Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ва илм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки «маориф омили асосии пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад». Ин андеша аҳамияти дониш, таълиму тарбияро дар рушди ҷомеаи муосир бозгӯ менамояд. Дар ҳақиқат, рушди давлатро бе рушди маориф, илм ва омода намудани кадрҳои баландихтисос тасаввур кардан душвор аст.

Ҳар қадар сатҳи дониш ва маърифати ҷомеа баланд бошад, ҳамон қадар имкониятҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар бештар мегарданд. Маориф пояи рушди миллӣ буда, мактаб, донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таълимӣ танҳо ҷойи гирифтани дониш нестанд. Онҳо муҳити ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ, фарҳанг ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошанд.

Яке аз роҳҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи маърифати инсон китобхонӣ мебошад. Китоб инсонро ба ҷаҳони дониш ворид намуда, ҷаҳонбиниашро васеъ ва қобилияти таҳлилу андешарониро инкишоф медиҳад. Таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба китобу китобхонӣ ва рушди фарҳанги мутолиа дар ҷомеа барои ҷавонон намунаи ибрат мебошад.

Ҷавонон бояд дар баробари истифодаи технологияҳои муосир ба китобу китобхона низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Махсусан, барои донишҷӯ, ки бояд ба таҳлили илмӣ ва андешаи мустақилона одат кунад, мутолиаи китобҳои соҳавӣ, илмӣ, таърихӣ ва адабӣ аҳамияти бузург дорад.

Омӯзгор дар ин раванд нақши калидӣ дорад. Ӯ ба донишҷӯ на танҳо донишҳои назариявӣ медиҳад, балки ӯро ба андешаи мустақилона, меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд. Омӯзгор ба насли ҷавон роҳи дониш ва маърифатро нишон дода, дар ташаккули насли оянда масъулияти бузург дорад. Аз ин рӯ, Рӯзи дониш ҳам барои донишҷӯ ва ҳам барои омӯзгор рӯзи масъулияти нав мебошад. Омӯзгор бояд бо истифода аз усулҳои муосири таълим сатҳи донишандӯзии ҷавононро баланд бардорад ва донишҷӯ бошад, бо эҳсоси масъулият аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намояд.

Имрӯз ҷавонони Тоҷикистон қисми фаъоли ҷомеаро ташкил медиҳанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро неруи созанда ва ояндаи кишвар медонанд. Ин эътимоди давлат ба ҷавонон масъулияти онҳоро низ бештар менамояд. Ҷавони муосир бояд соҳиби дониш, касб ва ҷаҳонбинии васеъ бошад, аз пешрафти илму техника, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар дастовардҳои ҷаҳонӣ огоҳ гардад ва онҳоро барои рушди шахсӣ ва ҷомеа дуруст истифода барад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо донистани як соҳаи муайян кофӣ нест. Мутахассиси замони муосир бояд пайваста омӯзад, таҷриба андӯзад, забонҳои хориҷиро аз худ кунад ва қобилияти истифодаи технологияҳои навро дошта бошад. Аз ин лиҳоз, донишҷӯ бояд солҳои таҳсилро ҳамчун яке аз муҳимтарин марҳилаҳои ҳаёти худ арзёбӣ намояд. Солҳои донишҷӯӣ имконияти бузург барои омӯхтан, ҷустуҷӯ кардан, мутолиа намудан ва бунёди заминаи устувори фаъолияти минбаъдаи касбӣ мебошанд.

Дониш яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ низ мебошад. Дар иқтисоди муосир сармояи инсонӣ нақши муҳим дорад. Кишвар ба мутахассисоне ниёз дорад, ки дорои дониши муосир, малакаҳои касбӣ ва қобилияти эҷодкорӣ бошанд. Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони баландихтисос яке аз вазифаҳои муҳимми низоми маориф мебошад.

Ҷавонони донишманд метавонанд бо ғояҳои нав, таҳқиқоти илмӣ ва ташаббусҳои созанда дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас гузоранд. Ҳар як дастоварди илмӣ ва касбии ҷавон дар асл саҳме дар ояндаи кишвар мебошад.

Рӯзи дониш моро водор месозад, ки ба арзиши дониш ва маориф аз нигоҳи нав назар кунем. Дониш қобилияти дуруст фикр кардан, таҳлил намудан, интихоби роҳи дуруст ва дар назди ҷомеа масъулият доштан аст.

Имрӯз вазифаи ҳар як корманди соҳаи маориф аз он иборат аст, ки барои баланд бардоштани сифати таълим, рушди қобилияти эҷодии ҷавонон ва ташаккули муҳити созандаи илмӣ саҳм гузорад. Вазифаи донишҷӯ бошад, омӯзиши пайваста, истифодаи самараноки имкониятҳои таълимӣ, эҳтироми устод ва талош барои соҳиб шудан ба касби дӯстдошта мебошад.

Бо итминон метавон гуфт, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм барои насли ҷавон имкониятҳои васеи рушд фароҳам овардааст. Акнун истифодаи дурусти ин имкониятҳо аз ҳар яки мо масъулияти баландро тақозо мекунад.

Рӯзи дониш ба мо хотиррасон менамояд, ки ояндаи миллат аз имрӯз сохта мешавад. Агар имрӯз мо ба дониш, маърифат ва тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳ намоем, фардои ҷомеа низ ободу пешрафта хоҳад буд.

Бигзор, Рӯзи дониш оғози роҳи нав дар ҷодаи илму маърифат, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва созандагӣ бошад. Бигзор, ҳар як донишҷӯ бо азму иродаи қавӣ дониш омӯзад ва бо меҳнати содиқона дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.

 

Навбаҳор ТУРАЕВА,

китобдори калони китобхонаи илмии ДДМИТ