РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ - ПУЛЕ МИЁНИ ДДМИТ ВА ФАЗОИ ҶАҲОНИИ ИЛМУ ТАҲСИЛОТ
Мусоҳибаи ихтисосии сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Муҳаммадалӣ Очилдиев бо муовини ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Парвиз Ғафуров ба ифтихори 35-умин солгарди таҷлили ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо соҳибихтиёрии сиёсиву ҳуқуқӣ, балки имкони мустақилона ворид шудан ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ, истифода аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва муаррифии дастовардҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ гардид. Дар ин раванд маориф ва илм аз ҷумлаи соҳаҳое мебошанд, ки пайванди онҳо бо ҷаҳони беруна бевосита ба сифати рушди миллӣ таъсир мерасонад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ донишгоҳ дигар танҳо макони таълим нест. Он бояд ҳамзамон маркази тавлиди дониш, муҳити рушди андешаи илмӣ, майдони табодули таҷриба ва яке аз василаҳои пайвастани кишвар ба фазои байналмилалӣ бошад. Аз ин нуқтаи назар, робитаҳои байналмилалӣ барои муассисаи таҳсилоти олӣ як самти ёрирасон не, балки бахши муҳими сиёсати рушди он ба ҳисоб меравад.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар остонаи ду санаи бузург: 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии донишгоҳ ба марҳилаи нави рушди худ ворид мегардад. Дар се даҳсола донишгоҳ ҳамчун яке аз марказҳои муҳими омодасозии кадрҳои соҳаи иқтисод, молия, идоракунӣ, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва дигар самтҳои марбут ба рушди иқтисоди миллӣ ташаккул ёфт.
Яке аз самтҳои муҳими ин раванд фаъолияти робитаҳои байналмилалӣ мебошад. Тибқи маълумоти Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ, донишгоҳ аз давраи таъсисёбӣ бо зиёда аз 160 донишгоҳ ва ташкилоти дохиливу хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва академӣ фаъолият дорад.
Дар остонаи 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин масъала аҳамияти бештар пайдо мекунад. Зеро барои донишгоҳе, ки рисолати асосиаш омода намудани мутахассисони соҳаҳои молия, иқтисод, идоракунӣ, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, технологияҳои рақамӣ, ҳисобдорӣ, андоз ва дигар самтҳои муҳими иқтисоди миллӣ мебошад, робитаҳои байналмилалӣ танҳо як бахши ёрирасони фаъолияти маъмурӣ нест. Он бояд ба яке аз абзорҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди илм, рақобатпазирии хатмкунандагон ва нуфузи байналмилалии донишгоҳ табдил ёбад.
Имрӯз ДДМИТ бо зиёда аз 160 донишгоҳ ва ташкилоти дохиливу хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Дар соли таҳсили 2025–2026 боз 9 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расида, барномаҳои табодули донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, фаъолияти «Профессори даъватӣ», ҷалби грантҳо, аккредитатсияи байналмилалӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва қабули донишҷӯёни хориҷӣ тавсеа ёфтаанд. Аммо имрӯз масъала танҳо дар шумораи созишномаҳо ё ҷуғрофияи ҳамкориҳо нест. Саволи муҳимтар ин аст: ин ҳамкориҳо ба донишгоҳ чӣ медиҳанд, чӣ гуна ба сифати таҳсилот ва илм таъсир мерасонанд ва то кадом андоза метавонанд ба рушди сармояи инсонӣ ва иқтисоди миллӣ мусоидат намоянд? Зеро рақамҳо танҳо вақте арзишманданд, ки ба натиҷаи воқеӣ табдил ёбанд. Масъалаи асосӣ ин аст, ки чӣ гуна ин робитаҳо ба сифати таҳсилот, таҳқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассиси рақобатпазир ва дар маҷмуъ ба рушди донишгоҳ таъсир мерасонанд.
Перомуни натиҷаҳои фаъолияти байналмилалии донишгоҳ, таҷрибаи андӯхташуда, аккредитатсияи байналмилалӣ, барномаҳои мубодилаи донишҷӯёну устодон, ҷалби лоиҳаҳои грантӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, қабули донишҷӯёни хориҷӣ ва нақшаҳои минбаъда мусоҳибаи сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Муҳаммадалӣ Очилдиев бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Парвиз Ғафуров манзури қазовати хонандагон мегардад.
- Муҳтарам Парвиз Ҷурахонович, пеш аз ҳама, мехостем суҳбатро аз мафҳуме оғоз намоем, ки имрӯз дар фаъолияти ҳар як донишгоҳи муосир аҳамияти стратегӣ пайдо кардааст. Робитаҳои байналмилалӣ барои ДДМИТ чӣ маъно дорад ва чаро ин самт дар сиёсати рушди донишгоҳ чунин ҷойгоҳи муҳим пайдо кардааст?
- Саволи бисёр муҳим аст. Ба назари ман, пеш аз ҳама, бояд робитаҳои байналмилалиро аз доираи маъмулии «сафар ба хориҷ», «имзои шартнома» ё «иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ» берунтар баррасӣ кунем. Барои донишгоҳи муосир робитаҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, низоми пайвастани имкониятҳои дохилии донишгоҳ бо захираҳои зеҳнӣ, илмӣ, технологӣ ва таълимии ҷаҳонӣ мебошад.
Имрӯз илм сарҳад намедонад, технология сарҳад намедонад ва иқтисод низ торафт бештар хусусияти байналмилалӣ пайдо мекунад. Аз ин рӯ, донишгоҳе, ки мехоҳад мутахассиси рақобатпазир омода намояд, худ низ бояд дар муҳити рақобатпазири байналмилалӣ қарор дошта бошад.
Фаъолияти робитаҳои байналмилалии ДДМИТ низ маҳз бо ҳамин ҳадаф ба роҳ монда шудааст: ворид намудани донишгоҳ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва илм, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот, такмили сифати таълим, омодагӣ ва гузариш ба аккредитатсияи байналмилалӣ, ҷалби лоиҳаҳои грантӣ, рушди табодули академӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби профессорону коршиносони хориҷӣ, ташкили омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ. Аз ин рӯ, имрӯз робитаҳои байналмилалӣ амалан ба тамоми самтҳои фаъолияти донишгоҳ пайвастагӣ дорад.
Вале агар ба фаъолияти робитаҳои байналмилалӣ назар андозем, мебинем, ки имрӯз ин самт амалан тамоми фаъолияти донишгоҳро фаро мегирад. Мо онро шартан ба шаш самти асосӣ: шартномаҳои ҳамкорӣ, такмили ихтисоси устодон ва кормандон, ташрифи намояндагони муассисаҳои хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои грантӣ, аккредитатсияи байналмилалӣ ва барномаи мубодилаи донишҷӯён тақсим намуда, ҳамзамон, дар самтҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, қабули донишҷӯёни хориҷӣ ва профессорони даъватӣ низ фаъолият мебарем.
- Вале агар ба мафҳуми робитаҳои байналмилалӣ фаротар назар кунем, он имрӯз дар фаъолияти ҳар як донишгоҳи муосир аҳамияти стратегӣ пайдо кардааст. Лутфан бигӯед, ки дар зарфи 30 соли фаъолияти ДДМИТ кадом марҳилаҳои ташаккул ва рушди робитаҳои байналмилалии донишгоҳро метавон номбар кард?
- Агар ба таърихи фаъолияти донишгоҳ назар намоем, робитаҳои байналмилалӣ тадриҷан аз шакли муносибатҳои алоҳида ба низоми муназзами ҳамкорӣ табдил ёфтаанд. Имрӯз донишгоҳ бо зиёда аз 160 донишгоҳ ва ташкилоти дохиливу хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Аммо барои мо танҳо шумораи шартномаҳо аҳамият надоранд. Муҳимтар аз ҳама, самаранокии онҳо ва ба натиҷаи мушаххас табдил ёфтани ин ҳамкориҳост.
Шартнома бояд барои донишҷӯ имкони табодули академӣ фароҳам оварад, барои омӯзгор имкони такмили ихтисос ва тадқиқоти муштарак диҳад, барои кафедра имкони таҳияи барномаи муштараки таълимӣ ё лоиҳаи илмӣ фароҳам созад ва барои донишгоҳ дар маҷмуъ, имкони боло бурдани сифати таҳсилот ва мавқеи байналмилалиро таъмин намояд.
Дар соли таҳсили 2025–2026 низ ин раванд идома ёфт. Аз ҷониби шуъба 9 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ин ҳамкориҳо бо Институти Конфутсии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Варнаи Ҷумҳурии Булғористон, Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон-Ӯзбекистон, Донишгоҳи инноватсионӣ-технологии Қазоқистони Ғарбӣ, Донишгоҳи давлатии Термез, Донишгоҳи давлатии Намангон, Донишгоҳи давлатии технологии Фарғона, Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал Форобӣ ва Донишгоҳи технологии Ӯш ба номи М. М. Адишев мебошанд.
Ҷуғрофияи ин ҳамкориҳо худ аз он шаҳодат медиҳанд, ки донишгоҳ кӯшиш дорад, робитаҳои худро ҳам дар фазои Осиёи Марказӣ ва ҳам берун аз он васеъ намояд.
- Аз миёни ин ҳамкориҳо кадом самтҳоро барои ояндаи ДДМИТ муҳимтар меҳисобед?
- Фаъолияти байналмилалӣ яке аз самтҳои калидии фаъолияти мост. Сифати таҳсилот аз сифати омӯзгор оғоз мешавад. Агар омӯзгор бо равандҳои нави илмӣ, технологияҳои муосири таълим ва таҷрибаи байналмилалӣ шинос набошад, мо наметавонем аз донишҷӯ омодагии рақобатпазирро интизор шавем.
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар маҷмӯъ 180 нафар омӯзгорони донишгоҳ дар чорабиниҳо ва барномаҳои гуногун иштирок намудаанд. Танҳо дар давраи ҳисоботӣ 11 нафар устодон дар форумҳо, семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисоси байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Ҳамчунин, намояндагони донишгоҳ дар барномаҳои марбут ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, бехатарии иқтисодӣ, андозбандии байналмилалӣ, рушди устувор ва дигар масъалаҳои соҳавӣ иштирок карданд. Аммо як масъала барои мо хеле муҳим аст: сафари омӯзгор набояд дар гирифтани сертификат ба анҷом расад. Натиҷаи воқеии сафар бояд баъд аз бозгашт оғоз шавад: омӯзгор таҷрибаи гирифтаашро ба ҳамкорон расонад, семинар гузаронад, методи нави таълимро ҷорӣ кунад, маводи таълимиро такмил диҳад ё таҳқиқоти муштаракро оғоз намояд.
Мо, пеш аз ҳама, ба он ҳамкориҳое таваҷҷуҳ дорем, ки натиҷааашон бевосита дар сифати таҳсилот, илм ва омодасозии кадрҳо инъикос меёбад. Масалан, ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Термези Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар марҳилаи музокирот барои таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ қарор дорад. Рӯзҳои 20-21 майи соли 2026 намояндагони ин донишгоҳ ба ДДМИТ ташриф оварда, масъалаи таҳияи барномаҳои муштараки таълимиро аз рӯи ихтисосҳои «Баҳисобгирии муҳосибӣ» ва «Молия» дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура баррасӣ намуданд. Татбиқи амалии ин барномаҳо аз соли таҳсили 2026–2027 дар назар дошта шудааст. Ин барои мо танҳо як созишнома нест. Агар барномаи муштарак таҳия ва татбиқ шавад, он ба донишҷӯ имкон медиҳад, ки дар ду муҳити таълимӣ таҷриба андӯзад, бо методологияҳои гуногуни таълимӣ шинос шавад ва донишҳои худро васеъ намояд. Ҳамин гуна ҳамкориҳои натиҷадорро мо бо дигар донишгоҳҳо низ ба роҳ мондан мехоҳем.
- Яъне натиҷаи воқеии ҳамкории байналмилалӣ бояд баъд аз худи мулоқот оғоз шавад?
- Бале, комилан дуруст. Мулоқот худ ҳадаф нест. Созишнома низ ҳадафи ниҳоӣ нест. Ҳадаф натиҷа аст. Масалан, мулоқот бо намояндагони ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ метавонад имкониятҳои нави ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисод, молия, рушди инсонӣ ва технология ба миён оварад. Аммо арзиши воқеии ин мулоқот вақте муайян мешавад, ки баъд аз он лоиҳа, барномаи муштарак, таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши кадрҳо ё механизми дигари ҳамкорӣ ба вуҷуд меояд. Дар фаъолияти байналмилалӣ бояд ба ҳамин фарҳанги натиҷагирӣ гузарем.
- Дар самти ҳамкории илмӣ чӣ гуна имкониятҳоро бештар мебинед?
- Ман илмро яке аз меҳварҳои асосии байналмилалӣ шудани донишгоҳ медонам.
Мо бояд аз иштироки одӣ дар конференсияҳо ба таҳқиқоти муштарак гузарем. Конференсия хуб аст, аммо агар баъд аз он мақолаи муштарак, лоиҳаи илмӣ, тадқиқоти муқоисавӣ, монография ё китоб омода шавад, натиҷа хеле арзишмандтар мегардад.
Дар ин самт ҳамкории кафедраҳо бо шарикони хориҷӣ бояд ба таври назаррас тақвият ёбад.
Имрӯз барои ДДМИТ самтҳои зиёди таҳқиқоти муштарак вуҷуд доранд: иқтисоди рақамӣ, молияи муосир, рушди «сабз», логистика, бехатарии иқтисодӣ, андозбандии байналмилалӣ, муносибатҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳисоботи молиявӣ ва дигар масъалаҳои мубрами иқтисодӣ.
Иштироки 10 нафар омӯзгорони ДДМИТ дар конференсияи байналмилалии Деҳнав ва нашри мақолаҳои онҳо дар маҷаллаи «Академияи инноватсионӣ» як мисоли хуб аст. Аммо мо бояд ба марҳилаи дигар бирасем: мақолаҳои муштарак бо олимони хориҷӣ, лоиҳаҳои муштарак, таҳқиқоти байнидонишгоҳӣ ва истифодаи фаъоли пойгоҳҳои байналмилалии илмӣ. Ин аст сатҳи навбатии байналмилалӣ шудани илм.
- Ба андешаи Шумо, барои ворид шудани ДДМИТ ба фазои воқеан байналмилалии таҳсилот чӣ шарт муҳимтар аст?
- Шарти асосӣ сифати дохилӣ мебошад. Мо наметавонем танҳо бо шиори «байналмилалӣ шудан» донишгоҳи байналмилалӣ гардем. Агар барномаҳои таълимӣ рақобатпазир набошанд, таҳқиқоти илмӣ сатҳи заруриро надошта бошад, омӯзгорон ба равандҳои нави илмӣ дастрасӣ надошта бошанд ва донишҷӯ малакаҳои зарурии бозори меҳнатро соҳиб нашавад, ҳеҷ як шартномаи байналмилалӣ ин камбудиро пӯшонида наметавонад. Аз ин рӯ, байналмилалишавӣ бояд аз дохили донишгоҳ оғоз шавад.
Ин маънои онро дорад, ки мо барномаҳои таълимиро пайваста нав кунем, забонҳои хориҷиро омӯзонем, технологияҳои рақамиро истифода барем, таҳқиқоти амалиро густариш диҳем, сифати идоракунии донишгоҳро баланд бардорем ва робитаи «донишгоҳ–илм–саноат»-ро мустаҳкам намоем.
- Дурнамои барномаи дудиплома ва таҳсилоти фосилавиро чӣ гуна мебинед?
- Ин ду самт метавонанд ба таври назаррас рақобатпазирии донишгоҳро баланд бардоранд.
Барномаи дудиплома ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки таҳсилоти худро дар ду муҳити академӣ ба роҳ монад. Аммо барои татбиқи он бояд барномаҳои таълимӣ, талаботи академӣ, низоми баҳодиҳӣ ва ҳуҷҷатҳои дахлдор ҳамоҳанг карда шаванд.
Таҳсилоти фосилавӣ бошад, имкони фарогирии гурӯҳҳои нави донишҷӯёнро фароҳам меорад. Он махсусан барои донишҷӯёни хориҷӣ ва шахсоне, ки имкони ҳузури доимӣ надоранд, муҳим аст. Мо дар ин самт корро идома дода истодаем.
- Ва оё рақамикунонӣ дар ин раванд ҷойгоҳи ҳалкунанда дошта метавонад?
- Бе шакк. Имрӯз ҳамкории байналмилалӣ бе технологияҳои рақамӣ тасаввурнопазир аст. Конференсияи маҷозӣ, лексияи онлайн, табодули электронии маводи таълимӣ, таҳқиқоти муштараки рақамӣ, курсҳои фосилавӣ ва таҳлили маълумоти калон - ҳамаи ин ҷузъи муҳити муосири донишгоҳанд. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои лоиҳаи мо низ ба рақамикунонӣ алоқаманд аст.
Ҳамзамон, мо бояд ба масъалаи зеҳни сунъӣ низ ҷиддӣ муносибат кунем. Дар Конфронси «Зеҳни сунъӣ дар таҳсилоти олӣ», ки моҳи майи соли 2026 дар Донишгоҳи Сейфуллини Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, масъалаҳои марбут ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳсилоти олӣ баррасӣ шуданд. Ин мавзуъ барои мо низ аҳамияти калон дорад. Зеро донишгоҳи оянда бояд на танҳо истифодабарандаи технология, балки тавлидкунандаи дониш ва малакаҳои вобаста ба технология бошад.
- Мавзуи рушди «сабз» ва рушди устувор низ дар фаъолияти байналмилалии ДДМИТ бештар ба назар мерасад. Ин самт барои донишгоҳ чӣ аҳамият дорад?
- Барои донишгоҳи иқтисодӣ рушди устувор набояд мавзӯи мавсимӣ бошад. Он бояд ба як қисми муҳими таҳсил, тадқиқот ва тафаккури иқтисодӣ табдил ёбад. Зеро иқтисоди муосир дигар танҳо масъалаи афзоиши истеҳсолот нест. Мо бояд истифодаи самараноки захираҳо, ҳифзи муҳити зист, технологияҳои сабз, рушди минтақаҳо, шуғл, сатҳи зиндагӣ ва устувории иқтисодиро низ ба назар гирем. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳияи барномаҳои нави таълимӣ, махсусан дар самтҳои технологияҳои рақамӣ, логистика ва идоракунии иқтисодӣ, масъалаҳои рушди «сабз» низ бояд ба таври ҷиддӣ инъикос шаванд.
Лоиҳаи LOGIT-CA низ аз ҳамин нуқтаи назар муҳим аст, зеро он имконият медиҳад, ки иқтисоди рақамӣ ва рушди «сабз» дар доираи як равиши ягона баррасӣ шаванд.
- Зеҳни сунъӣ низ ба муҳокимаҳои байналмилалии донишгоҳ ворид шудааст. Оё ин самт ба робитаҳои байналмилалӣ иртибот дорад?
- Бевосита. Моҳи майи соли 2026 намояндаи Шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДМИТ дар Рӯзи иттилоотии Erasmus+ ва конференсияи «Зеҳни сунъӣ дар таҳсилоти олӣ» дар Донишгоҳи Сейфуллини Қазоқистон иштирок намуд. Чунки зеҳни сунъӣ дигар танҳо масъалаи технология нест. Он ба таҳсил, илм, идоракунӣ, бозори меҳнат ва ҳатто ба тарзи таҳияи барномаҳои таълимӣ таъсир мерасонад. Донишгоҳи иқтисодӣ бояд ин тағйиротро ҷиддӣ омӯзад. Мутахассиси оянда бояд на танҳо аз технология истифода бурда тавонад, балки таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии онро низ дарк кунад.
Ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт аҳамияти махсус дорад, зеро таҷрибаи кишварҳо гуногун аст. Омӯзиши ин таҷрибаҳо ба мо имконият медиҳад, ки барои шароити Тоҷикистон роҳҳои мувофиқтарро интихоб намоем.
- Дар ин замина омӯзиши забонҳои хориҷӣ то чӣ андоза муҳим аст?
- Забон яке аз калидҳои асосии байналмилалӣ шудани донишгоҳ аст. Имрӯз иштироки донишҷӯ дар барномаи мубодила, таҳияи мақолаи муштарак, истифодаи пойгоҳҳои илмии байналмилалӣ, иштирок дар конференсия ё муошират бо профессори хориҷӣ бидуни донистани забони хориҷӣ хеле маҳдуд мегардад. Аз ин рӯ, омӯзиши забонҳои англисӣ ва чинӣ дар донишгоҳ аҳамияти стратегӣ пайдо кардааст. Аммо мо бояд забонро танҳо ҳамчун фанни таълимӣ набинем. Забон бояд воситаи дастрасӣ ба дониш бошад. Ва донишҷӯ бояд бо забони хориҷӣ мақолаи илмӣ хонда тавонад, манбаи байналмилалиро таҳлил кунад, дар конференсия баромад кунад ва бо ҳамтои хориҷӣ тадқиқоти муштарак анҷом диҳад.
- Дар бораи барномаҳои мубодилаи академӣ чӣ гуфта метавонед?
- Ҳаракати академӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми байналмилалӣ шудани донишгоҳ мебошад. Тибқи нишондиҳандаҳои мавҷуда, 228 иштирокчӣ дар барномаҳои мубодилаи донишҷӯён фаро гирифта шудаанд. Ин рақам барои мо муҳим аст, аммо боз ҳам натиҷаи сифатӣ муҳимтар мебошад.
Донишҷӯе, ки барои як муддат дар муҳити таълимии дигар кишвар таҳсил мекунад, танҳо донишҳои касбӣ намегирад. Ӯ мустақилият, масъулият, малакаи муошират, қобилияти мутобиқшавӣ ва ҷаҳонбинии васеътар пайдо мекунад. Ҳамин таҷриба баъдтар ба сармояи инсонӣ табдил меёбад.
- Агар ба ҳамаи ин равандҳо аз нигоҳи як мутахассиси соҳаи иқтисод нигоҳ кунед, робитаҳои байналмилалии донишгоҳ дар рушди иқтисоди миллӣ чӣ саҳм дошта метавонанд?
- Бемуҳобо, саҳми онҳо хеле бузург аст. Иқтисоди миллӣ имрӯз ба кадрҳои дорои ҷаҳонбинии байналмилалӣ, забондон, технологияи рақамиро донанда ва қобили таҳлили равандҳои ҷаҳонӣ ниёз дорад. Агар мо чунин кадрҳоро омода намоем, онҳо метавонанд таҷрибаи пешрафтаи хориҷиро ба муҳити Тоҷикистон ворид кунанд. Масалан, донишҷӯе, ки дар доираи табодули академӣ усулҳои нави баҳисобгирӣ, молия, андозбандӣ ё логистикаро меомӯзад, баъд аз бозгашт метавонад ин донишро дар муассисаи худ истифода барад. Аз ин рӯ, дар ниҳояти кор, робитаҳои байналмилалӣ ба натиҷаи иқтисодӣ ва сармояи инсонӣ табдил меёбанд. Ва сармояи инсонӣ, дар навбати худ яке аз муҳимтарин омилҳои рушди иқтисодии кишвар мебошад.
- Дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии ДДМИТ, Шумо, нақши Истиқлолиятро дар ин дастовардҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Бе Истиқлолияти давлатӣ чунин имкониятҳои васеи байналмилалӣ вуҷуд дошта наметавонистанд. Истиқлолият ба Тоҷикистон имконият дод, ки бо ҷаҳон мустақиман муносибат кунад, таҷрибаи кишварҳои гуногунро омӯзад, муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва илмиро густариш диҳад ва манфиатҳои миллии худро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя намояд.
Имрӯз мо дар донишгоҳҳои хориҷӣ донишҷӯ дорем, профессорони хориҷиро қабул мекунем, дар конференсияҳои байналмилалӣ иштирок мекунем, бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамоем, аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузарем ва барои грантҳои байналмилалӣ рақобат мекунем. Ҳамаи инро бояд дар заминаи имкониятҳое арзёбӣ кард, ки Истиқлолияти давлатӣ фароҳам овардааст.
- Ва 30-солагии ДДМИТ барои худи ҷомеаи донишгоҳ чӣ паём дорад?
- Сӣ сол барои як муассисаи таҳсилоти олӣ ҳам таърих аст ва ҳам оғози марҳилаи нави рушд. Дар ин давра донишгоҳ наслҳои зиёди мутахассисонро тарбия намуд, ки имрӯз дар мақомоти давлатӣ, низоми молиявӣ, бонкҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ фаъолият доранд. Аммо солгарди донишгоҳ набояд танҳо василаи ёдоварӣ аз гузашта бошад. Он бояд имкони андешидан дар бораи оянда бошад. Имрӯз саволи асосӣ барои мо ин аст: дар сӣ соли оянда ДДМИТ чӣ гуна донишгоҳ бояд бошад?
Ҷавоби ман чунин аст: донишгоҳе, ки дар сатҳи миллӣ эътирофшуда, дар минтақа рақобатпазир ва дар арсаи байналмилалӣ қобили муаррифӣ бошад.
- Шумо фаъолияти байналмилалии донишгоҳро дар панҷ соли оянда чӣ гуна тасаввур мекунед?
- Ман мехоҳам, ки дар панҷ соли оянда ҳар як факултети донишгоҳ ҳадди ақал чанд шарики фаъоли хориҷӣ дошта бошад ва ин ҳамкориҳо ба натиҷаҳои мушаххас табдил ёбанд. Мехоҳем шумораи донишҷӯёни дар барномаҳои мубодила иштироккунанда зиёд шавад, теъдоди профессорони хориҷӣ афзоиш ёбад, лоиҳаҳои грантӣ бештар гарданд ва барномаҳои муштараки таълимӣ роҳандозӣ шаванд. Ҳамчунин, мехоҳем донишгоҳ дар шабакаҳои минтақавӣ ва байналмилалии донишгоҳҳо ҷойгоҳи устувор пайдо кунад. Муҳимтар аз ҳама, натиҷаи ҳамаи ин равандҳо дар сифати таҳсилот инъикос ёбад. Ва гузашта аз он, ҳар як кафедра ба як саволи одии «Шарики байналмилалии шумо кист ва ин ҳамкорӣ ба донишгоҳ чӣ натиҷа додааст?», ҷавоби мушаххас дошта бошад.
- Дар анҷоми суҳбат мехостем аз Шумо ҳамчун муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба донишҷӯёни ДДМИТ ва ҷавонони кишвар як паёми самимӣ бишнавем.
- Паёми ман ба ҷавонон хеле содда аст: имкониятҳоро интизор нашавед, онҳоро ҷустуҷӯ кунед ва ба вуҷуд оред. Ҷаҳони имрӯз барои донишҷӯи тоҷик имкониятҳои зиёде дорад. Барномаҳои мубодила, грантҳо, стипендияҳо, конференсияҳои байналмилалӣ, курсҳои онлайн, озмунҳои илмӣ ва лоиҳаҳои муштарак ҳамаи ин роҳҳои рушди шахсӣ ва касбӣ мебошанд. Аммо барои истифода аз ин имкониятҳо се чиз зарур аст: дониш, забон ва меҳнат.
Ҷавоне, ки забони хориҷиро медонад, касби худро хуб меомӯзад ва барои рушди худ пайваста талош мекунад, метавонад дар ҳар муҳити байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кунад. Аз ин рӯ, ман ба донишҷӯён мегӯям: аз тоҷик будани худ ифтихор кунед, аммо ҷаҳонро низ омӯзед, ба фарҳанги дигарон эҳтиром гузоред, аммо арзишҳои миллии худро фаромӯш накунед. Аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳон истифода баред, аммо онро бо шароити Тоҷикистон мутобиқ намоед. Ва муҳимтар аз ҳама, ҳар донише, ки мегиред, бояд дар хидмати рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор гирад.
P/S:
Аз муҳтавои ин суҳбат бармеояд, ки байналмилалӣ шудани донишгоҳ танҳо ба зиёд шудани шумораи созишномаҳо, сафарҳои хориҷӣ ё қабули ҳайатҳои меҳмон вобаста нест. Ин раванд, пеш аз ҳама, тағйири фарҳанги академӣ, боло бурдани сифати таҳсилот, рушди илм, такмили ихтисоси омӯзгорон, тавсеаи ҳаракати академӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи нави иқтисод мебошад.
Фаъолияти солҳои охири ДДМИТ нишон медиҳад, ки дар ин самт заминаи муносиб ташаккул ёфтааст: зиёда аз 160 шарики дохиливу хориҷӣ, созишномаҳои нав бо донишгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо, аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо Erasmus+, JICA, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд, фаъолияти «Профессори даъватӣ», мубодилаи донишҷӯён, омӯзиши забонҳои чинӣ ва англисӣ, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ва таҳияи лоиҳаҳои грантии дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ. Аммо муҳимтар аз ҳама, дар назди донишгоҳ ҳоло вазифаи гузаштан аз марҳилаи «ҳамкорӣ доштан» ба марҳилаи «аз ҳамкорӣ натиҷа гирифтан» қарор дорад.
Ин раванд, албатта, кори яксолаву дусола нест. Он фарҳанги нави академӣ, забондонӣ, малакаи лоиҳанависӣ, таҳқиқоти босифат, барномаҳои рақобатпазир, инфрасохтори муосир ва, пеш аз ҳама, тафаккури нави донишгоҳиро тақозо мекунад.
Дар ин замина, таҷрибаи бадастомадаи ДДМИТ дар соли таҳсили 2025-2026 нишон медиҳад, ки заминаҳои зарурӣ тадриҷан ташаккул меёбанд.
35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон танҳо ду санаи тақвимӣ нестанд. Онҳо ду марҳилаи муҳими андеша дар бораи роҳи тайшуда ва вазифаҳои пешорӯ мебошанд.
Дар сӣ соли фаъолияти ДДМИТ на танҳо биноҳо, факултетҳо ва кафедраҳо рушд кардаанд. Муҳимтар аз ҳама, муҳити донишгоҳӣ тағйир ёфтааст. Имрӯз донишҷӯи ДДМИТ метавонад дар озмуни байналмилалӣ бо садҳо даста рақобат кунад, дар донишгоҳи хориҷӣ таҳсил намояд, аз профессори хориҷӣ лексия гирад, забони чинӣ ё англисиро омӯзад, дар лоиҳаи байналмилалӣ иштирок кунад ва донишгоҳашро дар муҳити байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
Ин имкониятҳо арзиши воқеии байналмилалишавии таҳсилот мебошанд.
Дар баробари ин, масъулият низ бештар мешавад. Донишгоҳе, ки мехоҳад дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи муносиб дошта бошад, бояд пеш аз ҳама сифати худро дар дохил таъмин намояд. Аз ин рӯ, вазифаи асосии марҳилаи минбаъда на танҳо зиёд кардани шумораи шарикони хориҷӣ, балки ба натиҷаҳои воқеӣ табдил додани ҳар як ҳамкорӣ мебошад.
Ва дар умум, ин мусоҳиба ниҳоятан ба як андешаи меҳварӣ меорад: байналмилалӣ шудани донишгоҳ ҳадафи худӣ нест: он воситаи баланд бардоштани сифати дониш, илм ва сармояи инсонӣ мебошад. Зеро донишгоҳи воқеан рақобатпазир ҳамон донишгоҳест, ки метавонад ҷаҳонро ба аудиторияи худ ворид кунад ва ҳамзамон дониш, таҷриба, фарҳанг ва дастовардҳои худро ба ҷаҳон пешниҳод намояд.
Аз ин нигоҳ, фаъолияти робитаҳои байналмилалии ДДМИТ метавонад ҳамчун як пул тасаввур шавад, пуле миёни таҷрибаи миллӣ ва дастовардҳои ҷаҳонӣ, миёни донишҷӯи тоҷик ва муҳити байналмилалӣ, миёни илми донишгоҳӣ ва ниёзҳои иқтисоди муосир. Ва қудрати чунин пул на дар дарозии он, балки дар он аст, ки то чӣ андоза устувор, боэътимод ва барои ҳаракати ҳар ду ҷониб кушода мебошад.
Тоҷ
Рус
Eng