамҳои ҳисобҳо, маълумоти кортҳо, рамзҳо, маълумоти шахсӣ ва ҳатто дастрасӣ ба маблағҳо мебошанд.
Тибқи мушоҳидаҳо ва маълумотҳои дастрасгардида, дар бонкҳои Тоҷикистон бештар ҳамлаҳои фишинг ва барномаҳои зараровар ба назар мерасад, ки ин бештар на ба айби бонкҳо, балки дар заминаи зудбоварии мизоҷон ба вуҷуд меоянд. Дар солҳои охир ҳолатҳои зиёди қаллобии телефонӣ ва интернетӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ин масъала қаллобон барои гирифтани пул бештар аз шахсони миёнарав ҳамчун василаи ғорат ё рахна ба суратҳисоб истифода мебаранд.
Барои пешгирии чунин тамоили манфӣ дар чанд соли охир мусаллам аст, ки дар давраи гузариш ба ин ҷараён ҳастанд мавридҳое, ки дар соҳаи киберамният камбудиҳо вуҷуд доранд, баъзе мушкилоти техникӣ ва норасоии нармафзорӣ ва монанди инҳо ба назар мерасанд ва низоми назорати дохилӣ низ бояд боз ҳам мустаҳкамтар карда шаванд.
Таҳдидҳои асосӣ барои бонкҳои Тоҷикистон ин фишинг ва қаллобии иҷтимоӣ, ки қаллобон худро кормандони бонк нишон медиҳанд ва маълумоти муштариёнро мегиранд, мебошад. Аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки бонкҳо низоми назорати дохилӣ ва идоракунии хавфҳоро дар идораи босамари ин раванд пурзӯр намоянд.
Бинобар ин, қаллобон аксар вақт аз номи бонк навишта мефиристанд ва ба ҳар гуна таблиғот бовар накунед, ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳед, то ба доми чунин қаллобон наафтед.
Кишварзода Хуршед Ҷамшед,
донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-25010202 - иқтисодиёти молиявӣ ва бонкии факултети молия ва қарзи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng