Ҳар сол бо фарорасии фасли баҳор ҳавои тароватбахш ва гулҳои навшукуфони баҳор тамоми Тоҷикистон 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи модар ҷашн мегиранд. Ин рӯз на танҳо як ид аст, балки рамзи эҳтироми амиқ ба занону модароне, ки ҳаёти моро бо меҳру муҳаббат, сабру тоқат ва фидокориҳои беинтиҳо пурра мекунанд.

Модар ин офаридаи Худост, ки ҳам бачаҳоро ба дунё меорад, ҳам тарбия мекунад, ҳам хонаро обод месозад ва ҳам дар ҳама лаҳзаҳои душвор паноҳгоҳи оромии оила мешавад.

Дар ҳар хонавода, дар ҳар ҷомеа зан ҳамчун модар, ҳамсар, духтар, хоҳар ва ҳамчун мутахассиси соҳаҳои гуногун нақши беназир дорад. Дар Тоҷикистони имрӯза занҳо дар соҳаҳои маориф, тиб, фарҳанг, иқтисод, варзиш ва сиёсат фаъолона ширкат меварзанд. Онҳо, ҳамзамон ҳам оиларо нигоҳ медоранд, ҳам ба рушди кишвар саҳм мегузоранд. Ин ҳамон ҳамоҳангӣ ва тавозуни аҷиб аст, ки занро беназир месозад.

Имрӯз мо бояд на танҳо гул ва тӯҳфаҳо диҳем, балки аз самими дил ба модарону бонувони азиз ташаккур гӯем, барои шабҳои бедор, ки моро калон карданд, барои дастони гарм, ки ҳар дардро шифо мебахшанд, барои табассуми зебо, ки ҳатто дар рӯзҳои сахт ҳаётро равшан мекунад, барои он ки онҳо ҳастанд ва мо ҳастем.

Модарони азиз, гулдухтарони гиромӣ, Шуморо бо Иди модар аз самими қалб табрик мегӯям. Бигзор, ҳар рӯзи шумо мисли баҳор пур аз гул бошад, ҳар лаҳзаи шумо пур аз сулҳу оромӣ, ҳар хоҳиши шумо амалӣ гардад. Тани сиҳат, рӯзгори шод, оилаи обод, фарзандони нек ва умри дарозу пурбаракат таманно дорам.

Саъдуллозода Маъруф Чамшед,

донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси 1-25010728 ДДМИТ