Зодгоҳам! Рустоҳо бисёранд, шаҳрҳо бисёранд, кишварҳо бисёранд. Вале ту ягонаӣ. Дар ту бо шири модар Офтобро хӯрдам. Туро натавон бадал кард. Ту тавонӣ бе ман бошӣ, вале ман бе ту натавонам буд.

Ардамеҳр (Фотеҳ Абдуллоҳ)

Ба дурустӣ, ҳар кӣ чизеро дӯст дорад, номи онро рӯи санг менависад, рӯи саҳро менависад, рӯи об менависад, рӯи бод менависад. Ва ман низ якеро дӯст дорам ва номи онро рӯи қалбам менависам, рӯи хунам менависам, рӯи устухонам менависам... Ва навиштам: Тоҷикистон!

Оре, Тоҷикистони соҳибистиқлолро дӯст медорам. Инро имрӯз мегӯям ва дар оянда низ хоҳам гуфт, ки ин сарзамини поку хуршедиамро дӯст медорам, ин пораи ёдгор аз хоки ниёгонамро дӯст медорам. Дӯст медорам ҳар шаҳру ҳар деҳу ҳар кӯҳу камарашро. Муқаддас медонам ҳар пора сангу ҳар қатра обу ҳар зарра хоки онро.

Ва ин дӯст доштани Тоҷикистон аз дӯст доштани зодгоҳам оғоз мешавад. Зодгоҳам модари ман аст, зодгоҳам ошёни муқаддаси ман аст.

Чӣ гуна мешавад, ки модари худро дӯст надошта, модари дигаронро дӯст дошт? Чӣ гуна метавон муҳаббати муқаддаси ошёни хешро ба фаромӯшӣ супурд? Не, мабодо он рӯзе бирасад, ки туро дӯст надошта бошам! Номам аз ёди ҳамагон фаромӯш бод, агар номи туро ба фаромӯшӣ диҳам, эй модари ман, эй ошёни муқаддаси ман, эй Тоҷикистони биҳиштосову соҳибистиқлоли ман!

Зодгоҳам! Чӣ гуна туро дӯст надорам, ки ту порае аз тоҷикистонӣ? Чӣ гуна номи туро аз ёд барам, ки дар домони ту зода шудаам, дар домони ту ба воя расидаам? Ту хотираҳои ширини манӣ. Ту дар манӣ, ман ҳама туам. Ту дар Тоҷикистонӣ ва Тоҷикистон дар туст.

Туро дӯст медорам, Тоҷикистонро дӯст медорам!

Хоҳам боли парвоз кушоям, ба баландтарин қуллаҳои дониш расам. Фарзанди бономи ту бошам, фарзанди бономи Тоҷикистон бошам!

 

Ромиз ДӮСТМУРОДОВ,

устоди калони кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ