ОБ МАНБАИ ҲАЁТ ВА ЗАМИНАИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОР
Об яке аз неъматҳои муҳимтарин ва пурарзиштарини табиат ба ҳисоб рафта, ҳаёти организмҳои зинда, рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо ва устувории экосистема аз он вобаста мебошад. Об манбаи ҳаёт аст ва бе он мавҷудияти организмҳои зинда дар рӯи замин имконнопазир мегардад. Дар баробари нақши он дар устувори экосистемаи табиат, инчунин заминаи асосии рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, муҳофизат ва истифодаи оқилонаи он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фард мебошад.
Яке аз хусусиятҳои хос ва бебаҳои об дар он аст, ки барои зиндагии инсон ва тамоми мавҷудоти зинда асос мебошад. Равандҳо дар бадани инсон, аз ҷумла гардиши хун, ҳозима ва фаъолияти ҳуҷайраҳо, бевосита бо об алоқаманд мебошанд. Ғайр аз ин, об дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, ба монанди кишоварзӣ, саноат ва истеҳсоли қувваи барқ васеъ истифода мегардад. Дар ҳолати мавҷуд набудани меъёри кофии захираҳои обӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои ғизоӣ, қувваи барқ ва маҳсулоти саноатӣ бозмонда, дар натиҷа метавонад ба нобаробарии иҷтимоию иқтисодӣ ва буҳронҳои гуногун оварда расонад. Бинобар ин, нигоҳубин ва ҳифзи захираҳои обии кишвар яке аз вазифаҳои муҳими стратегӣ ва афзалиятноки давлат ва ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар шароити имрӯза, захираҳои обӣ зери хавфу хатарҳои гуногун қарор доранд, аз ҷумла, афзоиши аҳолӣ, ифлосшавӣ ва тағйирёбии иқлим, ки боиси кам шудани оби тозаи ошомиданӣ ва дастрасӣ ба он мегардад. Ба ғайр аз ин истифодаи нодурусти об дар соҳаи кишоварзӣ, партовҳои гуногуни саноатӣ ва канализатсия ба руду дарёҳо метавонад онро ифлос намояд ва ба ҳаёти инсону экосистемаҳои табиӣ хатари ҷиддӣ расонад. Дар чунин шароити зикргардида, идоракунии оқилонаю самараноки захираҳои обӣ ва татбиқи стратегияҳои ҳифзи он захираҳо, муҳимтарин васила барои таъмини рушди устувор ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд кард, ки рушди устувор маънои онро дорад, ки ниёзҳои имрӯзаро қонеъ карда, ба насли оянда дар қонеъ кардани ниёзҳояшон мушкилот ба миён наорем. Бинобар ин, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, такмили технологияҳои тозанамоии об ва кам кардани партовҳои гуногун ба захираҳои обӣ метавонад ба устувории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мусоидат намояд. Ҳамзамон, об ҳамчун сарчашмаи энергия, манбаи асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар шудани саломатии аҳолӣ ва дар маҷмуъ ба рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа алоқамандии зич дорад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки об дар рӯи замин тақрибан 71%-ро ташкил медиҳад, вале беш аз 97%-и он баҳрҳою уқёнусҳо буда, ғайри қобили истифодаи инсон мебошад. Аз он танҳо 2,5% оби ширин буда, қисми зиёди он захираи барфу пиряхҳоро ташкил мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди обӣ мебошад, ба мисоли дарёҳо ва кӯлҳо, ки онҳо аз барфу пиряхҳо сарчашма мегиранд. Фосилаи умумии 947 дарё, ки масофаи дурии бештар аз 10 километр доранд, аз 28500 километр зиёд буда, ҷараёни солонаи онҳо тақрибан 60 километри мукаабро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз кӯлҳо низ бой аст. Шумораи онҳо тақрибан 1300 адад буда, масоҳати умумиашон 705 километри мураббаъ ва ҳаҷми об тақриан 40 километри мукаабро ташкил медиҳад. Шумораи пиряхҳои кишвар бошад тақрибан ба 13000 адад мерасад, ки масоҳати онҳо бештар аз 8476 километри мураббаъ ва ҳаҷми об 550 километри мукаабро ташкил медиҳад.
Дар натиҷа, об манбаи ҳаёт ва заминаи асосии рушди устувори ҷомеа буда, ҷалби ҷомеа ба ҳифзу истифодаи оқилонаи он, аз муҳимтарин қадамҳо барои таъмини амнияти экологӣ, рушди устувор ва беҳбуди зиндагии наслҳои оянда фаҳмида мешавад. Танҳо тавассути тадбирҳои муассир ва ҳамкории байнидавлатӣ метавон захираҳои обиро ҳифз кард ва ба рушди устувори ҷомеа ноил гашт.
Вобоста ба таъмини бехатарӣ ва самаранокии истифодаи захираҳои обӣ чунин пешниҳодҳо муҳим арзёбӣ карда мешаванд:
- тарбияи дурусти наслҳои наврас, ҷавонон ва ҷалби ҳар як фарди ҷомеа ба ҳифзи захираҳои обӣ;
- ташкилу ба роҳ мондани дастгоҳу системаҳои барқароркунандаи захираҳои обӣ;
- амалӣ намудани назорати мунтазам дар минтақаҳо, барои коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ аз ҳисоби партовҳои гуногун.
Э. МАҲМАДОВ,
ассистенти кафедраи молияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng