Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки чун пойдевори ободкорӣ ва созандагии имрӯзу фардои Ватан таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи аҳли зиёро тақозо дорад, ин навоварӣ ва таҳаммулпазрӣ дар тарбияи ҷавонон мебошад. Барои дарки амиқи ин маънӣ аз нигоҳи нав дар ҷаҳони муосир мушоҳидакору заковатпеша будани ҳар як инсони ватандӯсту ватанпарвар як амри воқеист. Чандин асрҳо пеш аҷдоди суханпардозу охирбини мо Мавлонои Балхӣ ин маъниро дар байте хело нозук баён доштааст:

Ҳосил ин аст, эй бародар, чун фалак,

                      Дар ҷаҳони кӯҳна навбунёд бош!                              .

Тоҷикистони ҷавони мо дар қиёс ба маънии ин байти Ҳазрати Мавлоно дар як муддати кӯтоҳ дар шоҳроҳи навбунёдиҳо ҳамчун як давлати сулҳхоҳу сулҳҷӯ дар ҷаҳон шӯҳрат ёфт. Чаро? Агар нек назар афканем, вожаи «Сулҳ» аз нигоҳи мантиқ маънии покиро дорад. Дарахти  «Тарбия» ҳам дар маҳзари покӣ метавонад реша давонад ва самараи некро ба бор орад. Аз ин лиҳоз, ин ду вожа дар паҳлӯи якдигар қудрату тавоноӣ ва зебоиҳои наверо доро мешаванд ва дар хизмати якумраи инсон қарор мегиранд.

Билохира, сулҳ ва покӣ сазовори миллатест, ки покгавҳар, покдил ва покизакор аст. Ба ибораи дигар, маҳз аз баракати муҳаббати миллати тоҷик дар ҳавои сулҳомези маҳзари покӣ Парчами дар ҷаҳон беназири мо дар фазои беѓубори Ватан болафшон шуд.

Ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, алалхусус донишҷӯён чун дигар қишрҳои ҷомеа аз покӣ ибтидо мегирад. Тарбияи покӣ як шохаи тарбияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ буда, ҳамчун василаи пайвандгари наслҳо аз асрҳои мозӣ то рӯзгорони мо дар амал, фикру ақида, панду андарз ва ҳиқмати гаронбаҳои ашъори ниёгони шарафманди мо аз байни дуду оташи таърихи пурмуҷаро гузашта вориди ҳаёти имрӯзаи мо шудааст ва ормонҳои миллати тоҷикро дар эҳёи давлати аҷдодӣ бо номи Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшонидааст.

Ахлоқи ҳамида аз як ҷиҳат шинохти моҳияти инсонии шахс дар ҷомеа мебошад, яъне ҳар як инсони соҳибақл бояд мавқеи фаъол дар ин ё он риштаи фаъолият дошта бошад ё ба ибораи дигар гӯем камолоти шахсияти ӯ ҷавобгӯи меъёрҳои баланди тафаккури умумибашарӣ бошад, то ҳам худро шиносаду ҳам ба қадри дигарон расад. Мақсади асосии мо, устодон, дар тарѓиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба донишҷӯён аз ҳамин арзиши гаронбаҳо манша мегирад. Ин раванд собит месозад, ки шогирдони мо, хушбахтона, сазовори номи пурифтихори донишҷӯ буда, барои камолоти шахсияти хеш аз устодони ѓамхору илмпешаи худ дарси зиндагӣ меомӯзанд ва эҳтиёҷи худро ба илму маърифат дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар  қонеъ мегардонанд.

Ҷилои рангҳои Парчами мо ҳам аз покист. Дар дарсҳои тарбиявӣ истифода намудан аз «Футувватномаи Султонӣ» ба мақсад хело мувофиқ аст ва ба ташаккули ахлоқ ва маърифати донишҷӯён мусоидат менамояд.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи Султонӣ» оид ба рангҳо ва рамзи онҳо дар ҳаёт ва фаъолияти инсон ҳарф задааст. Муаллифи «Футвуватнома» дар бораи ранги сафед чунин мегӯяд:

- Ранги сафед ранги рӯз аст ва азони ҷамоатест, ки дили эшон равшан бошад ва синаи эшон аз кудуратҳо соф бувад. Ҳаркӣ ин ҷома бипӯшад, бояд чун субҳи содиқ бувад ва чун рӯз ҳама касро равшанӣ бахшад.

Муаллиф дар фасли даҳуми ин асар оид ба ранги сафед чунин оварда:

- Агар пурсанд, ки сафед ишорат ба чист, бигӯй, ишорат ба ранги шир, ки сабаби тарбият ва ѓизои кӯдакон аст. Пас ҳар ки тоҷи сафед пӯшад, бояд, ки чун шир аз ҳавову ҳаваси шаҳвонӣ ва палидиҳои шайтонӣ поку покиза бошад. Ва ба шири лутфу меҳрубонӣ дар парвариши сифоти ҳаққонӣ кӯшад….

Оид ба ранги сабз Кошифӣ изҳор дошааст:

- Ранги саза ва об аст ва аз они зиндадилон ва олиҳимматон аст, ки рангро бисёр парастанд. Ҳар ки ин ранг ҷома пӯшад, бояд чун сабза хандону хуррам бошад ва монанди об ҳаётбахшу дилпазир бошад.

Ранги сабз аз қадим писанди мардуми Ориёинажод буд. Имрӯз ҳам сокинони кӯҳистони Тоҷикистон дар зери дарахтони калон-калони арча дастархон густурда чой нӯшиданро дӯст медоранд. Ин дарахти муққадас дар худ моддаҳои зиёди зидди бактериалӣ дорад ва дар ҳама фаслҳои сол бӯи баҳор мекунад ва ҳамрадифи сухани ҷонбахши устод рамзи  баҳори ҷовидонаи табиати афсункор аст.

Ба «Футувватнома»- и Кошифӣ илова карданиям, ки ранги сурхи Парчами мо ранги арѓувонии Дирафши Ковиёнист, ки имрӯз чун фотеҳи пайкорҳо бо ранги сафеду сабз дар ҳарири абрешимини Ватан алвонҷ хурда аз истиқлолияти Тоҷикистони ҷавон ба ҷаҳониён муждаи ободӣ мерасонад. Парчами Ватан худ як шоҳасари тарбиявист, ки ҳар субҳ таърихи пуршони миллати тоҷикро болзанон варақгардон менамояд ва сабақи дифои марзу буми Ватан медиҳад.

Ранги либосҳои миллии мо имрӯз бо рангҳои Парчам ҳамоҳанганд ва маданияти кӯҳанбунёди моро  аз таъсироти манфии ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ медоранд.

 

                                                                                               С. ҚОСИМОВА,

 З. ХУРРАМОВА  -

номзадҳои илми педагогӣ, дотсент