УСТОД РУДАКӢ ВА НАСЛИ ТИК-ТОК
Инсони асри рақамӣ дар як лаҳза метавонад ба миллионҳо саҳифаи иттилоотӣ дастрасӣ пайдо кунад. Як калима менависад, ҳазорон ҷавоб пеш меояд. Як тугмаро пахш мекунад, садҳо китоб, мақола, навор ва андеша дар пеши чашм кушода мешавад. Чун мо дар асри иттилоот зиндагӣ мекунем. Аммо дар ҳамин замоне, ки маълумот фаровон шудааст, хирад то чӣ андоза фаровон аст?
Саволи дигар ҳам ҳаст: вақте интернет қариб ба ҳар саволи мо ҷавоб пешниҳод мекунад, мо ҳанӯз аз мутафаккире чун Устод Рӯдакӣ, ки беш аз ҳазор сол қабл зиндагӣ кардааст, чӣ меомӯзем?
Посухро метавон дар осори худи Одамушшуаро ҷуст. Зеро Рӯдакӣ танҳо номи бузурге дар таърихи адабиёти мо нест. Ӯ танҳо сардафтари адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ҳам нест. Бузургии ӯ дар он аст, ки суханаш аз марзи замон гузашта, ба имрӯз расидааст.
Пас, пурсише пеш меояд, чӣ гуна сухане, ки беш аз ҳазор сол пеш гуфта шудааст, ҳанӯз метавонад ба дили инсони имрӯз роҳ ёбад?
Албатта, номи Рӯдакӣ барои мо ошност. Аз остонаи мактаб то зинаҳои донишгоҳ, аз сафҳаи китоб то минбарҳои илмӣ ва фарҳангӣ, аз кӯчаю хиёбонҳо то номи муассисаҳо, ин ном ҳамеша бо мост. Аммо шинохти воқеии як бузургвор на аз донистани номи ӯ, балки шинохти ҳақиқӣ аз он оғоз меёбад, ки андешаи ӯ ба зиндагии мо чӣ паёме, чӣ муждае мерасонад.
Агар Рӯдакӣ танҳо як номи муқаддас дар китоби дарсӣ бошад, робитаи мо бо ӯ бештар таърихист. Аммо агар байти ӯ моро ба андеша дар бораи дӯстӣ, вафо, дониш, умр, инсонгарӣ ва маънии зиндагӣ водор кунад, он гоҳ Рӯдакӣ ба як шахсияти зиндаи маънавӣ табдил меёбад. Ва маҳз ҳамин аст, ки ӯ аз бисёр чеҳраҳои таърихӣ фарқ мекунад.
Рӯдакӣ қариб тамоми осори худро ба дасти замон супурд, аммо замон натавонист ӯро аз хотираи башарӣ берун кунад. Аз мероси бузурги ӯ имрӯз танҳо бахши хурде боқӣ мондааст, ки ин худ як дарси бузург аст: Осор метавонад нобуд шавад, аммо андеша зинда мемонад.
Рӯдакӣ дар давраи Сомониён ба камол расид, дар замоне, ки Бухоро яке аз марказҳои муҳими илму фарҳанг буд. Ӯ дар навъҳои гуногуни шеър, аз ҷумла қасида, ғазал, марсия ва шеърҳои пандомӯз, маҳорати баланд нишон дод. Манбаъҳои илмӣ ӯро аз нахустин шоирони бузурге медонанд, ки дар жанрҳои гуногун ба камол расидаанд. Аммо муҳаққиқон бар ин назаранд, ки бузургии ӯ танҳо дар жанрсозӣ ё маҳорати шоирона набуд. Рӯдакӣ дар як марҳилаи сарнавиштсози фарҳангӣ ба майдони адабиёт омад: забони форсӣ-тоҷикӣ неру мегирифт, имкониятҳои баёни он густариш меёфтанд ва адабиёти навин ба пояҳои устувор такя мекард.
Ӯ ба забон танҳо калимаву ибораву истилоҳ на, балки қудрату тавон ато намуд. Шояд яке аз розҳои мондагории Рӯдакӣ низ ҳамин бошад:, ки сухани ӯ бо вуҷуди қадимӣ будан барои хонандаи имрӯз бегона нест.
Рӯдакӣ дар шеърҳои пандомӯзи худ ба дониш ва таҷрибаи зиндагӣ аҳамияти хос медиҳад. Дар порчаҳои боқимондаи қасидаи “Калила ва Димна” низ рӯҳи панду андеша равшан эҳсос мешавад. Чунончӣ:
“То ҷаҳон буд аз сари мардум фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.”
Ин байтро метавон имрӯз ҳам бо ҳарфи калон навишт. Зеро дар асри иттилоот инсон бояд беш аз пеш донад, ки дониш барои чӣ лозим аст. Албатта, интернет метавонад маълумот диҳад, аммо худ аз худ ба инсон маърифати истифодаи онро намеомӯзонад.
Чӣ шакк, имрӯз тавассути технология қимати сухан арзон ва осон шудааст. Бо чанд ангушт метавон як ҷумла навишт ва ба ҳазорон нафар фиристод. Аммо ҳар калимае, ки зуд паҳн мешавад, маънои сухани арзишманд будани он нест.
Ин аст, ки устод Рӯдакӣ ба мо фарҳанги пеш аз сухан кардан андешидан ва пас аз сухан гуфтан масъулияти онро дарк карданро. Зеро сухан метавонад дилеро шод кунад, ва баръакс, онро бишканад, қодир аст, одамонро ба ҳам оварад ва миёни онҳо девор созад. Аз ин рӯ, масъала танҳо дар он нест, ки мо чӣ мегӯем. Муҳим он аст, ки сухани мо баъд аз гуфта шудан чӣ таъсире мегузорад. Бешак, Рӯдакӣ бо сухани худ нишон дод, ки сухан метавонад аз замон қавитар бошад.
Имрӯз шакли ҳокимият дигар аст, воситаҳои иртибот дигар шудаанд, технология дигар шудааст, аммо масъалаҳои дӯстӣ, ҳирс, хиёнат, ақл, эҳтиёт, машварат ва интихоби дуруст ҳанӯз боқӣ мондаанд. Ва инҷо суоле пеш меояд, ки оё насли имрӯз ба Рӯдакӣ ниёз дорад?
Вақте ба насли замони шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили фейсбук, инстаграм, тик-ток ва ғайраву ҳоказо танҳо гӯем, ки “Рӯдакӣ сардафтари адабиёти классикии тоҷик аст”, ӯ ин ҷумлаҳоро аз ёд мекунад ва бо ҳамин хотирҷамъ мегардад. Вале вақте ба ӯ мегӯем, ки “Устод Рӯдакӣ дар бораи дӯстӣ, донишандӯзӣ, меҳанпарастӣ, қадри вақт, гузашти умр... чӣ гуфтааст?, он гоҳ Рӯдакӣ аз саҳифаи китоби дарсӣ берун меояд ва ба зиндагии ҷавон ворид мешавад.
Бинобар ҳамин, манзур ин аст, ки насли рақамӣ ба шаклҳои нави муаррифӣ ниёз дорад. Шеъри Рӯдакӣ метавонад дар китоб бошад, аммо метавонад дар подкаст, барномаи телевизионӣ, навори кӯтоҳ, китобҳои электронӣ ва муҳтавои босифати шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҷой дошта бошад.
Дар ин раванд ба ҳеҷ ваҷҳ технология душмани фарҳанг нест. Чун мегӯем, устод Рӯдакӣ бузург аст, саволи баъдӣ бояд чунин бошад: Пас, мо имрӯз барои бузург нигоҳ доштани фарҳанги ӯ чӣ коре мекунем? Бинобар ҳамин, масъала ин аст, ки мо аз интернет барои расонидани китоб чӣ гуна истифода мебарем. Агар он дуруст истифода шавад, метавонад бузургтарин пуле миёни расонидани фарҳанг ба насли нав бошад.
Шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд моро ба ҳазорон нафар пайванд диҳанд, аммо дӯсти ҳақиқӣ шаҳде дигар дорад. Мо метавонем садҳо “дӯст” дошта бошем, аммо дар лаҳзаи сахт ба як дӯсти воқеӣ ниёз дорем. Рӯдакӣ ин ҳақиқатро беш аз ҳазор сол пеш медонист.
Чаро баъзан мо аз худ напурсем, ки чӣ гуна бо гузашти беш аз ҳазор сол Рӯдакӣ ҳанӯз барои мо азиз аст? Чунки Устод Рӯдакӣ нидои беш аз ҳазорсолаи фарҳанги мост, ки дар ҳар давру замон ба саволҳои нави мо посухҳои тоза меҷӯяд. Албатта, интернет метавонад ба мо миллионҳо ҷавоб нишон диҳад, аммо Рӯдакӣ ба мо саволи муҳимтареро ёд медиҳад:
Бо ин ҳама дониш, бо ин ҳама имконият ва бо ин ҳама суръат, мо чӣ гуна инсон бошем? Ҳамин аст бузургтарин дарси Рӯдакӣ барои асри мо. Зеро технология метавонад ҷаҳонро хурд кунад, аммо танҳо фарҳанг метавонад инсонро бузург кунад. Ва сухани Рӯдакӣ баъд аз ҳазор сол ҳанӯз зинда аст, зеро ӯ на танҳо барои замони худ, балки барои инсон сухан гуфтааст.
Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng