Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ пешорӯи ҷомеа вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Сараввал Президенти мамлакат ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатиро рӯйдоди муҳими таърихӣ номида, ҳамзамон, имзои шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро дастоварди муҳимтарини дипломатияи тоҷик дар соли 2025 шумориданд. Ба назари мо, дар сархати Паёми Пешвои миллат қарор гирифтани рӯйдодҳои болозикр бесабаб нест, зеро маҳз таҳкими амният ва ҳусни неки ҳамҷаворӣ барои рушди босуботи минбаъдаи тамоми соҳаҳои мамлакат заминаи устувор мегузорад.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ шудани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дастовардҳои муҳимтарини кишвари мо баршуморидан мумкин аст ва Пешвои миллат дар ин замина, таъкид доштанд, ки рӯзи 12-уми декабри соли 2025 ду пешниҳоди Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуд - аввалан бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд, дуввум бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.

Воқеан, дастгирии чунин ташаббусҳои созанда, ба назари мо, аз як тараф, ҳамраъйӣ ва ибтикороти созандаи Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ нишон медиҳад, аз ҷониби дигар, барои боло рафтани имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон мусоидат менамояд.

Илова бар ин, якдилона ҷонибдорӣ шудану қабул гардидани ташаббусҳои дигари Тоҷикистон оид ба «Соли байналхалқии ҳифзи пиряхҳо» (2025) ва «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии ташаббускор муаррифӣ менамояд. Хотиррасон менамоем, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, дар арсаи ҷаҳон Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускори иқдомҳои созанда ба нафъи башар, ҳомии сулҳу таҳкими амният ва муҳофизи ҳуқуқи инсон шинохта шудааст.

Дар бахши иқтисодии Паём бештар ба дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4% ва иқтисоди миллӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 6,7% афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба 19% коҳиш ёфт. Рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7%, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20%, кишоварзӣ 8,4% ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7% афзоиш меёбад.

Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо, вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҳарчи зудтар ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардидани маорифи Тоҷикистон аз масъалаҳои меҳварии Паём ба шумор меоянд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият бори дигар ёдовар шуданд, ки ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад.

Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар назди масъулин ва кормандони соҳаи маориф вазифа мегузорад, ки бояд барои ҳарчи бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ба гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аз ҳоло чораҷӯйӣ намоянд.

Агар Паёми навбатиро бо паёмҳои қаблӣ муқоиса намоем, чунин натиҷа мебардорем, ки дар меҳвари он, пеш аз ҳама, масъалаҳои рушди маориф ва иқтисоди миллӣ, ҳамбастагӣ бо ҷомеаи муосир, таҳкими сулҳу субот, ҳифзи фарҳанги миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, ворид шудан ба ҷомеаи иттилоотӣ, бунёди ҷомеаи донишмеҳвар ва ҳифзи сарватҳои маънавӣ авлавият доранд.

Ба назари мо, донишҷӯëн чунин масъалагузорӣ талаби давр ва тақозои замони муосир аст. Зеро диалектикаи рушди ҷомеаи навин бар асоси пешрафту навоварӣ побарҷост ва маҳз дар амалӣ намудани имконият ва афзалиятҳои иқтисоди сабз, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ руҳи замон падидор мешавад. Яъне, Паём тантанаи давлату низом, зуҳури тозаи афкори навин, рушноии роҳи бардавом ва сапедии субҳу рӯшноии шом аст. Ба ин сурат, Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи таҳкими сулҳ, амният ва рушди миллӣ мебошад.

Довуд ИБОДУЛЛОЕВ,

донишҷӯи курси 3 ихтисоси 1-960101 ДДМИТ