ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ - КАФИЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Паёми Президенти мамлакат яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсиву иҷтимоии кишвар ба шумор меравад, ки самтҳои асосии рушди давлат ва ҷомеаро муайян мекунад. Дар ин Паём масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи махсус ба ҳифзи сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ равона мешавад. Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон арзиши бузург дошта, он пояи асосии пешрафти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад.
Президент дар Паёми худ ҳамеша мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таҳкими дӯстиву бародарӣ даъват мекунад.
Ин гуна раҳнамоӣ ба муттаҳид гардидани қишрҳои ҷомеа мусоидат намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро дар дили шаҳрвандон тақвият мебахшад. Махсусан, ҷавонон ҳамчун неруи созанда ба нигоҳдории ваҳдати миллӣ ва идомаи роҳи сулҳу субот ҳидоят карда мешаванд.
Бо ҳамин, метавон гуфт, ки Паёми Президент на танҳо як суханронӣ, балки кафили ваҳдати миллӣ ва ояндаи устувори кишвар мебошад.
Амалишавии ҳадафҳои дар он зикршуда бо таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум мусоидат мекунад. Ваҳдати миллӣ бо роҳнамоии Паёми Президент ҳамеша ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз ва таҳким меёбад.
Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муқаддас ва пояҳои устувори давлатдории муосири тоҷикон маҳсуб меёбад. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки танҳо дар шароити сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ миллат метавонад ба рушду тараққӣ ноил гардад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои аввали истиқлолиятро бо озмоишҳои сангини сиёсиву иҷтимоӣ пушти сар намуд, барқарорсозии сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ аҳаммияти сарнавиштсоз дошт.
Маҳз дар ҳамин давра зарурати пайдоиши роҳбаре ба миён омад, ки тавонад бо иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва масъулияти таърихӣ миллатро муттаҳид созад. Ин рисолати бузургро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда гирифта, бо ташаббус ва талошҳои пайгирона раванди сулҳофариро роҳандозӣ намуданд.
Ваҳдати миллӣ имрӯз на танҳо арзиши сиёсӣ, балки омили муҳими рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Он барои таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва боло бурдани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон замина фароҳам овардааст.
Таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ пояи асосии давлатдории муосир мебошанд.
Имрӯз ҳифз ва таҳкими ваҳдат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Танҳо бо пос доштани арзишҳои сулҳ, таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонем рушди устувор ва ояндаи дурахшони Ватанро таъмин намоем.
Ёрзода Қиёмиддин Тоҳир,
ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng