САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
«Истиқлолият барои мо имконияти таърихиро фароҳам овард, ки Ватани худро бо дастони худ ва бо заҳмати содиқонаи худ обод кунем»[2].
Таҳлили “Модели рушди Эмомалӣ Раҳмон” нишон медиҳад, ки гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба бозорӣ бо тадриҷ сурат гирифта бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ ва моликияти хусусӣ фароҳам оварда шуданд.
Дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон «Модели рушди Эмомалӣ Раҳмон» ҳамчун як мактаби нодири идоракунии иқтисодӣ эътироф мешавад. Ин модел дар шароити ниҳоят ҳассос, вақте ки кишвар аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ба низоми дигар мегузашт, тарҳрезӣ гардид. Ҷавҳари ин моделро «Рушди босубот дар заминаи адолати иҷтимоӣ» ташкил медиҳад [10].
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон бо халои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд. Ибтикори таърихии Роҳбари давлат дар он таҷассум ёфт, ки бидуни «шоки иқтисодӣ», вале бо қатъият, гузариш ба иқтисоди бозориро оғоз намуд.
Бо роҳбарии Пешвои миллат Конститутсияи кишвар қабул шуд, ки дар он бори аввал гуногуншаклии моликият ва озодии фаъолияти иқтисодӣ кафолат дода шуд [5]. Барои фароҳам овардани заминаи моликияти хусусӣ, қонунҳои муосир дар бораи соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва ислоҳоти замин қабул гардиданд. Роҳбари давлат соҳибкориро «муҳаррики иқтисодиёт» эълон карда, барои онҳо имтиёзҳои бесобиқаи андозиву гумрукӣ ҷорӣ намуд. Ин иқдом имкон дод, ки бахши хусусӣ имрӯз беш аз 70% ММД-и кишварро таъмин намояд [9]. Раванди одилонаи хусусигардонии амволи давлатӣ боиси пайдоиши синфи моликони ватанӣ ва рақобати солим дар бозор гашт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки хусусияти асосии модели иҷтимоию иқтисодии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пеш аз ҳама, таъмин намудани некуаҳволии мардум ба ҳисоб меравад.
Бархӯрди Эмомалӣ Раҳмон ба иқтисод танҳо ҷамъоварии рақамҳо набуда, балки он низомест, ки дар марказаш “инсон” меистад. Бар хилофи моделҳои классикии капиталистӣ, модели Пешвои миллат «иҷтимоӣ» мебошад.
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати тақдирсоз “Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ” таҳия гардид. Ҳуҷҷати мазкур нишон дод, ки ҳадафи ниҳоии ҳама гуна ислоҳот бояд беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум бошад. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 81 фоизи соли 1999 то ба 21 фоиз дар соли 2024 коҳиш ёфт [12].
Моҳияти модели мазкур аз он иборат аст, ки он ба соҳаи иҷтимоӣ афзалият дода шудааст, ки ҳатто дар вазнинтарин солҳои буҳронӣ, буҷети давлатӣ хусусияти иҷтимоии худро гум накард. Дар 35 соли давраи истиқлолият ҳамасола зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷет ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона мешавад.
Пешвои миллат бо шиори «Тандурустии миллат - боигарии давлат» ва таъкид ба соҳаи илму маориф нишон доданд, ки иқтисоди муосирро танҳо бо кадрҳои соҳибилм ва солим сохтан мумкин аст.
Яъне, модели иқтисодии Эмомалӣ Раҳмон исбот кард, ки Тоҷикистон роҳи хоси худро пайдо намуд. Роҳе, ки дар он озодии бозор бо масъулияти иҷтимоии давлат ба ҳам омехта шуда, заминаи мустаҳкамеро барои 35 соли шукуфоӣ гузошт.
Ҷавҳари амалии фаъолияти иқтисодии Пешвои миллат нишон медиҳад, ки чӣ тавр модел ва назария ба натиҷаҳои воқеӣ табдил ёфтанд.
Агар модели рушди иқтисодиро “нақшаи бино” ном барем, пас ҳадафҳои стратегӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муайян шудаанд, сутунҳои асосии ин кохи муҳташами давлатдорӣ мебошанд. Дар тули 35 сол, ин ҳадафҳо марҳила ба марҳила иқтисоди Тоҷикистонро аз як ҳолати осебпазир ба як низоми худгардон ва рушдёбанда табдил доданд.
- Истиқлолияти энергетикӣ - нури умед ва ирода
Барои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон энергетика на танҳо соҳаи саноат, балки кафили озодии миллат буд. Ин аст, ки танҳо бо ибтикори дурбинонаи Пешвои миллат НБО «Роғун» дар ин давраи эҳё ва сохтмону азнавсозии он шуруъ гардида ва ҳоло дар солҳои наздик дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Бо вуҷуди фишорҳои сиёсӣ ва мушкилоти молиявӣ, Пешвои миллат ҷасорати бесобиқа нишон дода, сохтмони ин иншооти тақдирсозро ба охир расонида истодаанд. Ин қадам Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешсафи “Энергияи сабз” дар ҷаҳон табдил медиҳад. Бунёди хатҳои интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» ва зеристгоҳҳои азим боиси он гашт, ки Тоҷикистон аз вобастагии энергетикии ҳамсоякишварҳо пурра раҳо шавад. Саҳми нодиртарини Пешвои миллат дар татбиқи истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ дар он зоҳир мегардад, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 шахсан паси фармони булдозер нишаста, маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва сохтмони сарбандро оғоз намуданд. Ин иқдом ба ҷаҳониён нишон дод, ки Тоҷикистон бо такя ба неруи худ қодир аст иншооти азимро бунёд кунад. НБО “Роғун” имкон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо эҳтиёҷоти дохилиро пурра таъмин мекунад, балки ба кишвари бузургтарини содиркунандаи барқи арзону тоза («энергияи сабз») дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад.
- Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ - пайванди дилҳо ва минтақаҳо
Пеш аз ташаббусҳои Роҳбари давлат, Тоҷикистон дар фасли сармо ба ҷазираҳои аз ҳам ҷудо шабоҳат дошт. Дар даврони 35 соли истиқлолияти мамлакат шоҳроҳҳои байналмилалӣ бунёд гардиданд. Сохтмони беш аз 3000 км роҳ ва нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Шаршар» ва «Хатлон» Тоҷикистонро ба як қаламрави воҳид ва сипас ба як кишвари муҳими транзитии минтақавӣ табдил дод [10]. Роҳҳои мошингарди Душанбе-Кулма ва Душанбе-Чаноқ дарвозаҳои Тоҷикистонро ба бозорҳои ҷаҳонӣ (Чин, Афғонистон, Покистон) боз намуданд. То соли 2000-ум Тоҷикистон дар фасли зимистон ба се қисми ҷудогона тақсим мешуд. Нақши Пешвои миллат дар пайвастани ин қисмҳо таърихӣ аст.
Бунёди нақби «Истиқлол» бо дарозии беш аз 5 км роҳи Душанбе-Хуҷандро 60 км кӯтоҳ ва ҳаракатро дар тамоми фасли сол имконпазир гардонид. Нақби «Шаҳристон» бошад, бо дарозии 5.2 км буда, яке аз нақбҳои дарозтарини минтақа ба шумор меравад, ки самараи 35 соли истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» нахустин роҳи муосир, ки шимолу ҷануби кишварро пайваст.
Аҳамияти иқтисодии бунёди нақбҳо ва шоҳроҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ба мо имкон дод, ки хароҷоти боркашониро 30-40% кам карда, гардиши молу колоро миёни минтақаҳо ва кишварҳои ҳамсоя (Чин, Афғонистон, Узбекистон) даҳҳо баробар афзоиш диҳад.
Агар НБО “Роғун” “амнияти энергетикӣ” ва нақбҳои сохтаи Пешвои миллат “ваҳдати коммуникатсионӣ”-ро таъмин карда бошанд, пас ҷамъи ин заҳматҳо заминаи боэътимоди “Истиқлолияти иқтисодӣ”-и Тоҷикистонро дар 35 соли охир гузоштанд.
- Ҳифзи амнияти озуқаворӣ - дастархони пурфайзи ватанӣ
Ин ҳадаф мустақиман бо дастархони ҳар як оилаи тоҷик вобаста буд. Бо мақсади амалинамоии ҳадафи стратегии мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро аз ислоҳоти замин шуруъ намуда буданд. Фармонҳои таърихии Пешвои миллат дар бораи ҷудо кардани 75 ҳазор гектар замин барои мардум («Заминҳои Президентӣ») дар солҳои вазнин миллатро аз гуруснагӣ наҷот доданд. Имрӯз бо шарофати дастгириҳои давлатӣ, Тоҷикистон на танҳо худро бо маҳсулоти асосӣ таъмин мекунад, балки содироти меваву сабзавоти экологиро ба хориҷ даҳҳо баробар афзоиш додааст.
- Саноаткунонии босуръат - ҳадафи чорум ва ояндаи дурахшон
Соли 2018 Пешвои миллат бо дурбинии хос ҳадафи чорум - саноаткунонии босуръатро эълон карданд, ки ин марҳилаи нави рушд дар доираи стратегияҳои дарозмуддати кишвар мебошад [6]. Сиёсати имрӯза ба он нигаронида шудааст, ки пахта, маъдан ва дигар боигариҳои мо дар дохили кишвар коркард гардида аз ашёи хом то ба маҳсулоти ниҳоӣ омада мерасад. Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва воридоти технологияҳои нав имкон дод, ки дар кишвар истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир (аз семент ва маъдан то бофандагиву хӯрокворӣ) ба роҳ монда шавад.
Агар истиқлолияти энергетикӣ ва роҳҳо “сутунмуҳраи” иқтисоди мо бошанд, пас саноаткунонии босуръат “муҳаррики” асосии он аст, ки бо ҷасорат ва ибтикори Пешвои миллат Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои пешрафтаи истеҳсолӣ ворид месозад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи тамоюлҳои ҷаҳонӣ, саноаткунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд. Ин иқдом маънои гузариши кишварро аз модели “аграрӣ-индустриалӣ” ба модели “индустриалӣ-аграрӣ” дорад.
Дар 35 соли истиқлолият нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи саноат назаррас мебошад. Эълони “Солҳои рушди саноат” (2022-2026) барои ҷалби сармояи мустақим ва таъсиси корхонаҳои нав заминаи ҳуқуқӣ ва имтиёзҳои зиёди андозӣ фароҳам овард. Дар ин ҷабҳа мо ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ ва ба коркари ниҳоӣ онро табдил медиҳем. Сиёсати Пешвои миллат ба он нигаронида шудааст, ки мо на ашёи хом (пахта, пилла, маъдан), балки маҳсулоти ниҳоӣ содир кунем. Масалан, ба ҷои фурӯши пахта, бунёди корхонаҳои азими нассоҷиро ба роҳ монем.
Бо дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Панҷ, Данғара, Суғд, Кӯлоб ва Ишкошим минтақаҳое таъсис ёфтанд, ки имрӯз садҳо навъи маҳсулоти ивазкунандаи воридотро истеҳсол мекунанд. Инчунин, Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки саноати Тоҷикистон бояд дар асоси неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза (барқи обӣ) рушд кунад, ки ин рақобатпазирии моро дар ҷаҳон зиёд мекунад. Ин ба он оварда мерасонад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад. Танҳо дар чанд соли охир бо ифтитоҳи корхонаҳои бузург аз ҷониби Роҳбари давлат ҳазорон нафар ҷавонони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гаштанд.
Татбиқи ҳадафҳои мазкур нишон медиҳад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як стратег тавонист занҷираи иқтисодиро ба ҳам пайваст кунад. Энергия барои корхонаҳо, роҳ барои интиқоли маҳсулот, кишоварзӣ барои серию пурӣ ва саноат барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва содирот.
Дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, дар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таҷассум меёбанд. Агар мо вазъияти соли 1991-ро бо имрӯз муқоиса кунем, ҷаҳиши азими иқтисодиро мушоҳида менамоем [4].
ММД-и кишвар ҳамчун нишондиҳандаи асосии иқтидори иқтисодӣ, дар замони Истиқлолият рушди бесобиқа дошт. Дар даҳсолаи охир суръати рушди солонаи иқтисоди Тоҷикистон ба таври миёна 7-8 фоизро ташкил дод, ки ин дар сатҳи ҷаҳонӣ яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба шумор меравад. Аз 1.2 миллиард сомонӣ дар солҳои аввали Истиқлолият ба зиёда аз 140 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расидааст.
Бузургтарин дастоварди инсонпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва некуаҳволии иҷтимоӣ буд. Дар ин давра, миллат аз қаҳтӣ ва фақр раҳо ёфтанд. Бо татбиқи барномаҳои давлатии дастгирии иҷтимоӣ, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт. Хушбахтона, сатҳи камбиозоатӣ соли 1999 81% ва дар соли 2024 21%-ро ташкил додааст. Ин маънои онро дорад, ки миллионҳо нафар сокинони кишвар аз зери хатти фақр баромада, соҳиби зиндагии шоиста гаштанд.
Таъсиси низоми бонкии муосир ва ҷорӣ кардани пули миллӣ - сомонӣ (соли 2000) бо ибтикори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки буҷети давлатӣ мустақил гардад[9].
Хароҷоти буҷет барои соҳаи маориф ва тандурустӣ нисбат ба солҳои аввали Истиқлолият садҳо баробар афзоиш ёфтааст. Танҳо дар соли 2024 барои соҳаҳои иҷтимоӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Дар 35 сол Тоҷикистон аз як кишвари воридкунанда ба кишвари истеҳсолкунанда табдил ёфт. Шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 400 адад ба беш аз 3500 адад расид [13]. Бунёди зиёда аз 280 неругоҳи хурду азим, ки бузургтарини онҳо “Роғун” ва “Сангтӯда-1, 2” мебошанд, Тоҷикистонро ба сафи 6 кишвари аввали ҷаҳон аз рӯи истифодаи “Энергияи сабз” ворид намуд.
Дастовардҳои зикргардида натиҷаи соатҳои тулонии заҳмат, сафарҳои корӣ ва иродаи сиёсии Президенти кишвар мебошанд. Маҳз сиёсати “Дарҳои боз”, ки аз ҷониби Пешвои миллат асос гузошта шуд, имкон дод, ки беш аз 15 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мо ворид гардад ва садҳо лоиҳаи ҳаётан муҳим амалӣ шаванд” [3].
Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, истифодаи рақамҳои муқоисавӣ хеле муҳим аст. Дар илми иқтисод инро усули «Ретроспектива» (нигоҳ ба гузашта) меноманд, ки фарқияти ҳолати ибтидоии Истиқлолиятро бо дастовардҳои имрӯзаи Пешвои миллат нишон медиҳад.
Дар даҳсолаи охир, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди миёнаи солонаи иқтисоди Тоҷикистон 7-8%-ро ташкил дод, ки ин дар минтақа ва ҷаҳон яке аз нишондиҳандаҳои баландтарин ба шумор меравад. Заҳматҳои 35-солаи Пешвои миллат дар симои афзоиши 100-баробарии ММД ва коҳиши 4-баробарии сатҳи камбизоатӣ таҷассум меёбанд. Ин танҳо омор нест, балки натиҷаи ислоҳоти амиқ ва иродаи оҳанинест, ки кишварро аз фақр ба сӯи индустриализатсия оварда расонид.
Модели рушди иқтисодии Тоҷикистон, ки аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудааст, исбот кард, ки ҳатто кишвари дорои манобеи маҳдуди нафтӣ метавонад тавассути “иқтисоди сабз” (об) ва рушди неруи инсонӣ ба муваффақиятҳои ҷаҳонӣ даст ёбад.
Хулоса, таҳлили масири 35-солаи рушди иқтисодии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд тақдирсоз ва бунёдӣ мебошад.
Модели рушди иқтисодие, ки аз ҷониби Роҳбари давлат тарҳрезӣ ва амалӣ карда шуд, дар шароити ниҳоят вазнини таърихӣ тавонист кишварро ба марҳилаи устувори созандагӣ ворид намояд. Татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои стратегӣ - аз бунёди неругоҳҳои азим то пайвастани роҳҳои кишвар ба шабакаҳои байналмилалӣ ва саноаткунонии босуръат на танҳо нишондиҳандаҳои омориро беҳтар кард, балки боиси эҳёи рӯҳияи милливу худшиносии мардум гардид.
Имрӯз Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун кишвари дорои иқтисодиёти босуръат рушдёбанда эътироф мешавад. Ин ҳама дастовардҳо натиҷаи бевоситаи сиёсати хирадмандона, иродаи қавӣ ва муҳаббати бепоёни Пешвои муаззами миллат нисбат ба Ватан ва мардуми шарифи Тоҷикистон аст. Роҳи тайкардаи мо собит месозад, ки таҳти роҳбарии ин шахсияти таърихӣ, кишвари мо дар оянда ба қуллаҳои боз ҳам баланди шукуфоӣ даст хоҳад ёфт. Пешвои миллат на танҳо иқтисодиёти харобшударо барқарор карданд, балки таҳкурсии мустаҳкамеро барои наслҳои оянда гузоштанд. Имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи фардои дурахшон равона аст ва ҳар як сокини кишвар натиҷаҳои заҳматҳои содиқонаи Роҳбари давлати худро дар рӯзгори хеш эҳсос менамояд.
АДАБИЁТ
- Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. - Лондон: Fitzgerald Publishing, 1999. - 240 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилдҳои 1-15. - Душанбе: Ирфон, 2002-2024.
- Эмомалӣ Раҳмон. Сиёсати «Дарҳои боз». - Душанбе: Ирфон, 2015. - 256 с.
- Эмомалӣ Раҳмон. Бист соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе: Шарқи озод, 2011.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе: Ганҷ, 2016. - 136 с.
- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. - Душанбе, 2016. - 120 с.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ. - Душанбе, 28 декабри соли 2023.
- Барномаи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026. - Душанбе, 2021.
- Раҳимзода, Ш. Иқтисодиёти Тоҷикистон дар масири Истиқлолият. - Душанбе: Эҷод, 2021. - 320 с.
- Давлатов, Ҷ. Модели рушди иқтисодии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат. - Душанбе: Дониш, 2019. - 180 с.
- Солномаи омории Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Душанбе: Агентии омор, 2024. - 450 с.
- Вебсайти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. - Реҷаи воридшавӣ: www.president.tj (санаи муроҷиат: 20.04.2026).
- Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон [Манбаи электронӣ]. - Реҷаи воридшавӣ: www.stat.tj (санаи муроҷиат: 21.04.2026).
Давлатзода Дилмурод Ашурбек,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди молиявӣ ва фаъолияти биржавии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng