КОРРУПСИЯ - ТАҲДИДИ ҶИДДӢ БА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ
Дар ҷаҳони муосир яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди устувори иқтисодӣ ва таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд коррупсия ба ҳисоб меравад. Ин амали номатлуб на танҳо рушди умумимиллӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолиро бозмедорад, балки ба пояҳои давлатдорӣ зарбаи ҷиддӣ ворид намуда, эътимоди шаҳрвандонро нисбат ба ҳокимият коста мегардонад. Коррупсия умеди ҷавононро ба ояндаи дурахшон коҳиш дода, табақаҳои осебпазири ҷомеаро аз имкониятҳои қонунии худ маҳрум месозад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие) мебошад, ки аз ҷониби шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматӣ ва имкониятҳои он бо мақсади ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддӣ ё ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳо барои худ ё шахсони дигар содир карда мешавад. Ҳамзамон, додани чунин неъматҳо бо мақсади моил намудан ё мукофотонидани шахс барои анҷом додани амалҳои ғайриқонунӣ низ ҳамчун кирдори коррупсионӣ эътироф мегардад.
Решаҳои таърихии коррупсия аз давраҳои қадим сарчашма мегиранд. Таҳқиқотҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки зуҳуроти аввалини он ҳанӯз дар ҷомеаи қабилавӣ ба мушоҳида мерасиданд, вақте ки шахсони алоҳида барои ба даст овардани мавқеи баланд ба сарварон туҳфаҳо пешниҳод мекарданд. Бо ташаккули давлатдорӣ ва пайдоиши идоракунии мутамарказ, таъсири манфии чунин амалҳо равшан гардид. Нахустин нишонаҳои муборизаи ҳуқуқӣ алайҳи коррупсия дар қонунҳои давлати Шумер ба қайд гирифта шудаанд, ки аз қадимияти ин мушкилот шаҳодат медиҳад.
Дар шароити имрӯза коррупсия яке аз зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ ва иқтисодӣ буда, ба амнияти миллӣ таъсири амиқ мерасонад. Амнияти миллӣ мафҳуми фарогирест, ки Истиқлоли давлатӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандонро дар бар мегирад. Коррупсия боиси истифодаи бесамари маблағҳои давлатӣ, суст гардидани татбиқи барномаҳои миллӣ, коҳиши сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва паст рафтани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Ин равандҳо дар маҷмуъ, ба заъифшавии пояҳои давлатдорӣ оварда мерасонанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки коррупсия зуҳуроти барои ҷомеа хатарнок буда, мубориза бо он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия пайваста такмил дода мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия ва барномаҳои соҳавӣ механизмҳои пешгирӣ, ошкор ва бартарафсозии омилҳои коррупсиониро муайян менамоянд. Аз ҷумла, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ, шаффофияти хариди давлатӣ, тақвияти назорати молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муассир ба ҳисоб мераванд.
Омилҳои бавуҷудорандаи коррупсия гуногунанд: сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, норасоии назорати дохилӣ, камбуди шаффофият дар идоракунӣ, омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия бояд ҳамаҷониба ва низомманд бошад. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ташаккул дода шавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва тақвияти масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз самтҳои асосӣ мебошанд.
Хулоса, коррупсия на танҳо мушкилоти иқтисодӣ, балки таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ мебошад. Муқовимат ба он бояд ба як ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ ва фарҳанги шаҳрвандӣ табдил ёбад. Мубориза бо коррупсия ҳифзи давлатдорӣ, таҳкими адолат ва таъмини ояндаи дурахшони миллат мебошад.
Умед НУРАЛИЕВ,
муовини сардори раёсати молия ва муҳосибот
Тоҷ
Рус
Eng