Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии сиёсӣ, ташаккули низоми мустақили иқтисодӣ ва молиявиро доро буда, яке аз самтҳои муҳими ин раванд ташаккул ва рушди муносибатҳои асъорӣ ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои асъорӣ маҷмуи муносибатҳои иқтисодие мебошанд, ки дар раванди истифода, мубодила, хариду фурӯш, танзими асъори миллӣ ва хориҷӣ ба вуҷуд меоянд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолият Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ворид гардид. Гузариш аз иқтисоди нақшавии шуравӣ ба иқтисоди бозорӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, буҳронҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ташаккули низоми бонкии миллӣ ва таъсиси пули миллӣ ба муносибатҳои асъории кишвар таъсири бевосита расониданд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ муносибатҳои асъорӣ барои Тоҷикистон аҳамияти махсус доранд. Кишвар бо иқтисоди ҷаҳонӣ робитаи рӯзафзун дошта, содироту воридот, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, сармоягузории хориҷӣ, фаъолияти низоми бонкӣ ва муносибатҳои молиявии байналмилалӣ аз вазъи бозори асъор вобастагии зиёд доранд.

Барои Тоҷикистон масъалаи асъор на танҳо масъалаи молиявӣ, балки масъалаи истиқлолияти иқтисодӣ низ мебошад. Мавҷудияти асъори миллӣ ба давлат имкон медиҳад, ки сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва асъориро амалӣ намояд.

Солҳои аввали истиқлолият барои Тоҷикистон давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва иқтисодӣ буданд. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ низоми ягонаи иқтисодию молиявӣ аз байн рафт. Тоҷикистон аз низоми мутамаркази иқтисодии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуда, бояд низоми мустақили молиявию бонкии худро ташаккул медод. Дар ин давра, Тоҷикистон муддате рубли шуравӣ ва баъдан рубли русиро ҳамчун воситаи пардохт истифода мебурд. Вобастагӣ аз низоми пулии беруна имкониятҳои кишварро барои гузаронидани сиёсати мустақили пулию қарзӣ маҳдуд мекард.

Яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи иқтисодии Тоҷикистон ҷорӣ намудани асъори миллӣ мебошад.

11 октябри соли 2000 бо қарори дахлдори мақомоти давлатӣ пули миллии Тоҷикистон бо номи “сомонӣ” ба муомилот ворид карда шуд. Ҷорӣ намудани сомонӣ марҳилаи нави рушди низоми молиявии мамлакатро оғоз намуд.

Номи «сомонӣ» ба хотири эҳтиром ба шахсияти бузурги таърихи тоҷикон Исмоили Сомонӣ интихоб шудааст. Ин интихоби ном дорои аҳамияти на танҳо иқтисодӣ, балки миллӣ ва фарҳангӣ мебошад. Асъори миллӣ ҳамчун яке аз рамзҳои соҳибихтиёрии давлат дар худ унсурҳои таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллиро таҷассум мекунад.

Дар тарҳи пулҳои миллӣ тасвирҳои шахсиятҳои маъруфи таърихи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ, осори меъморӣ ва дигар рамзҳои миллӣ истифода шудаанд. Ҳамин тавр, сомонӣ ҳамчун воситаи пардохт ҳамзамон як ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ гардид.

Дар ташаккули низоми асъории мустақили Тоҷикистон нақши Бонки миллии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Бонки миллӣ дар доираи ваколатҳои худ сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлатро амалӣ намуда, ба устувории пули миллӣ ва низоми молиявӣ мусоидат мекунад.

Сиёсати асъорӣ бояд байни ду ҳадафи муҳим мувозинатро нигоҳ дорад: аз як тараф, таъмини устувории пули миллӣ ва аз тарафи дигар, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти озоди иқтисодӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ.

Ҳадафи дуюм ба он асос мегардад, ки дар натиҷаи истифодаи асъори хориҷӣ савдои хориҷӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина рушди муносибатҳои иқтисодӣ Тоҷикистон бо давлатҳои дигар таҳким меёбад.

Ҳамзамон, содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба кишвар воридшавии асъори хориҷиро таъмин мекунад. Аз ин рӯ, рушди истеҳсолоти дохилӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти рақобатпазир барои устувории бозори асъор аҳамияти калон дорад.

Муносибатҳои асъорӣ дар даврони Истиқлолият яке аз самтҳои муҳими ташаккули иқтисоди мустақили Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар ин давра, кишвар аз низоми пулии вобаста ба низоми собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба низоми мустақили пулию молиявӣ гузашт.

Муносибатҳои асъории Тоҷикистон дорои хусусиятҳои хоси миллӣ мебошанд. Нақши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, сохтори савдои хориҷӣ, вобастагӣ аз воридот, имкониятҳои содиротӣ ва зарурати рушди истеҳсолоти миллӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки сиёсати асъории кишварро муайян мекунанд.

Дар оянда устувории муносибатҳои асъорӣ бештар аз рушди истеҳсолоти миллӣ, афзоиши содирот, диверсификатсияи иқтисод, ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ вобаста хоҳад буд.

Ҳамин тавр, сиёсати дурусти асъорӣ бояд, пеш аз ҳама, ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии миллӣ, таҳкими пули миллӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироии Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳонӣ равона карда шавад.

 

Сорбон ШАРБАТОВ,

устоди кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ