Об яке аз неъматҳои бебаҳои табиат буда, дар ҳаёти инсон ва рушди ҷомеа нақши ҳалкунанда дорад. Аз замонҳои қадим инсоният дар назди манбаъҳои обӣ маскан гирифта, фаъолияти иқтисодии худро ба он вобаста намудааст. Имрӯз дар шароити рушди босуръати иқтисодӣ ва афзоиши аҳолӣ аҳамияти об боз ҳам бештар гардидааст.

Дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон об на танҳо ҳамчун воситаи қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти рӯзмарра, балки ҳамчун захираи муҳими стратегӣ барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ истифода мешавад. Истифодаи оқилона ва устувори он метавонад ба пешрафти кишоварзӣ, энергетика, саноат ва дигар бахшҳо мусоидат намояд. Аз ин рӯ, баррасии об ҳамчун манбаи устувор барои рушди иқтисодии кишвар мавзуи бисёр муҳим ва саривақтӣ буда, омӯзиши дурусти он метавонад ба таҳияи сиёсати самараноки идоракунии захираҳои обӣ замина гузорад.

Об яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини табиӣ ба шумор меравад, ки барои рушди устувори иқтисодии ҳар як кишвар нақши асосӣ мебозад, махсусан барои кишварҳое, ки дорои захираҳои фаровони обӣ мебошанд, истифодаи самараноки он метавонад заминаи пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодро фароҳам созад.

Аввалан, об асоси рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад, бе об парвариши зироатҳо ғайриимкон аст. Истифодаи дурусти захираҳои обӣ барои обёрии заминҳо метавонад ҳосилнокиро зиёд намуда, амнияти озуқавории кишварро таъмин намояд. Ин дар навбати худ ба коҳиши камбизоатӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Дуюм об манбаи муҳими истеҳсоли неруи барқ аст. Неругоҳҳои барқи обӣ яке аз роҳҳои тоза ва аз ҷиҳати экологӣ бехатари истеҳсоли энергия мебошанд. Барои кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки дорои дарёҳои зиёд ва иқтидори гидроэнергетикии калон аст, рушди ин соҳа метавонад ба содироти неруи барқ ва зиёд шудани даромади миллӣ оварда расонад.

Сеюм об барои рушди саноат низ аҳамияти калон дорад. Бисёр корхонаҳо барои раванди истеҳсолӣ ба об ниёз доранд. Идоракунии дурусти захираҳои обӣ метавонад фаъолияти устувори саноатро таъмин намояд ва сармоягузоронро ҷалб кунад.

Чорум об дар рушди сайёҳӣ низ саҳм дорад. Кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳо метавонанд маконҳои ҷолиби сайёҳӣ бошанд, ки ба рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунанд. Инчунин, истифодаи оқилонаи об метавонад муҳити зистро ҳифз намояд ва рушди “иқтисоди сабз”-ро таъмин кунад.

Бо вуҷуди ин, истифодаи нодурусти об метавонад ба мушкилоти ҷиддӣ оварда расонад, аз ҷумла камшавии захираҳо, ифлосшавии об ва ихтилофи байнидавлатӣ. Аз ин рӯ, зарур аст, ки сиёсати оқилонаи идоракунии захираҳои обӣ роҳандозӣ гардад, технологияҳои сарфакунандаи об ҷорӣ карда шаванд ва ҳамкориҳои минтақавӣ тақвият ёбанд.

Масъалаҳои асосӣ вобаста ба истифодаи об ҳамчун манбаи устувор барои рушди иқтисодии кишвар бисёрҷанба ва муҳим мебошанд. Яке аз масъалаҳои асосӣ ин идоракунии нодурусти захираҳои обӣ мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо истифодаи беандеша ва беназорат боиси талафоти зиёди об ва паст шудани самаранокии он мегардад.

Масъалаи дуюм камшавии захираҳои обӣ мебошад. Тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва зиёд шудани талабот ба об боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми захираҳои обӣ мегардад. Ин метавонад дар оянда ба норасоии об ва мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ оварда расонад.

Сеюм ифлосшавии об яке аз мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Партовҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва маишӣ ба манбаъҳои об ворид шуда, сифати онро паст мекунанд ва истифодаи онро маҳдуд месозанд. Ин ҳолат на танҳо ба иқтисод, балки ба саломатии аҳолӣ низ таъсири манфӣ мерасонад.

Чорум норасоии инфрасохтори муосир барои нигоҳдорӣ ва тақсимоти об мебошад. Дар бисёр минтақаҳо шабакаҳои обёрӣ ва таъминоти об кӯҳна шудаанд, ки боиси талафоти об ва истифодаи ғайрисамараноки он мегарданд.

Панҷум масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ низ аҳамияти калон доранд. Зеро аксар дарёҳо аз ҳудуди якчанд кишвар мегузаранд ва истифодаи онҳо метавонад боиси ихтилофи байнидавлатӣ гардад, агар ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ вуҷуд надошта бошад.

Ҳалли ин масъалаҳо талаб мекунад, ки сиёсати мукаммал ва устувори идоракунии захираҳои обӣ татбиқ карда шавад, технологияҳои нав ҷорӣ гарданд ва сатҳи маърифати аҳолӣ дар самти истифодаи сарфакоронаи об баланд бардошта шавад.

Давлаталӣ ҚУРБОНАЛИЗОДА,

омӯзгори ДДМИТ