Сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳо ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии андозсупорандагон, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон тавассути пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ, содагардонии санҷиши фаъолияти ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ ва умуман, ислоҳоти маъмурикунонии низоми андозбандӣ, тадбирҳои муҳим амалӣ шуда истодаанд.

Дар доираи татбиқи сиёсати андози кишвар таҳия, қабул ва аз 1 январи соли 2022 мавриди истифода қарор додани Кодекси андоз дар таҳрири нав, бо назардошти мусоидат намудан ба рушди рақобатпазирии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ тавассути ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва зиёд намудани даромади буҷети давлатӣ, мавқеи муҳимро ишғол намуд.

Дар яке аз баромадҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуданд: «Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд».

Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шудаанд. Ҳамзамон, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 ва муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам карда шуда, бақайдгирӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд.

Таҳлилҳои гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки имтиёзҳои андозии муқарраршуда аз рӯйи тақсимоти соҳавӣ ба бахши саноат 51 имтиёз ё 49 фоиз (аз ҷумла, саноати истеҳсол ва коркард - 37 имтиёз ё 72 фоиз, энергетика - 10 имтиёз ё 20 фоиз ва саноати коркарди маъданҳо - 4 имтиёз ё 8 фоиз), ба бахши кишоварзӣ 18 имтиёз ё 17 фоиз, сайёҳӣ - 10 имтиёз ё 9 фоиз, тандурустӣ - 7 имтиёз ё 6 фоиз, сохтмон - 2 имтиёз ё 2 фоиз, инноватсия, бахши молия ва дигар соҳаҳо - 21 имтиёз ё 19 фоиз рост меояд.

Агар ба муқоисаи меъёрҳои пештараи Кодекси андози қаблӣ ва Кодекси андози амалкунанда назар афканем, ба хулосае меоем, ки меъёри бештари номгӯйи андозҳо дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфтааст. Масалан, андоз аз арзиши иловашуда аз 28 фоиз то ба 5-14 фоиз, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ аз 40 фоиз то ба 13-20 фоиз, андози иҷтимоӣ аз 30 фоиз то ба 20-25 фоиз, андоз аз низоми содакардашуда аз 10 фоиз то ба 5 фоиз ва ғайра коҳиш дода шудааст.

Бечунучаро, ин имтиёз ва сабукиҳои андозӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида истодаанд, ба афзоиши шумораи соҳибкорони хурду миёна, номгӯй ва ҳаҷми молу маҳсулоти истеҳсолшавандаи ватанӣ, инчунин ба тамоюли мусбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар таъсири мусбӣ расонида истодаанд. Барои тасдиқи ин суханҳо метавонем ба якчанд нишондиҳандаҳои омори иқтисодӣ назар афканем.

Масалан, ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 391,2 ҳазор шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ фаъолият мекунанд, аз ҷумла 41,2 ҳазор соҳибкор бо шаҳодатнома, 59,9 ҳазор бо патент, 183,2 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ва 36 ҳазор шахси ҳуқуқӣ будаанд, ки нисбат ба соли 2020 афзоиши онҳо қариб 2,3 маротибаро ташкил медиҳад.

Танҳо воридоти маблағҳои андозӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои 2020-2024 аз 15 млрд 366,5 ҳазор сомонӣ то 29 млрд 129 млн 107,6 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар маҷмуъ, тайи 5 соли охир ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати нисбатан баланд рушд мекунад: 9,2 фоиз дар соли 2021, 8 фоиз дар соли 2022, 8,3 фоиз дар соли 2023, 8,4 фоиз дар соли 2024 ва 8,4 фоиз дар соли 2025.

Танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ ММД-и кишвар 81,7 млрд сомониро ташкил дода, суръати рушди он ба 8,2 фоиз баробар шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба шаш моҳи аввали соли 2025-ум 10,8 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми иқтисоди миллӣ дар нимсолаи соли 2026 асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ - 14,1 фоиз, кишоварзӣ - 7,2 фоиз, хизматрасонии пулакӣ - 10,6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ - 18,4 фоиз, гардиши савдо - 26,1 фоиз, боркашонӣ - 14,7 фоиз ва мусофирбарӣ - 8 фоиз таъмин шудааст.

Гардиши савдои хориҷӣ дар солҳои 2020-2025 зиёда аз 2 маротиба - аз 4 557,8 то ба 10 790,0 млн доллари ИМА афзоиш ёфтааст. Танҳо дар ҳафт моҳи соли равон гардиши савдои хориҷии кишвар 7 940 млн доллари ИМА ташкил дода, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 360 млн доллари ИМА ё 42,3 фоиз афзудааст. Дар ин давра ба маблағи 1 780 млн доллари ИМА мол содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 57,2 фоиз ё 648,3 млн доллари ИМА зиёдтар мебошад.

Дар умум, дар асоси нишондиҳандаҳои иқтисодии дар боло овардашуда метавон чунин хулосабарорӣ намуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ он санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар доираи сиёсати андози миллӣ мунтазам такмил меёбанд, ба рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишварамон мусоидат намуда истодаанд.

 

Қодирзода Хуршед Қодир,

профессори кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ