ОМӮЗГОР БУДАН ТАНҲО КАСБ НЕСТ ИН ИШҚ АСТ
Баъзе касбҳо бо вақти корӣ оғоз шуда, бо анҷоми рӯзи корӣ тамом мешаванд. Аммо пешаи омӯзгорӣ чунин набуду нест. Омӯзгор баъди баромадан аз синфхона ҳамоно омӯзгор мемонад, зеро кори ӯ танҳо дарс додан нест, кори
ӯ таълиму тарбияи насли ояндаи ин миллату ин давлат мебошад.
Ҳар рӯз омӯзгор ба назди донишҷӯён медарояд, мавзуъеро мефаҳмонад, савол медиҳад, ҷавоб мешунавад ва баъзан ҳатто худаш аз саволҳои донишҷӯ чизе меомӯзад. Шояд барои касе ин танҳо як рӯзи одии корӣ бошад, аммо дар зиндагии як донишҷӯ метавонад ҳамин як дарс сабаби тағйири фикр, интихоби касб ё пайдо шудани ҳадафи нав гардад.
Дар замони мо донишҷӯ барои пайдо кардани маълумот ҳатман соатҳо китоб ҷустуҷӯ намекунад. Маълумот дар телефони ӯст, аммо маълумоти зиёд ҳанӯз маънои донишманд буданро надорад. Ин ҷо нақши омӯзгор боз ҳам муҳимтар мешавад.
Омӯзгори имрӯз бояд ба донишҷӯ танҳо ҷавоб доданро не, балки саволи дуруст доданро омӯзонад. Ӯ бояд донишҷӯро ба фикр кардан водор кунад, на ба аз ёд кардан. Зеро маълумоте, ки имрӯз аз ёд карда мешавад, мумкин аст пагоҳ фаромӯш шавад, аммо тарзи дуруст фикр кардан метавонад тамоми умр ҳамроҳи инсон бимонад. Баъзан донишҷӯ ба омӯзгор бо ҷавоби нодуруст муроҷиат мекунад. Вазифаи омӯзгор танҳо гуфтани «нодуруст аст» нест. Муҳимтар аз ҷавоби дуруст он аст, ки донишҷӯ фаҳмад, чаро хато кард ва чӣ гуна метавонад дафъаи дигар беҳтар фикр кунад.
Шояд ҳамин муносибат фарқи байни омӯзгори одӣ ва омӯзгореро нишон диҳад, ки дар хотири донишҷӯ мемонад. Омӯзгори ҳақиқӣ худро маркази дониш намешуморад. Ӯ кӯшиш мекунад донишҷӯро ба дараҷае расонад, ки донишҷӯ бе ӯ ҳам ҷустуҷӯ кунад, таҳлил кунад, омӯзад ва қарор қабул намояд. Вақте солҳо мегузаранд ва донишҷӯ ба мутахассиси хуб табдил меёбад, шояд номи ҳамаи дарсҳои омӯхтаашро ба ёд наорад. Аммо мумкин аст як ҷумлаи омӯзгор, як маслиҳат ё ҳатто як боварии одӣ ба ӯ дар хотир монад. «Ту метавонӣ».
Баъзан ҳамин ду калима аз садҳо саҳифаи китоб қуввати бештар доранд. Омӯзгор на ҳамеша натиҷаи меҳнати худро дарҳол мебинад. Ӯ имрӯз тухми донишро мекорад, вале меваи онро шояд баъд аз солҳои зиёд бинад. Донишҷӯ имрӯз дар аудитория менишинад. Фардо бошад, метавонад дар корхона чизе созад, дар идора қарор қабул кунад, дар лаборатория таҳқиқот анҷом диҳад ё худ рӯзе ба назди тахтаи донишгоҳ истода, ба насли дигар дарс диҳад. Дар ҳар яке аз ин роҳҳо як қисми меҳнати омӯзгор вуҷуд дорад. Аз ин сабаб, омӯзгорӣ касбест, ки натиҷаи он бо рақам чен карда намешавад, соатҳои корӣ дорад, аммо таъсири кори ӯ соати анҷом надорад.
Ӯ мутахассис тайёр мекунад, ба ташаккули инсон саҳм мегузорад. Шояд беҳтарин мукофоти омӯзгор ҳамон рӯз бошад, ки донишҷӯи собиқаш баргардад ва бигӯяд. «Устод, он чизе ки Шумо он рӯз ба ман гуфтед, роҳи зиндагии маро дигар кард». Он вақт омӯзгор мефаҳмад, ки ҳамаи заҳматҳо, омодагии дарсҳо, шабҳои пурфикр ва рӯзҳои хастагӣ беҳуда набудаанд. Зеро баъзе одамон ба инсон дониш медиҳанд, аммо омӯзгорони ҳақиқӣ ба инсон бовар кардан ба худро меомӯзонанд.
Ҷамшедҷон НУРОВ,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng