ЗАН ВА МАҚОМИ Ӯ ДАР ДАВРОНИ ИСТИКЛОЛИЯТ
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бонувони кишвар пас аз даҳсолаҳо имкони воқеии соҳибистиқлолӣ ва худшиносии иҷтимоиву сиёсии онҳоро фароҳам овард. Имрӯз бонуи тоҷик на танҳо дар дохили кишвар, балки дар давлатҳои мухталифи ҷаҳон фаъолият менамояд, садҳо духтарон ба таҳсил машғул буда, барои ба даст овардани тахассусҳои муосиру рақобатпазир саъй доранд.
Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон, беҳтар намудани шароити зиндагӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҳамчун самти афзалиятнок таъкид мегардад. Баробарии гендерӣ имрӯз на танҳо ҳамчун эълони ҳуқуқҳои баробар, балки ҳамчун таъмини имкониятҳои воқеӣ барои иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар амал татбиқ мешавад.
Баъди ба даст овардани Истиқлолият мақому нуфузи зан дар ҷомеаи тоҷик босуръат боло рафт. Дар ин раванд, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ дорад. Таваҷҷуҳи пайваста ба фаъолияти ҷамъиятӣ, илмӣ, иқтисодиву сиёсӣ ва соҳибкории бонувон боис гашт, ки занон имрӯз дар аксари бахшҳои ҳаёт мавқеи сазовор дошта бошанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 ва ҳамчунин, дар Паёми 16 декабри соли 2025 масъалаи фаъолгардонии нақши занон, омодасозии кадрҳои боистеъдод, ҳимояи ҳуқуқи занон, дастгирии соҳибкории бонувон, таҳкими оила ва тарбияи фарзанадон бо таъкидҳои махсус баён гардид.
Пешвои миллат бо қаноатмандӣ зикр намуданд, ки: «Занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда мегузоранд».
Инчунин таъкид карданд, ки дастгирии занону духтарон дар ҳама соҳаҳо минбаъд низ идома меёбад. Зани тоҷик имрӯз дар соҳаҳои сиёсат, илм ва маориф, соҳибкорӣ, техника ва технология, тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ саҳми муҳим мегузорад. Онҳо фаъолона ба қабули қарорҳо ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ таъсир мерасонанд.
Бо вуҷуди ин, мушкилоти муайян ҳамчунон вуҷуд доранд, аз ҷумла нобаробарии гендерӣ дар баъзе ҷойҳои кор, фарқияти музди меҳнат, маҳдудиятҳои муносиби пешрафти касбӣ ва ҳодисаҳои хушунати хонаводагӣ.
Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ҳалли ин масъалаҳо сиёсати қатъӣ пеш мебарад: аз дастгирии ҳуқуқӣ то барномаҳои омӯзишу рушди иқтисодии занон.
Хулоса, даврони Истиқлол барои занони тоҷик давраи худшиносӣ, рушд ва фаъолгардонӣ гардид. Имрӯз бонувони мамлакат дар тамоми соҳаҳо фаъолона ҷалб мешаванд ва барои пешрафти ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд. Дастгириҳои давлату Ҳукумат, хусусан ғамхориҳои Пешвои миллат, заминаи боэътимодеро фароҳам овардаанд, ки зани тоҷик нақши созанда ва таъсиргузории худро дар ҷомеа боз ҳам тақвият бахшад.
Имрӯз зарур аст, ки ҳар як зани тоҷик бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ, донишандӯзӣ ва фаъолият дар ҳаёти ҷомеа ба таҳкими давлати миллӣ саҳм гузорад. Зеро зан меъмори оила, тарбиятгари насл ва пояи устувори ҷомеа мебошад.
Зарагул АЛИЕВА,
ассистенти кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng