СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ ПОЙДОРИ КИШВАР МУҲИМ АСТ
«Таъмини намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад.»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Терроризм на танҳо хатаре барои амнияти кишвар аст, балки ба раванди рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Минтақаҳои гуногун, ки дар ҳолати осоишта зиндагӣ доранд, бо шиддат ва тарсҳои терроризм рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳангоме ки амалҳои террористӣ барои тарс додани мардум амалӣ карда мешаванд, ин заминаи хатар барои миллатҳо ва махсусан ҷавонон мебошад.
Мубориза бар зидди терроризм яке аз масъалаҳои муҳим дар сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ мебошад. Терроризм, ки амалҳои ваҳшатноки вазнинро дар бар мегирад, на танҳо бо мақсади тарс ва зӯроварӣ анҷом меёбад, балки ба ҷомеаҳои ҳудуди кишварҳо таъсир мерасонад, ки барномаҳо, нақшаҳои рушди кишварҳо ва амниятро таҳдид мекунад.
Тавре Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намудааст ва ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст. Мо табақаи таълимдиҳандаи ҷомеа, ки яке аз ячейкаи асосии давлат дар таълиму тарбия ҷавонон мебошем, бояд муқаррароти ин стртаегияро сармашқи кори худ дониста, пайваста бо ҷавонон барои шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, одамрабоӣ ва даст назадан ба амалҳои номатлуб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъият ва давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таҳдидҳои экстремизм ва терроризм дар марҳилаи кунунӣ ба омилҳои тарғиби ғояҳои экстремизм ва терроризм тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилотҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав истифода бурдани низоъҳои байнимазҳабии солҳои охир дар ҳудуди кишварҳои дигар рухдода ва дар сатҳи байналмилалӣ мавриди вокуниш қарор нагирифтани онҳо ҳамчун баҳона барои даъват ба якдилии мазҳабӣ ва муттаҳид шудан дар атрофи ғояҳои ин ташкилотҳо ва таҳти таъсири ташкилотҳои экстремистию террористӣ қарор гирифтани шаҳрвандони дар муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷӣ таълимгиранда, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои будубоши онҳо асос ёфтааст.
Дар натиҷа, мубориза бар зидди терроризм танҳо як масъалаи сиёсӣ ва амниятӣ нест, балки як муаммо мебошад, ки бо ёрии ҳамкориҳои байналмилалӣ, пешгирии фактораи иҷтимоӣ, муҳити муфид барои ҷавонон ва ташкили чораҳои амниятӣ метавон бо он мубориза кард. Ғайр аз он, таҳия ва амалисозии стратегияи миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин паҳн кардани ғояҳои сулҳ ва диалогӣ байни миллатҳо барои муборизаи муассир бар зидди терроризм хеле муҳим мебошад.
Мубориза бо терроризм як раванди мураккаб ва фарогир аст, ки талаб мекунад, на танҳо тадбирҳои амниятӣ, балки чораҳои пешгирӣ ва таълимӣ низ андешида шаванд. Маҳдуд кардани шароити равонӣ ва иҷтимоӣ, ки барои расидан ба мақсадҳои террористӣ мусоидат мекунанд, бояд тавассути ислоҳоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба даст ояд. Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муҳити иҷтимоии мустаҳкам низ нақши муҳиме дар пешгирӣ ва мубориза бо терроризм доранд. Аз ин рӯ, мубориза бо терроризм як раванди пайваста ва ҳамоҳанг барои муҳофизат кардани сулҳу амният ва тараққиёти ҷомеаҳо аст.
Н. БОБОШЕРЗОДА,
З. АКРАМОВА,
омӯзгори кафедраи менеҷменти молиявӣ
Тоҷ
Рус
Eng