Терроризм дар асри XXI ба яке аз хатарҳои глобалии амният табдил ёфтааст, ки таъсири он ба ҷомеа, давлат ва сохторҳои сиёсӣ, ки барои таъмини субот масъуланд, рӯз ба рӯз меафзояд. Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол, ки таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст, аз хатарҳои терроризм ва экстремизм, хоҳ динӣ, хоҳ сиёсӣ ва иҷтимоӣ бошад, огоҳ буда, дар ин самт сиёсати мушаххас ва пайгирона таҳия ва амалӣ менамояд.

Дар маркази ин сиёсат барномаҳои давлатии пешгирии терроризм ва Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм қарор доранд, ки ҳадафи онҳо таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи суботи ҷомеа ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки терроризм ва экстремизм барои инсоният хатари ҷиддӣ дошта, мубориза бо он истифодаи тамоми имконияти давлат ва ҷомеаро тақозо мекунад. Ин мавқеи Роҳбари давлат нишон медиҳад, ки мубориза бо терроризм танҳо амалиёти қудратӣ набуда, балки раванди фарогири сиёсӣ, иҷтимоӣ, мафкуравӣ ва тарбиявӣ мебошад.

Тоҷикистон бо дарки он ки терроризм шабакаи мураккаби иттилоотӣ, молиявӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад, сиёсати зиддитеррористии худро дар асоси бархӯрди бисёрсамтӣ роҳандозӣ кардааст. Пайдоиши гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, таъсири ҷангҳои минтақа, густариши таблиғоти онлайнӣ ва мавҷудияти мушкилоти иҷтимоӣ дар баъзе минтақаҳо сабаби таҳкими стратегияи дарозмуддати зиддитеррористӣ гардидаанд.

Яке аз самтҳои муҳими барномаҳои давлатӣ баланд бардоштани маърифати ҷавонон мебошад. Бо назардошти он ки беш аз нисфи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, онҳо бештар ба таъсири иттилооти интернетӣ осебпазир мебошанд. Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои омӯзишӣ семинарҳо, вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва олимони соҳа мунтазам баргузор мегарданд. Ин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон ва ташаккули ҷаҳонбинии солим мусоидат мекунанд.

Дар доираи стратегияи миллӣ, давлат инчунин, маҳдудсозии мундариҷаи ифротгаро дар фазои иттилоотӣ ва ҳамзамон, рушди муҳтавоҳои маърифативу фарҳангиро ба роҳ мондааст. Истеҳсол ва пахши филмҳои ватанпарастӣ, барномаҳои телевизионӣ ва маводи иттилоотии зиддитеррористӣ барои таъмини дастрасии ҷавонон ба иттилооти дуруст аҳамияти муҳим доранд.

Нақши оила дар ин раванд муҳим мебошад. Оила ҳамчун зинаи аввалини тарбия метавонад дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ таъсири назаррас дошта бошад. Бо ин мақсад, тавассути барномаҳои маърифатӣ волидайн аз роҳҳои фиреби гурӯҳҳои террористӣ ва зарурати назорати тарбиявии фарзандон огоҳ карда мешаванд.

Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишвар ва доштани марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, масъалаи назорати сарҳадӣ низ аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз таҷҳизоти муосир, тақвияти неруҳои марзбон ва ҳамкориҳои минтақавӣ Тоҷикистон ҷилавгирӣ аз қочоқ ва фаъолияти гурӯҳҳои ифротиро таҳким мебахшад.

Ҳамкории байналмилалӣ низ дар ин самт нақши муҳим дорад. Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, таҷрибаи ҷаҳониро дар мубориза бо терроризм истифода мебарад.

Дар маҷмуъ, натиҷаҳои татбиқи барномаҳои давлатӣ нишон медиҳанд, ки сатҳи ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ коҳиш ёфта, сатҳи огоҳии ҷомеа баланд гардидааст ва амнияти марзҳо таҳким ёфтааст. Ин ҳама аз самаранокии сиёсати пешгирикунандаи давлат шаҳодат медиҳад.

Хулоса, барномаҳои пешгирии терроризм ва Стратегияи миллии зиддитеррористӣ дар Тоҷикистон ба низоми ягонаи амниятӣ табдил ёфта, дар таъмини суботи миллӣ, ҳифзи арзишҳои ҷомеа ва муҳофизати насли ҷавон нақши муассир доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба ҳамбастагии давлат ва ҷомеа дар роҳи мубориза бо терроризм қадамҳои устувор гузошта, барои наслҳои оянда фазои амну осоишта фароҳам месозад.

 

А. СУДИҚОВ,

ассистенти кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ

Умар Суфиев,

донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 1-26010301