БУЗУРГОН ДАР БОРАИ ЗАБОНИ МОДАР
Забони тоҷикӣ забони ноби миллати тоҷик дар тамоми давру замонҳо буд. Дар аҳди давлатдории Ҳахоманишиҳо ва Сомониён ин забон мавқеи тоза касб кард ва ҳамчун забони давлатӣ дар масири таърих арзи вуҷуд намуд.
Асарҳои таълифнамудаи устод Рӯдакӣ, пири ҳакимони Машриқзамин Ибни Сино, «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Маликушшуарро Баҳор ва дигар нобиғаҳои тамаддунсози қавмҳои ориёӣ шаҳодат медиҳад, ки ин забон, яъне забони тоҷикӣ дар ҳама давру замонҳо ҳамчун ифодакунандаи илму маданият, тафаккур, дараҷаи зеҳният ва дигар хусусияту расму русуми миллиро дар худ нигоҳ дошта, ҳамчун ёдгор ба замони мо оварда расонидааст.
Ин анъанаи нек, ки аз нектарин сириштҳост, дар адабиёти муосири тоҷик, алалхусус, дар эҷодиёти шоирони номвари замони мо Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ ҷилваи тоза пайдо намудааст. Офаридаҳои онҳо роҷеъ ба бузургии забони тоҷикӣ умри ҷовидона доранд.
Шеъри устод Муъмин Қаноат “Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ” зеботарин ва доротарин офаридаи адабиёт маҳсуб меёбад. Агар ба мисраҳои:
Қанд ҷӯйи, панд ҷӯйи, эй ҷаноб,
Ҳар чӣ меҷӯйи биҷӯ.
Бекарон баҳрест гавҳар беҳисоб,
Ҳар чӣ меҷӯйи биҷӯ...
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст...,
диққат диҳем, дунёи аҷибе пеши чашмонамон ҷилвагар мешавад, ки онро метавон муҳаббат ба забони модарӣ маънидод кард.
Шери устод Лоиқ волотарин ифодаҳоро барои тавсифи бузургии забони тоҷикӣ ва донистани он дорост:
Бок не гар доварӣ гум кардааст,
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Шеъри устод Бозор низ дар тараннуми забони тоҷикӣ беҳамтост:
То забондор аст ватандор аст ӯ,
То забондор аст бисёр аст ӯ.
Агар ба мазмуну муҳтавои байту мисраҳои дар боло овардашуда диққат диҳем, мушоҳида менамоем, ки қалами устодони номбурда тавоност ва дар умқи мағзу ҷони ин нобиғаҳои нотакрор реша давонидааст.
Шеърҳои мазкур дар тарбияи худшиносии ҷавонон барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ дар тамоми давру замонҳо ба миллати тоҷик хизмати босазое хоҳанд кард.
М. СОДИҚОВА,
муаллими калони кафедраи забони русӣ
Тоҷ
Рус
Eng