Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст,

Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.

Аз замонҳои қадим то имрӯз китоб дар ҳаёти инсон нақши бениҳоят муҳим бозидааст. Беҳуда нест, ки донишмандону мутафаккирон китобро «ҳофизаи башарият» номидаанд. Ин ибора маънии амиқ дорад, зеро маҳз тавассути китоб таҷриба, дониш, таърих, фарҳанг ва андешаҳои инсонӣ аз насл ба насл интиқол меёбанд. Агар китоб намебуд, бисёре аз дастовардҳои илму фарҳанг ва таърихи халқҳо то замони мо намерасиданд.

Китоб, пеш аз ҳама, воситаи ҳифзи дониш аст. Ҳар як кашфиёти илмӣ, андешаи фалсафӣ ё таҷрибаи зиндагӣ нахуст дар зеҳни инсон шакл гирифта, сипас тавассути навиштан дар китоб сабт мегардад. Ин сабт имкон медиҳад, ки дониш фаромӯш нашавад ва барои наслҳои оянда дастрас бошад.

Китоб танҳо нигоҳдорандаи дониш нест, балки посдори фарҳанг ва маънавияти халқҳост. Забон, адабиёт, урфу одат ва ҷаҳонбинии ҳар миллат дар китобҳои он инъикос меёбад. Асарҳои бадеӣ ҳиссиёт, орзуву ормон ва андешаҳои мардумро таҷассум мекунанд. Ҳангоми мутолиаи осори классикӣ ё муосир мо на танҳо бо сарнавишти қаҳрамонон ошно мешавем, балки рӯҳи замон ва муҳити фарҳангии онро низ эҳсос менамоем. Аз ин рӯ, китоб ҳофизаи фарҳангии башарият низ мебошад.

Аз нигоҳи таърихӣ низ китоб аҳамияти бузург дорад. Таърихи халқҳо, рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, ҷангҳо ва сулҳҳо дар китобҳо сабт шудаанд. Китобҳо мисли ойинаи гузаштаанд, ки ба мо имкон медиҳанд зиндагии ниёгони худро омӯзем, аз хатоҳои онҳо сабақ гирем ва дастовардҳояшонро идома диҳем. Аз ин лиҳоз, китоб хотираи таърихии инсоният аст.

Нақши китоб дар тарбияи инсон низ ниҳоят бузург аст. Китоб шахсро ба андешидан, таҳлил кардан ва хулоса баровардан водор месозад. Он ҷаҳонбиниро васеъ намуда, инсонро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад. Китобҳои ахлоқӣ ва фалсафӣ дар ташаккули хислатҳои неку ҳамида, аз қабили ростқавлӣ, инсондӯстӣ ва адолат саҳми назаррас доранд.

Дар замони муосир сарфи назар аз рушди технология ва густариши интернет аҳамияти китоб коҳиш наёфтааст. Китоб ҳамоно манбаи боэътимод, амиқ ва санҷидашудаи дониш боқӣ мемонад. Аз ҳамин ҷиҳат, он ҳамчун ҳофизаи устувори башарият дар ҳама давру замон арзишманд аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо ба аҳамияти китоб таъкид намудаанд. 4 сентябри соли 2007 зимни гузоштани хишти нахустини бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ин рӯзро “Рӯзи китоб” эълон карданд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки китоб дар сиёсати фарҳангии кишвар ҷойгоҳи баланд дорад.

Бо ҳамин тарз китобро метавон ҳақиқатан ҳофизаи башарият номид. Дар он дониш, таърих, фарҳанг ва маънавияти инсонӣ таҷассум ёфтааст. Китоб пайванди гузашта, имрӯз ва оянда мебошад. Ҳар қадар инсон ба китоб эҳтиром гузорад ва онро мутолиа намояд, ҳамон андоза аз ин ганҷинаи маънавӣ баҳра мебарад. Ҳифзи китоб ва мероси китобӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шахс аст, зеро бо ҳифзи китоб мо хотираи тамоми башариятро ҳифз менамоем.

Сайёра АХМЕДОВА,

муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ