Тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору қонунҳои бунёдии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои ҷомеа рӯ ба пешравӣ оварда, ватани соҳибистиқлоли мо ба майдони бунёдкориҳо табдил ёфтааст. Дар чунин марҳилаи созандагӣ ва тармими ҳаёти воқеии шаҳрвандони кишвари азизамон масъалаи мактабу маориф ва дар ин поя дастрасӣ ба технологияи пешрафти муосир, тибқи талаботи меъёрҳои стандарти байналмилалӣ тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос, огоҳии комил аз асрори кашфиёти илми ҷаҳонӣ ва дар ин росто таъмин намудани рушди босуръати Ватани маҳбубамон аҳамияти хоса пайдо мекунад.

Дар ин замина муассисаҳои олии таълимии замони муосир на танҳо ба омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ муваззафанд, балки ҳамчунин масъули таъмини рушди иқтисодиёт, саноат, илм ва воситаҳои фарҳангу иҷтимоиёт низ мебошанд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолият буда, 30 сол боз мутахассисони баландихтисоси касбиро ба бозори меҳнат мебарорад. Имрӯз ДДМИТ ба пойгоҳи пуриқтидори омодасозандаи барномаҳои инноватсионӣ, ҳамкории байналмилалӣ, тадқиқоти илмӣ ва ҳаёти фаъолу пурмуҳтавои донишҷӯён табдил ёфтааст. Донишгоҳ мутахассисонеро тарбия мекунад, ки қобилияти пешравӣ ва рушд бахшидани ояндаи кишварамонро доранд.

Барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Донишҷӯён таълими замонавиро дарёфт менамоянд, ки ба талаботи соҳаи иқтисод, молия ва идоракунӣ мутобиқ мебошад.

Дар ДДМИТ омӯзгорон ва коршиносони амалӣ бо таҷрибаи кор дар сохторҳои давлатӣ, соҳаи соҳибкорӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ сатҳи баланди омодагии донишҷӯёнро таъмин мекунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ташаккули заминаи хуби техникӣ, захираи кофии кадрҳои соҳибунвон ва имконияти дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони соҳаи илму таълим ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия, бонкдорӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии кишварамон ба он такя менамояд.

Донишгоҳ дар давраи фаъолияти пурсамари худ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, тавассути меҳнати софдилонаи устодону кормандон ва дастовардҳои донишҷӯёну магистрон ба яке аз муассисаҳои пуриқтидори соҳавии таҳсилоти олии касбии кишвар мубаддал гардида, мувофиқи рейтинги соҳа ба чоргонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад. Донишгоҳ бо назардошти иқтидори кадрӣ ва илмию таълимӣ иштирокчии фаъоли низоми илму маориф буда, маркази муосири омодакунии кадрҳои баландихтисос ба ҳисоб меравад. Таъминоти мукаммали раванди таълим бо омӯзгорони касбӣ, маводи зарурӣ, инфрасохтори инкишофёфтаи таълимӣ, моддию техникӣ ва фароҳамсозии муҳити мусоид имконият медиҳанд, ки нуфузу эътибори донишгоҳ тақвият ёфта, дар ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа мавқеи мустаҳкамро касб кунад.

Дар донишгоҳ барои таълими касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири информатсионию комуникатсионӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аудиторияҳои таълимӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, озмоишгоҳҳои компютерӣ, толори китобхонаи илмӣ ва дигар таҷҳизоти моддиву техникӣ бо воситаҳои аёнӣ, технологияву дастгоҳҳои замонавӣ ва моноблокҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Қобили қайд аст, ки шароити мусоиди таҳсил ва кору фаъолият дар пасманзари сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуда, ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва донишҷӯёни ДДМИТ якдилона ва содиқонаву самимона дар татбиқи ҳамин сиёсат саҳмгузор мебошанд.

Қобили қайд аст, ки дастовардҳои донишгоҳ ва мақоми он аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мусбат арзёбӣ мегарданд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои баланд дар рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон аз рӯйи рейтинги Webometrics Ranking of World Universities (Мадрид, Испания) дар ҷойи сеюм қарор гирифт.

 Ҳамасола донишгоҳ дар Рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад, мақоми 4-умро устувор нигоҳ медорад.

Айни замон дар ДДМИТ 7 факултет, 29 кафедра фаъолият намуда, аз рӯйи 60 ихтисос мутахассисони соҳаи молия, иқтисод, андоз, гумрук, технологияҳои иттилоотиву инноватсионӣ, коммуникатсионӣ ва ҳуқуқи иқтисодиро омода менамоянд.

Илова ба таҳсилоти зинаи бакалавриат, донишгоҳ ҳамчунин, дар зинаҳои магистратура ва докторантура (PhD) низ мутахассис омода мекунад. Дар ин самт шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва кафедраҳои тахассусӣ муваззаф гардидаанд.

Дар донишгоҳ шӯрои диссертатсионӣ амал мекунад. Ба шӯрои диссертатсионӣ ваколати қабул ва баррасии диссертатсияҳо оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм иҷозат дода шуд. Саҳми шӯрои диссертатсионӣ дар таъмини кадрҳои илмӣ дар донишгоҳ бениҳоят назаррас аст.

Муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ бо 160 муассисаи таълимии таҳсилоти олии хориҷаи дуру наздик густариш ёфта, оид ба табодули донишҷӯёну устодон шартномаҳои дутарафа ба имзо расонида шудаанд. Айни замон дар донишгоҳ шаҳрвандони 7 давлати хориҷӣ (Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия) таҳсил мекунанд. Ҳамасола устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, дар чорабиниҳои гуногуни илмию омӯзиши ва озмуну олимпиадаҳо иштирок менамоянд.

Донишгоҳ ба ҳайси муассис ва баргузоркунандаи озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Беҳтарин донандаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномасози беҳтарин» ва аввалин маротиба олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” миёни донишљўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ эътироф гардидааст.

Устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба корҳои илмию ихтироотӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, илмро ба истеҳсолот ва таҷриба алоқаманд месозанд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чун макони илму дониш ва маърифат дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос дар пешрафти самтҳои асосии молиявию иқтисодии мамлакат ҳиссагузорӣ менамояд. Дар донишгоҳ тамоми шароитҳои зарурӣ барои илмомӯзӣ баҳри донишҷӯён муҳайё буда, синфхонаҳо бо таҷҳизоти наву замонавӣ таъмин мебошанд. Мутахассисоне, ки донишгоҳ дар тӯли фаъолияти худ омода менамояд, имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, хизмати давлатӣ, илму маориф фаъолият намуда, аксари онҳо намояндагони муваффақи олами тиҷорат ва соҳибкорӣ мебошанд. Донишгоҳ иштирокчии фаъоли муносибатҳои ҷамъиятӣ, маркази бузурги омодакунии мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия, иқтисод ва кадрҳои илмию педагогӣ ба ҳисоб меравад.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ