ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ: ТАЪРИХ ХУД ГУВОҲИ ХИЗМАТҲОСТ!
Дар таърихи ҳар миллат давраҳое фаро мерасанд, ки сарнавишти давлат ба устувории роҳбарӣ ва қудрати иродаи сиёсӣ вобаста мегардад. Таҷрибаи таърихӣ исбот намудааст, ки давлатдорӣ бе роҳбари қавӣ, дурбин ва масъулиятшинос устувор намешавад. Маҳз дар чунин марҳилаҳо нақши шахсият ба омили ҳалкунанда табдил ёфта, самти рушди ҷомеаро муайян месозад. Барои халқи тоҷик чунин шахсияти бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои миллат давлатдору сиёсатмадори маъруф, меъмори сулҳ, рамзи ваҳдат ва кафили суботу пешрафти давлати соҳибистиқлол, “Абармарди таърихсоз”, “Шоҳмарди миллат” ба шумор меравад.
Барои мардуми шарифи Тоҷикистони маҳбуб, Пешвои миллат на танҳо Президенти кишвар, балки шахсияти наздик, рамзи эътимод ва такягоҳи маънавии халқ мебошад. Маҳз ҳамин эътимоди амиқи мардум ва робитаи устувори роҳбар бо миллат омили муҳими пойдории давлат ва идомаи роҳи созандагӣ ба шумор меравад. Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи ниҳоят ҳассос ва сарнавиштсоз ба шумор мерафтанд. Баъди ба даст овардани истиқлолият кишвар бо як қатор мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, ки онҳо на танҳо раванди рушди давлатро душвор гардонданд, балки худи мавҷудияти давлатдориро зери хатар қарор доданд.
Соли 1992, вақте ки Тоҷикистон дар остонаи нобудӣ қарор дошт, ҷанги шаҳрвандӣ кишварро фаро гирифта, пояҳои давлатдорӣ суст шуда буданд, саволе ба миён меомад, ки аз забон берун намеояд, аммо дар чашмҳо, дар дилҳо, дар хомушии шабҳо, дар нафаси модарон зиндагӣ мекунад. Савол чунин аст: оё ҷомеа бобақову ҷовидонӣ мемонад ё пош мехӯраду ба гӯшаи нобудӣ ва фаромӯшӣ меравад? Оё давлат боқӣ мемонад ё худ ба соя табдил меёбад? Оё фарҳанг ва забон, хонаву кӯҳу водӣ, рӯҳу ормон дар харобаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш мегарданд ё аз нав мешукуфанд? Ҷавоби ин саволҳоро танҳо сухан намедиҳад. Ҷавобро амал медиҳад. Ҷавобро ҷасорат медиҳад. Ҷавобро азму ирода ва неру медиҳад. Ва дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзҳое фаро расиданд, ки иродаи роҳбарӣ ба маънои наҷоти миллат табдил ёфт. Дар қисмҳои пештар таъкид шуда буд, ки чӣ гуна дар шароити аз ҳама мушкил, дар лаҳзаҳое, ки давлат аз дарун ларзида буд, як Роҳбари сиёсӣ ва як Лидери маънавӣ бояд пайдо мешуд.
Роҳбаре, ки на бо шиор, балки бо ҳисси масъулият, на бо эҳсосоти гузаранда, балки бо ақли расои давлатдорӣ, на бо қаҳру ғазаб, балки бо адлу адолат мардумро гирд оварда тавонад. Ҳамон лаҳза буд, ки таърих, гӯё бо чашми сахтгир, ба инсонҳо менигарист ва мепурсид: ин рисолати сангинро кӣ ба зимма мегирад? Кӣ ин алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро метавонад хомӯш кунад? Кӣ метавонад, ки ашки талхи модарону ятимонро ба ашки шодӣ мубаддал гардонад? Кӣ метавонад миллати парокандаро сарҷамъу гурезаҳои иҷбориро ба Ватани аҷдодӣ баргардонад? Ва дар охир кӣ метавонад умедҳои барбодрафтаро аз сари нав ба миллати пароканда баргардонаду кошонаи мардумро ободу маъмур созад?
Маҳз дар чунин шароити мураккаб зарурати мавҷудияти як роҳбари қатъӣ, дурандеш ва масъулиятшинос ба миён омад. Ҷомеа ниёз ба шахсияте дошт, ки тавонад мардумро муттаҳид созад, суботро барқарор намояд ва самти дурусти рушди давлатро муайян кунад. Бе чунин роҳбарӣ эҳтимоли аз даст рафтани истиқлолият ва фурӯпошии давлат комилан имконпазир буд.
Барои Тоҷикистони азиз посух танҳо дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падид омад. Ӯ тавонистанд миллати парешонро муттаҳид созад, сулҳу оромиро барқарор намояд ва Тоҷикистонро ба роҳи рушд, пешрафт ва суботи пойдор раҳнамоӣ кунад. Яке аз муҳимтарин дастовардҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошад. Пас аз фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ба бор овард, бо талошҳои пайваста, сабру таҳаммул ва сиёсати созанда заминаи сулҳу ваҳдати миллӣ фароҳам гардид.
Бо назардошти ин хизматҳои таърихӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Абармарди таърихсоз” ва шахсияти калидӣ дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ эътироф гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «абармарди таърихсоз» дар давраи барои Тоҷикистон бисёр душвор дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва нигоҳ доштани истиқлолияти кишвар нақши муҳим гузоштааст. Хусусан, талошҳо барои ба даст овардани сулҳи миллӣ ва фароҳам овардани шароити рушди минбаъдаи кишвар аз омилҳои асосии чунин унвон дониста мешаванд. Ин давраи сарнавиштсоз нишон дод, ки тақдири давлатҳо дар лаҳзаҳои ҳассос маҳз аз қудрати ирода ва хиради сиёсӣ вобаста аст. Барои Тоҷикистон чунин лаҳзаи таърихӣ ба оғози марҳилаи нави давлатдорӣ табдил ёфт, ки дар он нақши роҳбарият ва интихоби дурусти роҳи рушд аҳамияти ҳалкунанда пайдо кард. Солҳои 1992-1997 барои Тоҷикистон давраи сарнавиштсоз ва ҳалкунанда буданд. Даврае, ки на танҳо масъалаи рушд, балки худи масъалаи будан ё набудани давлат дар миён қарор дошт. Бӯҳрони сиёсӣ, бархӯрди нерӯҳои гуногун ва ҷанги шаҳрвандӣ кишварро ба вартаи ноустуворӣ бурда буданд. Дар чунин шароит барқарорсозии давлатдорӣ ба масъалаи ҳаётӣ табдил ёфт. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ба нуқтаи гардиши таърихӣ табдил ёфт. Маҳз дар ҳамин иҷлосия роҳбари нави давлат интихоб гардид ва умеди мардум ба фардои осоишта дубора эҳё шуд. Ин рӯйдод оғози марҳилаи нави давлатдорӣ ва барқарорсозии сохторҳои давлатӣ гардид. Дар солҳои минбаъда, махсусан солҳои 1993-1996, раванди ташкили низоми идоракунии давлатӣ тадриҷан ба роҳ монда шуд. Мақомоти давлатӣ аз нав ташкил гардида, фаъолияти онҳо ба низом дароварда шуд. Давлат, ки дар оғози ин марҳила қариб аз фаъолият бозмонда буд, дубора тавонист вазифаҳои асосии худро иҷро намояд.
Дар ҳамин замина, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлат аз марҳилаи фурӯпошӣ ба марҳилаи барқарорсозӣ ва сипас ба роҳи рушди устувор гузашт. Ин раванд на танҳо ташкили сохторҳо, балки барқарор намудани боварии мардум ба давлат буд. Барқарорсозии давлатдорӣ дар Тоҷикистон танҳо як раванд набуд, он як муборизаи воқеӣ барои ҳифзи миллат, як имтиҳони таърихӣ ва як қадами ҷасурона ба сӯи оянда буд. Ва маҳз ҳамин солҳо нишон доданд, ки давлат метавонад аз шикаст ба эҳё расад, агар роҳбарӣ устувор ва мардум муттаҳид бошанд. Агар солҳои 1992-1997 барои Тоҷикистон давраи имтиҳон буданд, пас сулҳ бузургтарин ҷавоби таърих ба ин имтиҳон гардид. Раванди сулҳофаринӣ осон набуд он роҳи тулонӣ, пурмашаққат ва пур аз музокироти сангин буд, ки дар он тақдири миллат ҳал мешуд. Аз соли 1994 музокироти байни тоҷикон оғоз гардида, давра ба давра дар шаҳрҳои гуногун аз Москва то Теҳрон ва Алмато идома ёфтанд. Ҳар як мулоқот, ҳар як гуфтугӯ як қадами душвор, вале муҳим ба сӯи сулҳ буд. Ин раванд аз роҳбарият на танҳо маҳорат, балки сабр, таҳаммул ва иродаи шикастнопазирро талаб мекард. Нуқтаи авҷи ин талошҳо 27 июни соли 1997 гардид, вақте ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки оғози марҳилаи нави ҳаёти давлат - марҳилаи ваҳдат, созандагӣ ва рушдро таъмин намуд.
Дар давраи роҳбарии Пешвои миллат сохтори давлати миллӣ аз нав бунёд ёфт. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) пояи ҳуқуқии давлатдории навро гузошт. Ташкили мақомоти давлатӣ, низоми ҳуқуқӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ ва муассисаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар муҳити сулҳ имконпазир гардиданд.
Пешвои миллат давлатдориро на танҳо ҳамчун низоми идоракунӣ, балки ҳамчун мактаби худшиносии миллӣ мебинад. Роҳбари давлат ҳамеша таъкид мекунанд, ки давлат бояд ба мардум хизмат кунад ва манфиати шаҳрвандонро дар мадди аввал гузорад. Дар тули солҳои истиқлолият, бо роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон аз як кишвари пас азҷангӣ ба давлати устувори ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфт. Нақшаи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва расидан ба иқтисоди рақобатпазир қабул гардид. Иқтисоди Тоҷикистон аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ то ба як низоми устувори бозоргаро рушд ёфт. Аз соли 2000 инҷониб мамлакат пайваста нишондиҳандаҳои мусбати иқтисодиро ба даст меорад. Бо ташаббуси Пешвои миллат стратегияи чор ҳадафи миллӣ қабул шуд:
Таъмини истиқлолияти энергетикӣ - рушди энергетика ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқ.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ - рушди роҳҳо, нақлиёт ва пайвастшавии кишвар бо минтақа ва ҷаҳон.
Таъмини амнияти озуқаворӣ - рушди кишоварзӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқавории босифат.
Саноатикунонии босуръати кишвар - рушди истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ ва дар партави ин ҳадафо, рушди иқтисоди сабз ва рақамикунонӣ ҳамчун самти муҳими рушди Тоҷикистон ба истифодаи васеи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сарфаи оқилонаи захираҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҳифзи муҳити зист равона гардидааст. Ин раванд барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад.
Зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Пешвои миллат бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ, хусусан дар соҳаи масоили об ва экология, обрӯи баланд пайдо кардаанд. Соли 2022 СММ бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»»-ро эълон кард. Ин иқдом Тоҷикистонро дар сафи пеши кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои умумибашарӣ қарор дод. Ин ташаббусҳо ба баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда, мавқеи кишварро ҳамчун давлати ҷонибдори ҳалли мушкилоти глобалӣ таҳким бахшиданд. Тоҷикистон бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои вобаста ба ҳифзи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва рушди устуворро пайваста ба миён мегузорад.
Солҳои охир ҷаҳон бештар ба низоъҳои мусаллаҳона, буҳронҳои эътимод, афзоиши шиддати муносибатҳои байналмилалӣ ва заиф гардидани механизмҳои маъмулии амнияти дастҷамъӣ рӯ ба рӯ мегардад. Маҳз ҳамин андеша дар заминаи ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаеро қабул намуд, ки солҳои 2027-2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон мекунад. Қабули ин қатънома на танҳо як рӯйдоди муҳими сиёсати байналмилалӣ, балки бозгӯи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз зарурати ташаккули рӯзномаи дарозмуҳлати ҷаҳонӣ дар самти пешгирии низоъҳо, таҳкими сулҳ ва таъмини ояндаи устувори наслҳои оянда мебошад.
Маҳз чунин мавқеи созанда ва сиёсати дурбинона нишон медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона миёни давлатҳо, ҳамчунин дигар масалаҳои глобалии сайёра нақши муҳим доранд. Ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ на танҳо мавқеи кишварро ҳамчун давлати сулҳпарвар муаррифӣ мекунанд, балки барои ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои мубрами замони муосир низ мусоидат менамоянд.
Аз ин рӯ, метавон таъкид кард, ки унвони «Абармарди таърихсоз» ба фаъолияти созанда, иродаи қавӣ ва саҳми назарраси Пешвои миллат дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ташаккули мавқеи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ иртиботи мустақим дорад.
Ҳамин тавр, таҳлили марҳилаҳои асосии рушди давлатдории миллӣ дар давраи истиқлолият нишон медиҳад, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз мебошад. Дар шароите, ки давлат дар оғози истиқлолият бо хатари ҷиддии аз байн рафтан рӯ ба рӯ буд, маҳз бо иродаи қавӣ, сиёсати хирадмандона ва масъулияти баланди давлатӣ пояҳои давлатдорӣ барқарор ва таҳким ёфтанд.
Имрӯз натиҷаҳои ин роҳ равшананд: Тоҷикистон ба давлати соҳибистиқлол, устувор ва рӯ ба рушд табдил ёфта, дар дохил сулҳу суботро таъмин намуда ва дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб кардааст. Муҳимтар аз ҳама, дар ҷомеа шуури нави миллӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва эътимод ба оянда ташаккул ёфтааст, ки худ нишондиҳандаи асосии муваффақияти давлатдорӣ мебошад.
Албатта, дар доираи як мақола фаро гирифтани тамоми паҳлуҳои фаъолияти бузург ва саҳми беназири Пешвои миллат дар тӯли 35 соли истиқлолият амри номумкин аст. Хизматҳое, ки дар ин муддат анҷом дода шудаанд, ба дараҷае васеъ ва гуногунҷанбаанд, ки онҳоро метавон ба уқёнуси беканори дастовардҳо ташбеҳ дод, ки андозагирии он ҳатто берун аз тасаввури маъмулӣ қарор дорад.
Дар бораи фаъолияти созанда ва хизматҳои Пешвои миллат китобҳои пурарзиш таълиф гардида, мақолаҳои зиёде навишта ва шеърҳои фаровон эҷод шудаанд. Бо вуҷуди ин, ҳамаи ин осори адабию илмӣ низ наметавонанд тамоми паҳлуҳои фаъолияти ин фарзанди содиқи миллатро пурра фаро гиранд. Воқеан ҳам, Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми Тоҷикистон “Абармарди таърихсоз” маҳсуб меёбад. Зеро номи ӯ бо марҳилаҳои муҳими таърихи навини кишвар - таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Мероси сиёсӣ ва корҳои созандаи ин давра барои наслҳои имрӯз ва фардо ҳамчун як саҳифаи муҳими таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки «Абармарди таърихсоз» танҳо як унвон нест, балки баёнгари эҳтиром ба шахсияте мебошад, ки фаъолияти ӯ бо сарнавишти давлати соҳибистиқлол ва мардуми Тоҷикистон пайванди амиқ дорад.
Чуноне ки ба ҳамаи мо маълум аст, ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад, китоби калонҳаҷми академик Фарҳод Раҳимӣ таҳти унвони «Абармарди таърихсоз» ба нашр расид. Аз номи китоб ҳувайдост, ки он барои рӯшан кардани симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хидмат ва ранҷҳои бебаркаши ин бузургмард дар сохтани давлати тоҷикон нигаронда шудааст. Китоби нахуст, агар аз 814 саҳифа иборат бошад, қисми дувуми он 1030 саҳифаро фаро мегирад. Он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор ёфта, барои доираи васеи омӯзандагони чеҳраи сиёсиву фарҳангии Пешвои миллат, ҷаҳони ботинии ин марди олами сиёсат, аз ҷумла ба хориҷиён, ҳамчун «Абармарди таърихсоз» низ пешниҳод мешавад. Ин китобро метавон на танҳо баёнгари роҳи пуршарафи як шахсияти сиёсӣ, балки манбаи муҳими сабақҳои ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, сабру таҳаммул ва масъулияти миллӣ арзёбӣ намуд. Ҳар як саҳифаи он хонандаро водор месозад, ки ба таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бо нигоҳи амиқтар назар андозад, аз таҷрибаи рӯзгори Пешвои миллат сабақ бигирад ва ба арзишҳои сулҳу ваҳдат, истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ бештар арҷ гузорад.
Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «Абармарди таърихсоз» он қадар фарогир, густурда ва дорои аҳамияти таърихӣ мебошанд, ки дар доираи як мақола, як китоб ва ҳатто чандин асари илмӣ наметавон тамоми паҳлуҳои онро ба таври комил фаро гирифт. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба фаъолияти сиёсӣ, давлатдорӣ ва созандагии Пешвои миллат китобҳои зиёде ба нашр расида, мақолаҳои илмӣ, таҳлилӣ ва публисистӣ таълиф гардидаанд. Бо вуҷуди ин, ин осор низ танҳо бахше аз роҳи тайшуда ва хизматҳои анҷомдодашударо инъикос менамоянд. Дар ҳақиқат, хизматҳои чунин шахсияти таърихиро на танҳо бо сухан, балки бо натиҷаи амалҳо ва осори ба ҷой гузоштаи ӯ бояд арзёбӣ кард. Аз ин рӯ, метавон гуфт: «Ҳар қадар аз хизматҳои Пешвои миллат бигӯем ҳам, боз кам аст, зеро айён аст - ҳоҷат ба баён нест».
АДАБИЁТ
- Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён.- Душанбе: Ирфон, 2002.
- Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор.- Душанбе: Эр-граф, 2016.
- Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои истиқлол.- Душанбе: Ганҷ-нашриёт, 2018.
- Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат.Ҷилдҳои 1–21. - Душанбе.
- Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ ва паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе.
- Раҳимӣ Ф. Абармарди таърихсоз. Ҷилди якум. Душанбе: Эр-Граф, 2025. - 814 с.
- Раҳимӣ Ф. Абармарди таърихсоз. Ҷилди дуюм. - Душанбе: Эр-Граф, 2025. - 1030 с.
- Ҷумҳурият. «Абармарди таърихсоз». Китоби дуюми академик Фарҳод Раҳимӣ рӯи чоп омад [Захираи электронӣ]. - 16.10.2025.
Икромҷон ГАДОЕВ,
собиқ донишҷӯ ва магистранти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷкистон
Тоҷ
Рус
Eng