Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад, барои мардуми тоҷик оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла низоми маориф гардид.

Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста рушд намуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, тарбияи насли созанда ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои созанда ва масъулияти бештар дар роҳи ҳифзи истиқлолият ва идомаи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Маориф ва илм дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои стратегии рушди ҷомеа эътироф гардида, барои таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳа, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди иқтидори илмӣ тадбирҳои пайваста ва судманд амалӣ карда мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ва баромадҳояшон ба масъалаҳои рушди маорифу илм, баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи насли соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои пешрафти соҳа дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Ҳамзамон, бо мақсади таҳкими заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳаи маориф ва илм, дар даврони соҳибистиқлолӣ санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, заминаи ҳуқуқии муосири соҳа пайваста такмил дода мешавад. Ин раванд ба рушди устувори низоми маориф, баланд бардоштани масъулияти субъектҳои раванди таълиму тарбия ва мутобиқ намудани фаъолияти соҳа ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд.

Ҳамасола 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар тамоми зинаҳои таҳсилоти низоми маорифи кишвар таҷлил гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз анъанаҳои неки умумимиллӣ табдил ёфтааст. Ба муносибати оғози соли таҳсили 2026-2027 ва Рӯзи дониш, санаи 31.08.2026 мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли маориф ва хонандагону донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Оғоз намудани соли нави таҳсил бо баргузории Дарси сулҳ ҳамчун анъанаи неку созанда барои хонандагону донишҷӯёни кишвар аҳаммияти муҳими таълимиву тарбиявӣ дорад. Зеро сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, оромиву амният аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, дар шароити сулҳу суботи комил тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла низоми маориф ва раванди таълиму тарбия, метавонанд ба таври муътадил ва самаранок рушд намоянд.

Дар ин замина, Дарси сулҳ барои насли наврас ҳамчун воситаи муҳими тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дарки аҳаммияти сулҳу субот дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат мекунад.

Ҷомеае, ки ба таълиму тарбияи босифат ва рушди маърифати шаҳрвандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд, барои пешгирии низоъ, хушунат ва зуҳуроти номатлуб заминаи устувортар дорад. Зеро шахси донишманду соҳибмаърифат дорои ҷаҳонбинии васеъ буда, дар ҳалли масъалаҳои зиндагӣ бештар ба ақлу хирад, муколама, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ такя мекунад. Ӯ дарк менамояд, ки мушкилот ва ихтилофҳоро на бо роҳи зӯроварӣ, балки тавассути гуфтугӯи созанда, эҳтироми мавқеи якдигар ва ҷустуҷӯи роҳҳои мусолиҳатомез ҳал кардан мумкин аст.

Баръакс, сатҳи пасти саводнокӣ ва маърифати шаҳрвандӣ метавонад осебпазирии ҷомеаро афзоиш диҳад. Шахсони каммаърифат ба таъсири иттилооти бардурӯғ, андешаҳои ифротӣ ва тарғиботи гурӯҳҳои манфиатдор бештар дучор шуда, метавонанд ба осонӣ гумроҳ гарданд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии насли наврас яке аз роҳҳои муҳими пешгирии ифротгароӣ, хушунат ва дигар зуҳуроти номатлуб ба шумор меравад.

Маҳз ҳамин аст, ки дар шароити имрӯза вазифаи маориф танҳо додани донишҳои назариявӣ ва касбӣ набуда, тарбияи фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми арзишҳои инсонӣ ва масъулияти шаҳрвандиро низ дар бар мегирад. Омӯзгор дар ин раванд нақши калидӣ дошта, бояд дар баробари таълими фанҳои таълимӣ, дар зеҳну қалби шогирдон ҳисси дӯстӣ, меҳрубонӣ, инсондӯстӣ, эҳтиром ба дигарон ва муҳаббат ба Ватанро ташаккул диҳад. Зеро ҳар як дарси хуб ва ҳар як сухани созандаи омӯзгор метавонад дар ташаккули шахсияти солиму масъулиятшинос ва бунёдгари ҷомеаи осоишта саҳми арзанда гузорад.

Дар баробари ин, ҳар як хонанда ва донишҷӯ бояд дарк намояд, ки донишандӯзӣ танҳо барои таъмини ояндаи шахсии ӯ нест. Омӯзиши пайваста, баланд бардоштани маърифат ва истифодаи дурусти дониш дар оянда ба пешрафти ҷомеа ва таҳкими сулҳу суботи кишвар низ таъсири муҳим мерасонад. Насли донишманду соҳибмаърифат метавонад ҳамчун неруи созанда дар ҳифзи дастовардҳои сулҳу ваҳдат ва рушди устувори ҷомеа саҳми муассир гузорад.

Имрӯз, ки мо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро таҷлил менамоем, бояд дарк намоем, ки ҳар як китобе, ки мехонем, ҳар як донишеро, ки аз худ мекунем ва ҳар як арзиши маънавие, ки дар худ ташаккул медиҳем, метавонад қадаме ба сӯи ҷомеаи осоишта, муттаҳид ва устувор бошад. Зеро сулҳи пойдор аз фарҳанги сулҳ оғоз меёбад, фарҳанги сулҳ бошад, пеш аз ҳама, тавассути омӯзиш, маърифат ва тарбияи дуруст ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, сулҳ аз омӯзиш сар мешавад ва ҳифзи он масъулияти ҳар яки мост.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли таҳсили 2025-2026 Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар - Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардида буд. Дар ҷараёни он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» андешаҳои муҳим баён намуда, онро ҳамчун идомаи мантиқии ташаббусҳо ва талошҳои сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ карданд.

Хушбахтона, ташаббуси мазкур дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ ёфта, 25 июни соли 2026 Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қабул намуд. Қабули ин қатънома аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ далели муҳими эътирофи нақши ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ва саҳми пайвастаи кишвари мо дар пешбурди ғояҳои сулҳу субот ва ҳамзистии осоишта дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Баргузории Дарси сулҳ дар оғози ҳар соли таҳсил аҳаммияти хосса пайдо намуда, барои дар замири насли наврасу ҷавон парвариш намудани ҳисси сулҳхоҳӣ, таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар маҷмуъ, масъалаҳои меҳварии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар оғози соли таҳсили 2026-2027 аз инҳо иборат буданд:

Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар ҳамчун арзишҳои муқаддас ва заминаи рушди ҷомеа;

сипосгузорию миннатдории Президенти маҳбуби кишвар ба садҳо нафар соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша дар самти бо Ҳукумати мамлакат ҳамкории самарабахш доштанашон дар рушди соҳаи илму маориф;

ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»;

ғамхории Ҳукумат ва ташаббусҳои роҳбари давлат баҳри бунёду таъмири биноҳои таълимӣ ва зиёд кардани маблағгузории соҳаи маориф;

рушди таҳсилоти томактабӣ ва масъалаҳои марбут ба ин соҳа;

фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи ҷавонону наврасон;

саҳми аҳли маорифи кишвар дар ташвиқи сулҳу ваҳдат ва рушди босуботи давлат;

омӯзиши забонҳои хориҷӣ;

таъмини робитаи илм бо истеҳсолот, таваҷҷуҳ ба ихтироот ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ;

даъвати ҷавонону наврасон ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, донишандӯзӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол;

масъулияти падару модар ва муассисаҳои таълимӣ дар таълим ва тарбияи фарзанд;

иҷрои нақшаҳои бунёдкориву созандагии соҳаи маориф ва илм бо ҷалби имкониятҳои буҷети маҳаллӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша, фаъолон ва аҳолӣ;

таваҷҷуҳ ба эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи омӯзгор, ки имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад;

истифодаи дурусти технологияҳои муосир, интернет, телефонҳои мобилӣ ва зеҳни сунъӣ дар раванди таълиму тарбия;

ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва кафили ояндаи сулҳу субот ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол.

Вобаста ба хароҷоте, ки дар соҳаи маориф ва илм шудааст, чунин ишора гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи мазкур сол то сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар гардида истодааст.

Қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст. Зеро мо хуб дарк мекунем, ки сармоягузорӣ ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон, сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва давлат аст. Аз ин лиҳоз, дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Ин рақамҳо далели равшани таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ ба соҳаи маориф мебошанд.

Дигар масъалаи муҳиме, ки мунтазам зери таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад ва дар Дарси сулҳ низ садо дод, ин эҳтироми омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар дар ҷомеа мебошад.

Омӯзиш, тарбия ва паҳн намудани арзишҳои сулҳ бе шахсе, ки меҳвари тамоми ин раванд мебошад, имконнопазир аст. Ин шахс омӯзгор аст. Омӯзгор - бунёдгузори сулҳ дар замири ҳар як шогирд аст. Аз ҷумла, бо қаноатмандиву ифтихор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки заҳмати омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар дар роҳи тақвияти истиқлоли давлатӣ, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ, роҳнамоӣ кардани мардум ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва таълиму тарбияи шоистаи насли даврони истиқлол бисёр назаррас ва шоистаи таҳсину қадрдонӣ мебошад.

«Ҷомеае, ки ба устод, омӯзгор эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад», - чунин таъкид карда буданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон.

Тибқи моддаҳои 47 ва 50-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», мақоми омӯзгор ва шаъну шарафи ӯ таҳти кафолат ва муҳофизати қонун қарор дорад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ санаи 30.08.2025 қайд карда буданд, ки омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд. Эҳтироми омӯзгор аз тарафи ҳар як фард эҳтироми худ, эҳтироми миллат ва эҳтироми ҷомеа аст. Мо мақоми омӯзгорро ҳар қадар баланд бардорем, ҷомеа ҳамон қадар муваффақу пешрафта мегардад.

Бо пешниҳод ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз санаи 15 октябри соли 2025 қабул гардидааст, ки ин боз ҳам нишонаи эҳтирому арҷгузории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба омӯзгор мебошад.

Инчунин, ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ санаи 31.08.2026 қайд карда шуд, ки тамоми дастовардҳои мо дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ки созандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, маҳз самараи истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати пойдори миллӣ мебошанд.

Аз ин лиҳоз, барои мо - мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдат омили муҳимтарини пояндагии давлату миллат маҳсуб меёбад.

Бинобар ин, расидан ба қадри сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди огоҳу солимфикри кишвар ба шумор меравад.

Хулоса, ҳамин тариқ, муҳтавои Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар оғози соли таҳсили 2026-2027 бори дигар собит намуд, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва пешрафти соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд.

Дар шароити соҳибистиқлолӣ рушди маорифу илм, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва тарбияи насли соҳибмаърифат ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ пайваста таҳким ёфта истодаанд.

Дарси сулҳ ҳамчун василаи муҳими таълиму тарбия на танҳо аҳаммияти сулҳу ваҳдатро ба насли наврасу ҷавон мефаҳмонад, балки онҳоро ба донишандӯзӣ, ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва истифодаи дурусти дастовардҳои илму технология ҳидоят менамояд.

Аз ин рӯ, масъулияти ҳар як омӯзгор, падару модар, хонанда ва донишҷӯ аз он иборат аст, ки бо донишандӯзӣ, меҳнати созанда, эҳтироми омӯзгор, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу ваҳдат барои ояндаи боз ҳам ободу пешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.

 

Субҳоналӣ МИРЗОЕВ,

Ҳумайнӣ НОСИРОВ,

омӯзгорони ДДМИТ