ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – МАСЪАЛАИ ГЛОБАЛӢ
Айни замон яке аз масъалаҳои мубраме, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ба захираҳои обӣ ва равандҳои босуръати обшавии пиряхҳо мебошад. Ин масъала дар қатори дигар таҳдидҳои ҷаҳонӣ мавқеи махсус дошта, ба амнияти экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо таъсири назаррас мерасонад.
Мусаллам аст, ки ҳифзи пиряхҳо ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор доранд. Дар ин замина, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои байналмилалӣ чандин ташаббусҳои муҳими ҷаҳониро пешниҳод намудаанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ пайдо карданд.
Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои охир ба масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Яке аз ташаббусҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ низ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, ба сатҳи байналмилалӣ баровардани масъалаҳои экологӣ ҳамчун самти афзалиятнок эътироф шудааст.
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, СММ як қатор иқдомҳои муҳими глобалиро қабул намуд, аз ҷумла: соли 2003 - «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 – “Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»”, соли 2013 - «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018-2028 – “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо».
Ҳамчунин, тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, аз соли 2025 минбаъд ҳамасола 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» таҷлил мегардад. Инчунин, таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва баргузории Конфронси сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими дар доираи ин қатънома пешбинишуда мебошанд.
Дар сатҳи миллӣ, ҳифзи пиряхҳо дар доираи Барномаи давлатии ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 амалӣ мегардад. Дар ин самт муассисаҳои дахлдор, аз ҷумла Агентии обу ҳавошиносӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузаронидани экспедитсияҳо, мушоҳидаҳои саҳроӣ ва таҳлилҳои илмӣ фаъолияти мунтазам доранд.
Бо мақсади омӯзиши амиқи пиряхҳо, дар назди Агентии обу ҳавошиносӣ Маркази яхшиносӣ таъсис дода шудааст, ки мутахассисони он бо ченкунии сатҳи барф, мониторинги пиряхҳо ва пешгӯии офатҳои табиӣ, аз қабили сел, тарма ва рахнашавии кӯлҳо машғул мебошанд.
Дар ҳудуди кишвар пиряхҳои асосӣ ҳамчун пиряхҳои назоратӣ муайян шуда, бо истифода аз нуқтаҳои мушоҳидавӣ мунтазам таҳқиқ карда мешаванд. Ҳамзамон, мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва омӯзиши саҳроӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон давра ба давра анҷом дода мешаванд.
Тибқи мушоҳидаҳо, пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон яке аз осебпазиртарин ба ҳисоб рафта, дар даҳсолаҳои охир ба таври назаррас коҳиш ёфтаанд. Масалан, дар баъзе пиряхҳо нишонаи қафор рафтани забона ва камшавии масоҳат ба қайд гирифта шудааст, ки аз шиддат гирифтани раванди обшавӣ шаҳодат медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амал мекунад, ки самтҳои асосии он энергетика, захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, иҷтимоъ ва ҳифзи муҳити зистро фаро мегирад. Дар доираи ин стратегия бо ҷалби сармоягузорӣ ва шарикони рушд як қатор лоиҳаҳои муҳими экологӣ татбиқ мешаванд.
Илова бар ин, таъсиси Фонди иқлими сабз ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои таҳкими иқтидори кишвар дар ин самт мусоидат менамояд.
Ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва иқлим нақши муҳим мебозад. Гузаронидани конфронсҳо, семинарҳои илмӣ ва форумҳои байналмилалӣ ба рушди ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба мусоидат мекунад.
Яке аз мушкилоти асосии замони муосир обшавии пиряхҳо мебошад, зеро онҳо манбаи асосии оби тоза ба ҳисоб мераванд. Камшавии пиряхҳо метавонад ба тақсимоти захираҳои об, фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ, кишоварзӣ ва низоми зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад.
Аз рӯи маълумоти илмӣ, дар давоми чанд даҳсолаи охир теъдоди зиёди пиряхҳо коҳиш ёфта, қисми онҳо пурра нобуд шудаанд. Ин раванд хатари ҷиддӣ барои экосистемаҳо, амнияти озуқаворӣ ва устувории иҷтимоиву иқтисодӣ ба вуҷуд меорад.
Бо назардошти ин омилҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати ҳамкории муштарак ва андешидани чораҳои дастҷамъонаро дарк мекунад. Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор мавқеи фаъол дошта, саҳми назаррас мегузорад.
Дар маҷмуъ, ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим яке аз масъалаҳои муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани маърифати экологӣ метавон ин мушкили глобалиро коҳиш дод ва захираҳои обиро барои наслҳои оянда ҳифз намуд.
Маҳтоб ҲАМИДОВА,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng