ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШОҲАНГ ВА ТАШАББУСКОРИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ
Воқеан ҳам, ҳифзи пиряхҳо яке аз омилҳои асосии рушди устувори иқтисодиёти ҳар як субъекти хоҷагии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар сурати ҳифз нагардидани пиряхҳо хоҷагии ҷаҳонӣ ба оқибатҳои фоҷиабори он рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Тавре мо аз воситаҳои ахбори омма огоҳем, рӯзҳои 22-24-уми марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба шарҳи фарогири миёнамўҳлати ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 доир гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин чорабинии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳидро роҳбарӣ намуданд, ки ин яке аз саҳифаҳои навин дар таърихи давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.
Сиёсати давлати Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиву иқтисодии минтақа нигаронида шудааст. Мавзуи обу иқлим чун масъалаи муҳим дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди муҳокимаҳои гуногун қарор гирифтааст. Имрӯз инсоният ба як мушкилоти ҷиддӣ - норасоии об ё нобаробар тақсим шудани ин неъмати табиӣ гирифтор шудааст. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо саъю талошҳои Пешвои миллат 14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир баландшавии ҳарорати ҳаво ба назар мерасад. Аз ҳама пиряхҳои устувор дар ҷумҳурии мо боқӣ мондаанд. Мутаассифона, солҳои охир аз сабаби зиёдшавии чангу ғубор обшавии пиряхҳо ба мушоҳида мерасад. Таъсири тағйирёбии иқлим ба бехатарии захираҳои обӣ таъсири манфии худро ба вазъи ҷаҳони имрӯза расонида истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ иброз намудаанд, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад ва 95 фоизи барқ дар неругоҳҳои обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли энергияи сабз кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Аз рӯйи кам будани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.
Бинобар сабаби тағйирёбии иқлим, ҳодисаҳои гуногуни табиӣ рух дода, боиси хисороти ҷонӣ, молӣ ва иқтисодӣ мегарданд. Имрӯз баландшавии ҳарорати ҳаво, тӯфону обхезиҳо ва дигар ҳодисаҳои табиат дар тамоми сайёра ба мушоҳида расида, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба ин, ташкили самараноки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани маърифати экологии одамон зарур аст. Ҷараёнҳои табиӣ ва ҳодисаҳои вобаста ба он ки дар табиат рух медиҳанд, ҳудудҳои васеъро фарогир буда, ба ҳаёти одамон, иқтисодиёт, соҳаҳои кишоварзӣ ва умуман муҳити атроф таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Имрӯз тағйирёбии иқлим дар сатҳи глобалӣ эҳсос мешавад. Ҳарорати баланди ҳаво боиси зуд об шудани захираҳои ях шуда, ба селу ярчфароӣ ва обхезиҳо оварда мерасонад. Мушкилоти норасоии оби тоза дар олам ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст, ки мувофиқи иттилои сомонаи расмии Созмони Милали Муттаҳид «Соли 2030 700 миллион одамон аз норасоии оби ошомиданӣ гуреза мешаванд». Ин омил, пеш аз ҳама ба он даъват мекунад, ки ин захираи табиӣ сарфакорона истифода бурда шавад.
Тибқи иттилои сарчашмаҳо, дар марҳилаи имрӯза қариб тамоми минтақаҳои дунё, ҳатто давлатҳои пешрафтаи Аврупо аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Вале вазъият дар қораи Африқо, бахусус дар қисмати ҷануби Сахара нигаронкунанда мебошад. Мутахассисони соҳа ба он назаранд, ки тағйирёбии иқлим, хушксолӣ, афзоиши босуръати аҳолӣ ва коҳиши захираҳои обӣ Сахараро яке аз минтақаҳои осебпазиртарини дунё намудааст. Дар ин минтақа тақрибан 340 млн нафар ба оби ошомидании босифат дастрасӣ надоранд. Дар баробари ин имрӯз зиёда аз 663 миллион нафар одамон дар назди ҷойи истиқомати худ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Барои он ки ба об дастрасӣ пайдо кунанд, онҳо маҷбуранд вақти зиёд сарф намуда, ба навбат истанд ва ё масофаи дуру дарозро пиёда тай намоянд.
Имрӯз зиёда аз 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мавҷуд мебошанд. Аз ин хотир, ҷониби Тоҷикистон ҳамеша ба давлатҳои минтақа дар ин ҷода изҳори ҳамкорӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муайян гардида, бунёди Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Албатта, боиси ифтихор аст, ки дар асоси қатънома «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва пешниҳоди ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли 2018 истифодаи оқилонаи танҳо захираи нодири кӯли баландкӯҳи Сарез, ки 17 миллиард метри мукаабро дар бар мегирад, имкони таъмини дарозмуддату устувори аҳолии минтақаи моро бо оби тозаи ошомиданї медиҳад ва рушди устувори иқтисодиёти мамлакат коҳиш меёбад. Ва бояд ин нуқтаро қайд намуд, ки як давлат дар ҷаҳони муосир имиҷи сиёсии мусбат ва баландро соҳиб гардад ва нуфузи худро дар сиёсати байналмилалӣ ҳифз намояд, бояд пеш аз ҳама сарвари оқил ва хирадсолору сиёсатмадори огоҳ дошта бошад.
Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин давлатњоест, ки сарвари сиёсии хирадманд ва соҳибандешаву соҳибилм дорад. Имрӯз дар арсаи байналмилалӣ касб намудани обрӯву нуфузи баланд ва ташаббускор будани Тоҷикистон далели андешаи боло аст. Ин нуќта, ки Тоҷикистон дар тули 35 соли соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳон ба кишвари соҳибэътибору воломақом ва ташаббускор эътироф шудааст, амри собит шудааст. Албатта, ин раванд маҳсули фаъолияти самаранок ва созандаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, абармарди таърихсоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки рушди устувори Тоҷикистонро таъмин намуда, имиҷи сиёсии кишварро дар ҷаҳон баланд бардоштаанд.
М. ХУҶАЕВ,
омўзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng