Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити ниҳоят вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият намоему дар обод гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ Артиши миллӣ ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромиву осудаи кишвар табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунад.

Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои ифродгаро ва ҷиноятҳои трансмиллӣ, хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнатнорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузоштааст.

Тайи 33 соли фаъолияти Артиши миллӣ рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштаанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои оромию осудаи кишвар табдил ёфта, барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азизамон собитқадамона рушду такомул ёфта истодааст.

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсис ҳамчун неруи бузурги низомӣ дар пешрафти мамлакат саҳми босазо гузоштааст.

Эй Ватан номи ту дунёи ман аст,

Қуллаҳоят сари болои ман аст.

Гар ба ҳифзат надиҳам ҷону тан,

Намакат заҳр шавад дар баданам.

Маҳтоб ҲАМИДОВА,

муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ